Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ЮРИЯ - Духтари тоҷикро ба шарафи нахустин кайҳоннавард чунин ном гузоштанд


ЮРИЯ - Духтари тоҷикро ба шарафи нахустин кайҳоннавард чунин ном гузоштанд



12 апрели соли 1961 кайҳоннаварди советӣ Юрий Гагарин аз космодроми “Байконур” бо киштии кайҳонии “Восток-1” дар ҷаҳон аввалин шуда ба кайҳон парвоз намуд.

Парвози ӯ 108 дақиқа давом кард. Бо ин номи ӯ дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Ба шарафи ӯ кӯчаву хиёбонҳо, деҳаву маҳаллаҳо, шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳу коллеҷҳо ва дигар иншоотҳо номгузорӣ мешуданд. Маҳз, пас аз парвози Гагарин ба қайҳон миёни сокинони ҷаҳон кайҳоннавардӣ маълум гардид. Ҷавонон орзуи кайҳоннавард шуданро мекарданд. Дар ҳамин рӯз, дар яке аз деҳаҳои дурдасти давлати паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ, дар деҳаи Чинори ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи РСС Узбекистон дар оилаи амаки Эшонқулибой духтараке ба дунё омад.

Эшонқулибой Нормуродов дар ноҳияи Сурхондарё дар яке аз конҳои ангишт ба сифати нақбкан кор мекард. Ҳамсараш Норбибӣ бошад, хонашин буд ва тарбияи фарзандонро ба дӯш дошт.

Тифли навзод дар хонадони Нормуродовҳо фарзанди ҳаштум буд. Аҳли авлоду наздикон ва ҳамсоягон аз ба дунё омадани тифлак дафи шодӣ мезаданд. Бо гузашти чанд рӯз Норбибиро аз таваллудхона ҳамроҳи тифлакаш ба хона рухсат медиҳанд.

Падари хушбахт шоду хурсанд номи зебоеро ба духтараки навзодаш интихоб мекунад. Ҳуҷҷатҳо дар даст ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия меравад. Ҳуҷҷатҳоро месупораду замоне, ки ҷавонзани масъули идора чӣ ном гузоштани духтарчаро мепурсад, амаки Эшонқулибой аз ҳаяҷон номи интихобкардаашро фаромӯш мекунаду хомӯш мемонад. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, номи интихобкарда ба хотираш намеояду ягон номи ба дилаш мувофиқро пешниҳод намекунад.

-Масъули идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронад ва дар он 12 апрел рӯзи ба дунё омадани ман сабт шудааст. Ба падарам пешниҳод мекунад, ки ба муносибати фатҳи кайҳон ва ба шарафаи аввалин кайҳоннаварди СССР Юрий Гагарин ба духтараки навзод Юрий ном гузорад. Падар бо сабаби он ки ин исми писарона ва ғайритоҷикист, онро рад мекунад. Масъули идора пешдастӣ карда, Юрийро “духтарона” карда, Юрия пешниҳод менамояд. Падарам фикр карда, «Юрия беҳтар аст»,- мегӯяд. Бо ҳамин дар шаҳодатномаи таваллуди ман дар ҷойи ном Юрия сабт шудааст, - нақл мекунад таърихи номгузории худро муаллима Юрия Боева.

Юрия дар оғӯши пурмеҳри падару модар бузург шуда, маълумоти миёнаро мегирад. Волидон ба 10 фарзанд – Ҳалима, Салима, Уғулой, Улдоной, Ҷанғлой, Амирҷон, Раҳимҷон, Юрия, Адолат ва Малоҳат барои соҳибмаълумот шуданашон таваҷҷуҳ менамуданд.

Юрия аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро дошт. Омӯзгорони мактабашро эҳтиром мекарду аз онҳо сабақ мегирифт. Дар мактаб духтари аълохону намунавӣ буд. Пас аз хатми мактаби миёна Юрия соли 1976 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омада, ба коллеҷи омӯзгории Душанбе дохил шуд.

Соли 1978 барои идомаи таҳсил ба донишгоҳе дар пойтахти Тоҷикистон дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ мешавад. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ бо як ҷавонписар, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оила бунёд карда, ба Тоҷикистон кӯчида меояд.

Дар оилаи Саидмурод ва Юрия шаш фарзанд - Гулсара, Гулчеҳра, Роҳила, Файзигул, Нормурод ва Маҳбуба ба дунё меояд. Имрӯз оилаи Юрия Боева дар Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён умр ба сар мебарад. 

-Ҳамеша кӯшиш менамудем, ки фарзандонро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва меҳнатдӯстӣ тарбия кунем. Хушбахт аз онам, ки имрӯз фарзандонам соҳибмаълумот буда, дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият намуда истодаанд, - иброз медорад Юрия Боева.

Ба гуфтаи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар, ки қаҳрамони мо дар он ҷо ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мекунад, ӯ яке аз омӯзгорони пешсаф, навовар ва масъулиятшинос аст.

-Ростӣ, дар ҳаётам боре ҳам номам боиси монеа дар кору фаъолиятам нашудааст. Вақте одамон нахуст номамро мешунаванд, каме таваҷҷуҳ мекунанду халос. Дар бисёр мавридҳо дар ҳуҷҷатҳо Юрия менависам, аммо вақти сафар кардан ба Узбекистон, бояд пурра нависам, яъне бояд ҳатман Юрияхон нависам, то ягон мушкилӣ пеш наояд, - мегӯяд Юрия Боева.

Имрӯз аз байни 10 фарзанди Эшонқулибой ва Норбибӣ се духтар Юрия, апааш Улдоной ва хоҳараш Адолат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба шавҳар баромада, зиндагӣ намуда истодаанд.

Толиб ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода