Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 234
Ноҳияи Носири Хусрав
Дар ҳудуди ноҳия 32 ёдгории таърихии мансуб ба давраҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Қалъаи Бешкент ҳамчун маркази маъмурии водӣ ва зиёратгоҳ-осоишгоҳи «Чилучорчашма» ҳатто берун аз кишвар машҳуранд. Ин зиёратгоҳ иборат аз 44 чашма буда, ба 17 гурӯҳ ҷудо мешавад ва обҳои чашма ба касалиҳои хуни бинӣ, табларза, устухондард, рутубат ва сардардӣ, споризм (пӯстсафед), ветелига (пес), барои равшанкунии чашмҳо ва ғайра шифо мебахшад. Дар канори ин чашма дарахти беди куҳна мавҷуд аст, ки 1054 сол умр дорад ва куҳнатарин дарахти дунё ба ҳисоб меравад. Соли 1980 ин дарахт 1016-сола шуда буд, ки дар китоби «Гиннес» дохил шуд.
Аҷибаш дар он аст, ки оби онҳо бакуллӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Байни онҳо як ваҷаб санг ҳаст, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.
Дар «Чилучорчашма» моҳиҳои калоне шино мекунанд, ки дарозиашон то 1 метрро ташкил дода, вазнашон то 16-18 кг мебошанд. Морҳояш бошад, то 60-70 сантиметр дарозӣ доранд.
Аз рӯи ривояти дигар, гӯё, ки ҷасади саисбони ҳазрати Алӣ - Бобоқамарро бо фармони ҳазрати Алӣ дар «Чилучорчашма» дафн мекунанд. Аз он рӯз инҷониб «Чилучорчашма» ҳамчун қадамгоҳи Ҳазрати Алӣ ҷойи зиёрат ба шумор меравад.
Шаҳри Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб барои сайёҳон маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, Осорхонаи шоирон Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи “Модар”, муҷассамаи “Оила”, муҷассамаи “Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон”, оромгоҳи ҳакими Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, чашмаи пурмоҳии “Девоначанор” мебошанд.
Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - ёдгории таърихӣ-бостонии асрҳои XIVXV мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чирадасти бинокори маҳаллӣ, ки аз тамаддуни ниёгони мардуми минтақа, махсусан тоҷикон мебошад, шаҳодат медиҳад. Эътиқоди самимии мардуми маҳаллӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) имкон дод, ки ин ёдгории таърихию фарҳангӣ то замони мо боқӣ монад.
Дар тазкираҳои адабӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳое мавҷуданд, ки аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1373 бо мақсади зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Ҳасани Исфаҳонӣ мулақаб ба Шоҳи Хомӯш, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, омада будааст. Даҳ моҳ дар он макон зиндагӣ намуда, сипас, ба маркази маъмурии шаҳри Кӯлоб омадааст.
Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин мақбара аз тарафи шогирдони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар аввал ҳамчун ду ҳуҷрае бо ду гунбаз сохта шуд. Ҳуҷраи аввал мадфунгоҳи аллома ва ҳуҷраи дуюм барои хондани аврод ва гузоридани намозҳои панҷгона сохта шуда буд. Пас аз муддате се ҳуҷраи қисмати шарқии мақбара қомат афрохтаанд.
Баъди гузаштан аз ҳуҷраи калон зоир ба ҳуҷрае, ки аллома мадфун аст, ворид мегардад. Роҳрави қариб якметраи гирди қабр имкон медиҳад, ки зиёраткунанда озодона ҳаракат кунад.
Сипас, зоирон самти ҳаракаташонро ҷониби шарқии мақбара идома дода, ба қабрҳои Офтоби Тобон (завҷаи Ҳамадонӣ) ва Моҳи Хуросон (духтари Ҳамадонӣ), ки аз ду тараф ду ҳуҷра, як холӣ ва дигаре ду қабр дорад, наздик мешаванд.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛОВ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00