Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон


Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон




Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги сиёсӣ маҳсуб ёфта, маҳз дар радифи он имкониятҳои нав ба нави рушду пешрафт падид омад. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо рӯ ба тараққӣ ниҳода, самтҳои фаъолияти хоҷагии мардум ботадриҷ рушд карданд. Дар ҳамгироӣ бо Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми кишвар озодона фаъолият намуда, зиндагии шоистаи худро пеш мебаранд.

Агар ба таърихи на он қадар дур – солҳои 90-уми асри гузашта назар афканем, мардуми сарбалнди тоҷик дар буҳрони ҷангу хунрезӣ қарор гирифта, аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Ҳазорҳо бинои обод вайрон гаштанду мардум ба кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт. Хушбахтона, ба бахти мардуми тоҷик абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати имллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардиду кишварро аз нобудшавӣ нигоҳ дошт.
27-уми июни соли 1997 Тоҷикистони биҳиштосо соҳиби Ваҳдати миллӣ гардид. Мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, барои ободу зебо намудани кишвари азизамон камари ҳиммат бастанд. Маҳз якдигарфаҳмӣ ва ғурури ватандӯстии сокинони барӯманди кишвар буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз гул-гул мешукуфад. Дар қиёс ба солҳои қаблӣ ҳазорҳо маротиба зеботару ободтар гардидааст.

Ваҳдати миллӣ як дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик аст. Самараи Ваҳдат аст, ки мо имрӯз дар гӯшаю канори мамлакат озодона гаштугузор мекунем.

Дар ин раванд, дар партави Ваҳдати миллӣ ва таҳкими заминаҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуда, ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Хусусан, аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015 – «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт об барои ҳаёт» ва солҳои 2018 – 2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.

Дар баробари ободиву пешравии кишвари азизамон – Тоҷикистон бояд ҳар як ҷавон ва сокини кишвар даст ба дасти якдигар гузошта, нагузоранд, ки душманони миллати мо Ваҳдати миллиро бо фикру ақидаҳои нопоки худ халалдор кунанд.

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ маҳсуб меёбад.

Фирӯз САИДОВ,
ёрдамчии прокурори ҳарбии
гарнизони Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода