Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Рӯзноманигорон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд


Рӯзноманигорон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд



Рӯзноманигорони оянда Рамазон ва Сироҷиддин тасмим гирифтаанд, ки пас аз хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванд.

-Ҳимояи марзу бум ва ҳифзи арзишҳои миллӣ шарафи бузургест, ки ҳар як ҷавони худогоҳ инро бояд эҳсос кунад,- мегӯяд Рамазон.

-Мо ин иқдоми гирифтаи ӯро шунида хурсанд шудем ва ифтихор аз чунин фарзанд доштан кардем. Рамазон бо мо маслиҳат кард ва бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб рафта, худро ба қайд гирифт ва гуфт, ки баъд аз имтиҳоноти хатм ба хизмат меравад. Ӯро ягон нафар маҷбур накардааст. Мо ҳам дигар монеъ нашудем. Бигзор хизмати Ватанро анҷом диҳад, – гуфт падари сарбози оянда.

Рамазон мегӯяд, ки пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравад. Ҳимояи давлату миллат бояд номуси ҷавонмардии ҳар ватандор бошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонони кишвар даъват менамояд, ки бо дарки масъулияти шарҳвандиву фарзандӣ ба хизмати Модар – Ватан раванд.

Қаҳрамони дигари мо Сироҷиддин мегӯяд: «Падарам ҳамеша ба мо аз қаҳрамонию далерӣ ва шуҷоату ватандӯстии гузаштагон нақлҳои ҷолиб намуда, таъкид менамуданд, ки ватандӯстӣ барҷастатарин хислати ҷавонмардон аст. Маҳз ҳамин суханон боис шуд, ки ман ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ равам.

Баробари шунидани номҳои ҳамдеҳагонамон ғурури ватандӯстиам дубора боло гирифта, аз тасмими гирифтаам шод шудам. Зеро ман низ аз ин ҷавонмардони деҳа қафо намонда, қарзи шаҳрвандии худро адо менамоям».

Модари Сироҷиддин мегӯяд, ки аз ин иқдоми фарзандаш хурсанд аст ва ҳамеша ба ӯ дуо медиҳад, ки ба Ватан содиқонаву мардона хизмат намуда, бо сари баланд бозгардад.

- Мо - волидон аз ин ҷасорату мардонагӣ, далерӣ, ҳисси волои ватандӯстонаю ватанпарваронаи писарамон Сироҷиддин шоду масрур гардидем, - ифтихормандона гуфт модар.

А. Абдулмаҷид, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода