Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Фасли гармо аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт бошед


Фасли гармо аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт бошед




Мутахассисони соҳаи тиб сарчашмаи аксари бемориҳоро риоя накардани гигиенаи шахсӣ меҳисобанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза бояд талаботи гигиениро иҷро намуд. Хусусан, дар фасли тобистон, ки авҷи бемориҳои сироятӣ ба чашм мерасад, ба саломатии худ хеле эҳтиёткор бояд буд.

Риояи гигиенаи шахсӣ муҳим аст

Маъмултарин навъи бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо дарунравӣ мебошад. Бино ба маълумоти табибон, сабаби хуруҷи бемории дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафиллококҳо ва амсоли инҳо ба организми инсон ворид гардида, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди рӯдаю меъда шахсро мубтало мекунанд.

Маълум аст, ки аксаран сабаби бемории дарунравӣ дар фасли гармои тобистон истеъмоли меваю сабзавоти ношуста, аз ҷумла тарбузу харбузае, ки дар сари роҳҳо зери офтоби сӯзон мефурӯшанд, инчунин истеъмоли ғизо бо дастони ношуста ва амсоли инҳост, зеро гигиенаи шахсӣ, новобаста аз фасл, бояд ҳамеша риоя гардад.

Бемории дарунравӣ гузаранда буда, метавонад ба шахси солим гузарад. Роҳҳои гузариш мухталиф буда, ба воситаи алоқа бо бемор ё ин ки бо шахси ҳомили ин беморӣ сурат мегирад. Инчунин ҳангоми истифодаи зарфҳои бемор ва истеъмоли оби ноҷӯшонида ба организми одами солим гузарад.

Дар вақти пайдошавии ин гуна беморӣ шахс ҳатман бояд ба мутахассисон муроҷиат намояд. Ба маслиҳати онҳо ба таври ҷиддӣ муносибат карда, табобатро сари вақт гирад. Агар табиби оилавӣ тавсияи дар беморхона бистаришавиро диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гирифтан ҳатмист, тозагии худ ва гирду атрофро риоя кардан ҳамчунин зарур аст.

Парвиз Абдуназаров, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, мегӯяд, ки гигиенаи шахсӣ маҷмуи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумиро дарбар мегирад: ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ, варзиши ҷисмонӣ, истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад. Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист.

- Дар ҳолати риоя накардани гигиенаи шахсӣ инсон ба тамоми бемориҳо гирифтор шуданаш мумкин аст, - афзуд П. Абдуназаров. - Масалан, агар обро ноҷӯшонида истеъмол намоед, он инсонро ба бемории дарунравӣ мувоҷеҳ мегардонад. Дар ҳолати риоя нагардидани тозагии зери бағалу дигар талабот дар бадан хориш пайдо мешавад.

Инчунин, шахс ҳангоми нашустани дастону нагирифтани нохунҳо, вақте ки таом истеъмол менамояд, дар зери нохунҳо ҳангоми ягон кори ҷисмонӣ намудан, ҳама гуна бактерияву микробҳо ҷойгир мешавад ва ҳангоми истеъмоли хӯрок марҳилаи такрорӣ ба миён меояд. Яъне ҳамаи барангезандаҳои беморӣ ба организм ворид шуда, сабабгори бемориҳои рӯдаю меъда мегардад.

Тавсияи табибон ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ чунин аст: шахс субҳгоҳӣ, ҳангоми аз хоб хестан, аввалан бояд ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул гардида, сипас, дандонҳои худро пок созад ва баъдан ба ношто машғул шавад. Дар субҳ ба варзиш машғул гардидан хеле манфиатнок буда, тамоми моддаҳои биологии организм фаъол мешаванд. Чун инсон дар як рӯз се маротиба хӯрок истеъмол менамояд, пас аз истеъмоли хӯрок хоидани сақич хуб аст. Он боқимондаҳои хӯрокро аз даҳон тоза сохта, бӯйи даҳонро низ бартараф месозад. Пеш аз хоб низ шустани дандонҳо тавсия дода мешавад.

Аз истеъмоли тарбузу харбузаи зери офтоб худдорӣ кунед 


Табибон ба шаҳрвандон таъкид мекунанд, ки тарбузҳои аз сари роҳҳо ва берун аз марказҳои тиҷоратии расмӣ харидоришударо пеш аз буридан ҳатман бо собун шуста тоза кунанд. Ҳамчунин, ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификат талаб намоянд.

Фурӯшанда бояд оид ба сифати маҳсулот аз хоҷагие, ки тарбуз истеҳсол мекунад, маълумотнома дошта бошад. Мутаассифона, тибқи мушоҳидаҳо, ҳар куҷое, ки рост омад, фурӯши тарбузу харбуза ва дигар маҳсулотро ба роҳ мемонанд ва касе аз харидор ҳуҷҷат талаб намекунад. Ба болои ин, харидорон маҳсулоти худро таърифу тавсиф карда «гарантия» медиҳанд.  

Соли ҷорӣ тарбузу харбуза аз ҳарвақта дида, фаровон асту нархи дастрас дорад. Аммо, чаро баъзан баъди истеъмоли харбузаю тарбуз ва дигар меваю сабзавот ба иллате гирифтор мешавем? Маълум мегардад, ки қоидаҳои одии санитариро риоя намекунем. 

Тоҷирон аз майдонҳои кишт тарбуз ва харбузаро ба миқдори зиёд бо нархи арзон харидорӣ мекунанд ва то ба истеъмолкунанда онро мерасонанд, ки чанд маротиба аз як мошин ба мошини дигар ва аз як даст ба дасти дигар мегузарад.

Дар хоҷагиҳо маълум нест, ки барои парвариши маҳсулоти мазкур меъёри истифодаи доруҳои химиявиро то кадом андоза риоя кардаанд. Баъзан тарбузу харбузаро дар ҳар куҷое, ки рост омад – кӯчаю бозор, сари роҳи пур аз мошин ба фурӯш мебароранд. Дар натиҷа, микробҳои ноаён ба меъдаи мову шумо роҳ меёбанд. Дар баробари ин, газҳои парникие, ки аз нақлиёт  берун мешаванд, ҳатман ба болои меваю сабзавот мешинанд.

Истеъмоли тарбузу харбуза низ вақти муайян дорад. Мо одатан онро баъди таом истеъмол мекунем, то ба ҳалшавӣ мусоидат кунад. Аммо, дар китоби Ҳомидҷон Зоҳидов — «Канзи шифо» тавсия шудааст, ки: «Беҳтарин вақти тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фуромада бошад. Вале агар инро ба болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯрдани он, хусусан ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад, зарар дорад».

Дар гармои тобистон худро чӣ тавр эҳтиёт кунем?


1. Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифодаи нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд.

2. Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед.

3. Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор ё ҷойи дигар мераванд.

4. Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро онҳо манбаи аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе, ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин сабаби паст шудани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

5. Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошини дар офтоб истода, менишинед, аввал дарҳои онро боз кунед.

6. Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад.

7. Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об ва оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

8. Бояд рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро муътадил нигоҳ дошт.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Таҳияи Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода