Рамзи сарҷамъӣ ва ягонагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 181
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пуле аз гузаштаи дуру пешрафти имрӯзаи кишвар аст:
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Ваҳдат ин якдилӣ ва ягонагӣ буда, яке аз омилҳои осоиш, пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин омил орзую омоли кулли халқҳои олам аст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон барои рушди кишвар шароит фароҳам овард. Истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург дар таърихи Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланд мерасонад.
Ваҳдати миллӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати ояндаи халқи хеш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ побарҷо бошад.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон - ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, зеро ин неруест, ки Тоҷикистон бештар ободу зеботар хоҳад шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул барин мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Бинобар ин, моро лозим аст, ки чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон ифтихор кунем. Бигзор сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва истиқлоли миллати озоду сарбаланди тоҷик ҷовидон бошад.
Хушбахтона, тоҷикистониён бо дарки ин нукта, барои бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи босубот талош доранд ва иттиҳоди худро тақвият мебахшанд.
Иқболшо УМАРОВ,
мудири шуъбаи китобхонаи илмии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...