Эҳтироми калонсолон: фарзандон бологузару падарон поёнишин шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 997
Ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад.
(Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, аз 9-уми марти соли 2024)
Ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад. Зеро аз мушоҳидаҳо хуб медонем, ки вақтҳои охир одобу ахлоқи бархе аз ҷавонон коста шудаю эҳтироми калонсолон поён рафтааст.
Ба ин чӣ сабаб шуда: бепарвоии волидон, бетаваҷҷуҳии мактаб, бетарафии ҷомеа ва ё ҳар се? Ба андешаи банда ҳам падару модар ва ҳам мактабу ҷомеа дар тарбияи насли ҷавон масъуланд. Волидон фарзандонро эрка кардаю ба ҳоли худ мондаанд, дар мактаб “бача хонад, барои худаш мехонад”, мегӯянд, дар ҷомеа бошад чунин ақида доранд: “бача бачаи ман набошад, бигузор сари волидон дард кунад”. Ана ҳамин гуна гапу калочаҳо дар боби тарбияи наврасону ҷавонон! Пас, аз кӣ гила кунем?
... Дар ин росто беихтиёр давраи бачагӣ ёдам меояд. Солҳои 60-ум буд. Дар оила як чизро бисёр мушоҳида мекардам. Му-носибати падар ба фарзандонро. Ин ҳолат дар ҳама оилаҳои давр ба чашм мерасид.
Падар фарзандонро (аз тифлӣ то бузургӣ) меҳрубонӣ намекард. Тифли навзодро рӯйи даст намегирифт, гаҳвораашро намеҷунбонид, бо кӯдакон дар як дастурхон хӯрок намехӯрд. Онҳоро ҳамроҳи худ ба ягон маърака намебурд. Ёдовар мешавам, ки кӯдакону наврасону ҷавонон умуман бо ягон маъракаи хурсандӣ (хоҳ худӣ бошад, хоҳ бегона) намерафтанд.
Чунин қоида ҷорӣ буд. Падар ҳайбат дошт, фарзандон аз ӯ метарсиданд, баодобу хушсухан буданд. Шабгардию бадахлоқӣ, ҷӯрабозию нописандӣ намекарданд.
Боре аз падар пурсидам,ки чаро кӯдакон ҳамроҳи падар аз як табақ таом намехӯранду бо падар маъракаҳо намераванд? Падари бузургворам риши дарозу пахтасонашро қабза зада, ба нақл оғоз намуд.
-Вақте ки пеши падар хӯрок мегузоранд, агар кӯдак ҳамроҳаш бошад, дили қиблагоҳ дур меравад. Шояд фарзанд аз ӯ пештар ба табақи хӯрок даст мезанад.
Гӯшти болои хӯрокро гирифта, ба даҳон мебарад. Рафтори фарзанди “бадрафтор” боиси малоли хотири падар мегардад. Ӯ меранҷад, ки насибаи ӯро бача хӯрдааст. Фарзанди пурхӯрро чашм мекунад ва кӯдак ба беморӣ мепечад. Аз ҳамин сабаб падар ҷудо аз фарзандон сари дастурхони алоҳида менишинад...
Ин нақли падар таъсирам кард ва эҳтиёт менамудам, ки ин қоидаи нонавиштаро вайрон накунам. Боз фаҳмидам, ки агар падар фарзандро бо худ ҳарҷо барад, кӯдак эркаю бадфеъл тарбия меёбад.
Падар, ҳамчунин таъкид мекард, ки бузургсолонро ҳурмату эҳтиром кунем. Бо ду дасти пеши бар саломашон диҳем. Дар ҳузури онҳо беҳудаю ногаҳонӣ бо садои баланд ханда накунему лаб ба сухан накушоем. Панду насиҳаташонро бигирем. Дар нақлиёти мусофирбар ба онҳо ҷой диҳем, то дар пирӣ ҷавонон ба шумо ҳам ҷой диҳанд. Ҳангоми саворшавӣ ва фурудоӣ кумакашон расонем.
Ин ҳама рафтору гуфтори калонсолон барои фарзандон панду мактаби ҳаёт буд. Ин анъана аз насл ба насл мерос мемонд...
Имрӯзҳо қоидаҳои пешин аз байн раф-таанд. Насли нав онҳоро қабул накард. Бузургсолон аз олам даргузаштанду дари мактаби тарбияи онҳо низ баста гардид. Зиндагӣ маҷрои худро тағйир дод...
Имрӯз агар нафаре маърака орояд, барои даъват кардани ҳамсоя ба ҳар як оила хабарчӣ мефиристад. Дар чунин маъракаҳо бояд асосан калонсолон ра-ванд. Мутаассифона, наврасону ҷавонон пешдастӣ карда, дар ҳавлии маъракадор ҳозир мешаванд. Маъракадор рӯяш намешавад, ки гӯяд, охир ман калонсолони оиларо даъват кардаам. Ин аз одоби пасти ин тоифа ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Чунин ҳодисаро боре бо ду чашми сар дида, ба ҳақиқати ҳол бовар кардам.
Дар ҳамсоякӯча маъракаи тӯй барпо гардид. Меҳмонон пешу қафо ба тӯйхона меомаданд. Тӯйдор дар меҳмонхонааш барои мӯйсафедон ҷой тайёр карда буд. Вале ҷавонон пеш аз онҳо, ҳарчанд тӯйдор онҳоро интизор набуд, омада, меҳмонхонаро банд карданд. Ноилоҷ зуд ба онҳо хӯрок доданд, то меҳмонхона холӣ шавад. Ҷавонон хӯрок хӯрда, ба болиштҳо якпаҳлу зада, фикри хестан ҳам намекарданд. Мағзу чағз, меваю ширинӣ хӯрда, роҳат доштанд. Ҳар гоҳ барандаи давра назди онҳо омода, “боз ягон хизмат ҳаст”, гӯён пурсон мешуд, онҳо чой ва ё хӯрок мефармуданд.
Се-чор мӯйсафед вориди ҳавлии тӯйдор шуданд. Соҳибхона онҳоро ба меҳмонхона даъват кард. Хабар надошт, ки ҷойи мӯйсафедон ҳанӯз холӣ нашудааст. Мӯйсафедон вориди меҳмонхона шуданд. Ҷавонон ба онҳо аҳамият надоданд, аз рӯйи эҳтиром нимхез ҳам нашуданд. Ҷавоне, ки дар боло кақпаҳлу карда менишаст, бе танаффус гап медод, латифа мегуфту ҳамроҳонаш бо садои баланд механдиданд.
Мӯйсафедон дар пойгаҳи дар, ки ҷойи холӣ буд, нишастанд. Наздашон хӯрок оварданд. Онҳо даст ба хӯрок набурданд. Дарк карданд, ки ноқулай ба меҳмонхона даромадан ин ҷойи онҳо нест. Ҳамон ҷавони болонишин ба яке аз мӯйсафедони поёнишин садо кард: “Ата, айба намедонӣ дар байни ҷавонон нишастаӣ, мо гапи худро дорем, рафта бо ҳамсоли худ шинед”.
Мӯйсафед нороҳат шуд, замин накафид, ки дарояд. Базӯр аз ҷой хесту аз дар бе-рун шуд. Ҳамроҳонаш низ аз қафои ӯ рафтанд. Мӯйсафедон ҳамроҳи худро дилбардорӣ карданд, ки ба ин гапҳои писараш хафа нашавад.
-Ман аз худам хафаам. Айби худам, ки ӯро аз кӯдакиаш ба ҳар як тӯю маъ-рака бурдам. Эркаю бадахлоқ шуда монд. Аз ин бачаи ношуд сархамам. Ак-нун ӯ болонишину ман пойгоҳнишинам.
Мӯйсафедон хомӯшона ҷониби дарвоза роҳ пеш гирифтанд. Соҳибхона гумон кард, ки онҳо аллакай зиёфатро хӯрда, аз пайи кор рафта истодаанд, “хуш омадед!” гуён гуселашон кард.
Онҳо ҳатто пиёлаи чойе насиба нана-муда, аз тӯйхона баромада рафтанд...
Чанд рӯз пеш дар дохили автобуси мусофирбар шоҳиди воқеае шудам. Дохили автобус пуропури мусофир. Онҳо зану мардҳои калонсоланд. Вале ҷойи холис набуд, ки нишинанд. Дар аксарияти курсиҳо наврасон нишастаанд.
Онҳо бо телефонбозӣ банд шуда, гӯё калонсолони дар болои сарашон ростистодаро намедиданд. Дар баъзе курсиҳои дигар бошад, занони ҷавон бо кӯдакони 5-6 солаи худ нишастаанд. Марди 50-солае ба яке аз ин занҳо муроҷиат карда гуфт, ки кӯдакашро хезонда, ба мӯйсафеде ҷой диҳад. Зан тарафи мард чашм ало карда, бо зарда гуфт:
-Барои ин ҷой пул додаам, ки писарам нишинад.
-Ҳеҷ гап не, ба мӯйсафед ҷой диҳед, дар сари пирӣ ҷавонон ба ӯ ҳам ҷой медиҳанд, - афзуд мард.
-Бобо дар ҷавониаш ба калонсолон ҷой медод, пас имрӯз ҷавонон низ ба ӯ ҷой медоданд, - гуён зан хандаи дилхарош кард...
P.S. Хонандаи гиромӣ! Як-ду нафа-ри бадахлоқу тарбиятнадида ҷомеаро ба пастӣ мебарад. Онҳо зардпечак ҳастанд, ки киштзорҳоро ба нестӣ мебаранд. Аз ин рӯ, онҳоро решакан карда, заминро пок нигоҳ доштан лозим аст. Ин зотҳо ҳарчанд ангуштшуморанд, дар пирӣ роҳат намебинанд, зеро уболи пирони солор онҳоро мегирад.
Тавре мегӯянд: “Ҳар чи киштӣ, онро медаравӣ”. Имрӯз, ки пиронро эҳтиром накунӣ, фардо ту ҳам ба пирӣ расида, аз ҷониби ҷавонон эҳтиром намебинӣ...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00