Зани насиҳатгар худ ба тарбия ниёз дошт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 223
Тобистон. Қиёми рӯз. Дар ин соатҳо гармии офтоб танӯри оташдорро мемонд. Ҳарорати баланд рӯйи асфалти роҳу роҳравҳо мавҷак мезад. Назди бозори марказӣ, махсусан дар рӯзҳои истироҳатӣ серодам аст.
Яке барои фурӯхтани маҳсулоти худ ба бозор омадаю дигаре барои харидорӣ кардани маҳсулот барои хона. Баъзеи дигар бошад, “аз бекорӣ кадукорӣ”, гуфтагӣ барин барои тамошо ё фаҳмидани нарху навои бозор ё шояд барои вақтгузаронӣ ба ин ҷо омадаанд.
Ман низ барои баровардани эҳтиёҷоти хона ба бозор омада будам. Дар даромадгоҳи бозор тасодуфан бо як шиносам вохӯрда мондам. Ҳарду ба гӯшае гузашта, суҳбат оростем.
-Ба бозор омада, одамони гуногунхислатро дида мемонию аз ин таассуроте мебардорӣ. Дар ин ҷо ҳам бадро мебинию ҳам некро, ҳам хурсанд мешавӣ ва ҳам табъат хира мегардад,-гуфт шиносам.
-Ҳақ мегӯӣ, кӯчаю бозорҳо пур аз воқеаҳои пандомез аст,- суханони ӯро тақвият додам ман.
-Дар ин ҳолатҳо аз беадабон адаб меомӯзию аз некон рафтори некро...
Дар тарафи муқобили мо, роҳрави назди меҳмонхонаи собиқ “Қӯрғонтеппа” се ҷавон ба якдигар кашмакашӣ карда (бо ҳамин усул гӯё бозӣ менамуданд), бо лаҳни қабеҳ (очата фалон..., зани падарата фалон..., ҳаромӣ ва ғайра) дашном медоданд. Амали онҳо тамошобинони зиёд дошт. Ин саҳна боз гармтар мешуд. Зани тахминан 50-55-сола халтаи пурборашро зери дарахти дигар гузошта, ба онҳо муроҷиат намуд:
-Айбу шарм доред, бачаҳои бетарбия, дар ҷойи ҷамъиятӣ носазо сухан гуфта, оромиро халалдор месозед!?
-Хола, кори худата кун, ту зани падари ман набошӣ, чӣ насиҳат медиҳӣ?-посух дод яке аз он ҷавонон.
-Ҳоло ҳамин тавр-а?-гӯён аз гӯши ин бачаи беадаб дошта, ӯро аз ҷӯраҳояш ҷудо кард ва боз садо баровард:- Ҳоло ту ба собуни ман ҷома нашустаӣ! Милиса, милиса! Милисаро ҷеғ занед!
Ҷавонон зуд пароканда шуданд. Зан ғолибона назди халтааш омада, сари по нишаст. Мӯйсафеде, ки ин ҳолатро мушоҳида мекард, ба зан рӯ оварда, миннатдорӣ намуд:
-Хоҳарам, шумо зани нотарс будаед, адаби бачаҳои бетарбияро додед. Кош атрофиён ба даҳон об нагирифта, мисли Шумо мебуданд...
-Маро Розия-боевик мегӯянд. Онҳо чӣ, “ман” мегуфтагиро дар ҷояш шинонда мемонам бобо,- гӯён зан аз халтааш як селофани семичка (офтобпараст)-дорро бароварда, ба чоқидан даромад. Пучоқи семичкаро ба зери пойи роҳгузарҳо ва бетартибона аз даҳон ба гирду атроф туфу пуф менамуд.
-Мебахшед, дар ҷойи ҷамъиятӣ офтобпараст намечақанд. Ин бемаърифатӣ аст,- гӯён ба зан фаҳмонданӣ шуд бобо.
-Ҳавлирӯбакҳо чӣ кор мекунанд? Ин вазифаи онҳост. Барои рӯфтани роҳу роҳравакҳо ва тозагии ҷӯйбор пул мегиранд-ку?!
-Ҳамин тавр ҳам аст, хуб мешуд, ки ба қадри меҳнати онҳо бирасем ва сарҷамъона як гӯшаи Ватанро обод кунем,-насиҳат кард мӯйсафед.
Зан дигар ба бобо аҳамият надода, “кор”- ашро идома додан гирифт.
-Ман фикр кардам, ки зани бомаърифат ҳастӣ. Афсӯс, хато намудаам. Ту худ ба тарбия ниёз доштаӣ...
-Фу!-гӯён зан пӯсти офтобпарасти даҳонашро қаҳролуд ба тарафи мӯйсафед туф намуд...
P.S. Хонандаи азиз! Мушоҳидаи сарироҳии худро ба қалам дода, пешкаши Шумо намудем. Акнун қазоват аз шумост.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...