Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ашъори ҷанбаи лирикидошта қариб дар ҳамаи асарҳои Мирзо Турсунзода дида мешавад ва ин яке аз хусусиятҳои барҷастаи назми ӯ мебошад. Лаҳзаҳои лирикӣ муносибат ба муҳит, одамон, ҳодисаҳо ва предметҳои тасвиршаванда доштаи шоирро равшан нишон медиҳанд. Лирикаи адиб аз ҷиҳати шаклу мундариҷа, мавзӯи предмети тасвир ва услубу забон гуногунрангаст.
Асоси лирикаи Мирзо Турсунзода лирикаи иҷтимоӣ буда, он ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ вобастааст. Дар ин навъ лирикаи вай предмети тасвир ва воситаҳои бадеӣ ҳам гуногунанд. Аммо одам, зебоии ӯ ва хислатҳои наҷиби вай дар маркази диққат гузошта мешавад.
Шоир дар бораи маҳбубаи худ суханронда, нафақат ҳусни зоҳирии ӯ, балки сифатҳои ботинӣ - меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастиашро ба қалам додааст. Аз ин ҷиҳат, қаҳрамони лирикӣ ӯ дӯст, ҳамкор ва ҳаммаслаки ҳаётӣ буда, шоир ҳусну фазилати маънавии аҳли меҳнат – колхозчидухтарро дар симои қаҳрамони лирики худ тасвир ва тавсиф мекунад. Шеъри «Ҳусн» далели гуфтаҳои болост:
Ин ҳамон ҳуснест, ҳусни дилрабову дилнишин,
В-ин ҳамон ҳуснест, ҳусни пахтакору пахтачин.
Ҳусни бомеҳнат қарину хонумонсӯзи адӯ,
Нест ҳусне дар ҷаҳон болотару беҳтар аз ин.
Қаҳрамонони лирикаи ӯ ташаббускор ва фаъол мебошанд. Онҳо зиндадил буда аз ватану меҳани худ ифтихор мекунанд ва зебогиҳои онро дӯст медоранд, дар ин ватан зиндагӣ кардану дар корзори меҳнат корнамои карданро мояи ифтихор ва саодатмандӣ медонанд. Дар тасвири Мирзо Турсунзода ишқу ошиқӣ на дар сухан балки дар рафтори қаҳрамони лирики ӯ ифода меёбад.
Симои қаҳрамони лирикии ӯ бояд ба рафтораш низ мувофиқ бошад. Ҷиҳати дигари ҷолибияти ашъори лирики Турсунзода аз он иборат мебошад, ки хусусияти иҷтимоӣ дошта, он ба ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи мардум сахт вобастаги дорад. Қаҳрамонони ӯ ишқу муҳаббатро бо кору фаъолият тавъам медонанд яъне бештари қаҳрамонони ӯ дар корзори меҳнат ба ҳамдигар шинос мешаванд, унс мегиранд, меҳр меварзанд, ошиқ мешаванд. Ҷавони идеалӣ барои дӯст доштан ва интихоби ҳамқадами ҳаёт барои дӯхтарони деҳот бояд меҳнатдӯст, самимӣ қавиҷисму қавирӯҳ бошад. Чунончи шоир муҳаббат ва ҳисси шаҳрвандии маҳбубаҳои вафодорро аз забони қаҳрамони лирикӣ, ба таври хулоса, ба тариқи тавсиф ифода намудааст. Масалан, дар шеъри «Нишона дорад» маҳбуба, ёри ҷанговари худро тавсиф менамояд:
Ёрам барухаш нишона дорад,
Симои баҳодурона дорад.
Бинӣ агараш миёни мардон,
Мардонагиаш баҳо надорад…
Мирзо Турсунзода дар суруд ва таронаҳои худ, пеш аз ҳама, зебогии ҳаёт ва фитрии мардумро таранум намудааст.
Тасвири ҳаққонӣ, идеянокӣ, ифода кардани рӯҳияи шахс ва халқ дар шакли нави бадеӣ қувваи эстетики лирикаи устод Мирзо Турсунзода мебошад. Агар аз ҳамн ҷиҳат «Тара - Чандри» ном шеъри лирики ӯро аз назар гузаронем, чӣ андоза бо мазмуни сиёсӣ-ичтимоӣ ва шаҳрвандӣ – ҳаётӣ пур будани он равшан мегардад.
Шоир дар асар ҳусну санъати ҳайратбахши рақосаи машҳури ҳиндӣ Тара-Чандриро бо маҳорату санъати баланди шоирона тасвир намуда, давраи зиндагонии шоирони бузург Ҳофизи Шерозӣ ва Абдулқодири Бедилро ба хотир меоварад. Суханҳои дар бораи «Холи ҳинду» гуфтаи Ҳофизро ба ҳусни он рақосса ва ба «Холи дар тоқи ду абрӯяш бозикунанда» вобаста менамояд. Қиссаи ишқу санъат – «Комде аз Мадан»-и Бедилро ба хотир оварда, Тара-Чандриро дар ҳусну санъати рақс ба Комде монанд мекунад:
Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ,
Ту, эйрақоссаи даврон, Тара - Чандри Тара - Чандри.
Аммо ба Комде шабоҳат доштани Тара-Чандри танҳо ифодакунандаи «ҳусну санъати ҷаҳонгир»-и ӯ нест. Шоир дар образи Тара-Чандри санъаткорони мазлуми давраи мустамликавии Ҳиндустонро нишон медиҳад. Бинобар ин вай шароити таърихӣ ва ичтимоии асрҳои XVII-XVIII ва XX-ро ба андозае ба ҳам қиёс намуда, якрангии шароити зиндагӣ ва ягонагии тақдири Комде ва Тара-Чандриро дар шароити феодализм ва капитализм исбот мекунад.
Шоир қиёфаи Тара-Чандриро ҳамчун ҳусни дилбару ҷодугар тасвир карда истода, дар айни ҳол ӯро беаҳмият мегузорад. Ба ивази ин мафтуни санъат ва маҳзуни ҳолати ин санъаткор гардидани шоир айнан далели барҷастаи ба ҳодиса бо чашмони ҳақиқатшиноси одамӣ нигоҳ карда ва баҳо додани ӯст:
Наёвардам на дому донаи ҷодугарони ту,
На зулфони сиёҳи ту, на холи абрӯвони ту,
Маро овард дар пеши ту ёди дӯстони ман,-
Хаёли дӯстони давлати пуршаъну шони ман…
Ҳар қадар ки мо ба тасвиру муҳокимаи лирики шоир чуқуртар назар фканем, ҳамон қадар рангорангии тасвир, гуногунии образҳо, мазмуну моҳияти бадеӣ ва иҷтимоии онҳо равшан шудан мегирад: «…ишқу муҳаббат ҳам то рафт моҳиятан аз ифодаи ҳисси шахсӣ ба ифодаи фикру ҳисси ҷамъиятӣ гузашта, мазмуни иҷтимоӣ-шаҳрвандӣ пайдо мекунад». Дар лирикаи адиб маҳз ҳамингуна муҳаббат, эҳсосот ва оҳанги шаҳрвандӣ мавқеи намоён дорад. Аз ин ҷиҳат ӯ ҳарчизеро, ки тасвир кунад ва ба ҳар чизу касе, ки муроҷиат намояд, ба ҳаёти воқеӣ сахт вобаста будани онро нишон медиҳад.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
“Хатлон”
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.