Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Нони оча


Нони оча




Ҳар як модар фарзандонашро ба таври худ дӯст медорад.  ҳаёт меҳру дӯстдории бисёр модаронро мушоҳида кардаам. Вале дӯстдории ягонтои онҳо, ба модари ширинам баробар шуда наметавонад. Аз даҳонаш сухани баду ноҷо, қаҳру ғазаб, дуои бад намебаромад. Бо нармӣ, оромӣ, ширинӣ сухан мегуфт, ки шефтаи онҳо мешудӣ. Ҳар вақте падарам, ки ҷанговари ҷанги Гермон буд, мо-бародарону хоҳаронро барои гуноҳе мезад, модар сипарамон буд. Ҳатто падарам боре соати калони оҳанинро сӯям ҳаво дод. Модар бошад, худ рӯи маро пӯшонд ва соат ба девор бархӯрду шикаст.

Соли 1976 дар идораи радиои вилояти Кӯлоб кор мекардам. Аз ҳамин ҷо ба хизма-ти аскарӣ ба шаҳри Витебски Беларус рафтам. Як сол пас омадам. Дар ин муддат дар хона ягон бор туппакашак, оши палов напухта, шакароби серпомидору чормағзию дуғӣ омода накардааст. Барои он ки инҳо таомҳои дӯстдоштаи ман буданд. Барои писараш шуда, дар хона барои 6 нафари дигари аъзои оила аз ин таомҳо боре начашид.

Панҷ – шашсола будам. Очаҷон пилла пухт, ришта ресид, ранг кард, бароям як тоқӣ ва рӯймоли чакани миён дӯхт, ба апаи Назримои ҳамсоя бароям як ҷомачаи беқасаби зебо фармоиш дод. Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон онҳоро мепӯшонду завқ мебурд. Хонаҳои ҳамсояҳо ва хешу табори наздик мерафтаму бо дасти пур меомадам. Дигар идгардакравӣ намемонд. Дар хона меистодаму ба кӯдакони ба идӣ меомадагӣ тухму орзуқу пуфаку шириниҳо медодам.

Боре зимистонӣ болои печи тафсон шӯрбои наскдор пазонду худаш ба чашма обёрӣ рафт. Дар назди печ ҷевончаи худсози чорқабата, пур аз косаю табақу чинӣ, пиёлаю чойнак, қошуқу стаканҳо буданд. Дар зарфи калони алюминӣ наскшӯрбо меҷӯшид. 

Аз ҷевон косаю чинӣ, табақҳоро якта – якта гирифта бо чумчаи калони оҳанӣ ба онҳо шӯрборо бардоштан гирифтам. Болои гилем онҳоро қатор гузоштам. Лаҳзае пас, очаам омаду ин ҳолро дида, завқ карда, хандид. Чизе нагуфт. Вақти таоми нисфирӯзӣ ин воқеаро ба аҳли хонавода нақл карду афзуд, ки ин шӯрбои пухтаи писарам бисёр болаззат, хӯрдан гиред. Боз ин «ҳунарамро» ба хешонамон момаи Мафтулбӣ, аммаи Соҷида, апаи Зебо ҳикоя мекарду мегуфт. Ҳамин тавр, ёрирасонаки корҳои очаам шудам.

Дигар ба шӯрбою хӯрок кор намегирифтам. Акнун бо обкашак ду сатили хурдро аз лаби чашма, аз дурии 200 метр ба ҳавлӣ об меовардам. Оби овардаи худашро ба корҳои хона масраф мекарду сатилу қарабоиҳои обовардаи маро боифтихор ба ҳамсояҳо нишон медоду мегуфт: «ин обҳои овардаи писарҷонакам».

Очаҷони ман ба болои ин ҳама олиҳасиратиаш як итеъдоду ҳунари дигар – табибӣ дошт. Синфи чор – панҷ мехондам, ки падари 3 сол дар асорати фашистон азияткашидаам бароям як велосипеди суп – сурхи «школьник» харида дод. Дар ҳавлии хона, баъд дар кӯчаи роҳи калон барои ёдгирӣ ҳай мекардам.

Баъзе бачаҳо аз ҳасудӣ дарундарун месӯхтанд. Дар лаби Сангоб як лаби ҳавзи 40–метри дарунаш аз партовҳо пур буд. Ҳамон рӯзи наҳс се-чор нафар ҳамсолонам аз қафои велосипед маро болою поён бурда меоварданд. Байнашон аз ҳамон бачаҳои бахил будааст. Яке аз онҳо назди ҳамон қад сахт тела доданд. Сарозер бо велосипед ба қад афтодам. Панҷаи дасти ростам болои шишапорае пахш гашт. Як лахт гӯшти лаҳм чок шуданро хун сахт шоридан гирифт. Маро ба хона бурданд.

Падарамро ҷеғ заданд. Зуд маро ба духтурхона бурд. Апаи Вера ном ҳамшираи шафқат ҷойи чок шуданро шустаю марҳаму йод молиду докапеш кард. Як рӯз пас очаҷон онро кушода аз чарми куҳна паташро бо кордча харошида-харошида, ба захми дастам гузошта, боз бо докаи нав баст. Дигар дардро ҳис намекардам. Ду рӯз баъд боз назди Вераапа рафтам. Ӯ ҷойи яраро дид, ки пӯстҳо часпидаанду сиҳат шудааст. Ҳайратзада шуду гуфт, ки ин хел муъҷизаро дар умри 50-солааш нав мебинад. Пагоҳии дигараш падар велосипедро бозгардонда ба мағоза дод.

Дар хонаамон радиои деворӣ доштем. Дар хурдиам сахт мухлиси футбол шудам. Доимо бозиҳои футболи дастаҳои «Энергетик»-у «Помир»-ро гӯш мекардам. Гоҳо дар танҳоӣ ба шореҳон Анвар Олимҷонов, Сарвар Амирҷонов тақлид ҳам мекардам. 

Ҳар вақте дар ҳавлӣ ё ҳота бозӣ ё побел мекардам, очаҷон садои марши футболро мешуниду садо медод: дав, ки футбол сар шуд, дав, тез биё. Омада бо шавқ гузориши бозиро гӯш мекардам. Ҳамин хел меҳрубон, дилсӯз, ғамхор, мушфиқ буданд, очаҷонам.

Як ҳазор байту рубоӣ, чистонҳо медонист. Вақти пилларесӣ, дуғкашӣ, чакандӯзӣ, тоза кардани биринҷу наск ва нахӯд тоза кардан зери лаб замзама менамуд. Чангу думраро хуб менавохт. Дар садои онҳо об аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Ба фикрам ёди зодгоҳаш Гулзору мавзеи Дуобу Чилдухтаронро мекард. Чашми  хат дошту гоҳҳо китобу рӯзномаву маҷалла мехонд. Аз синфи 5 – 6 вақте мақоланависшудам доимо онҳоро аз «Пионери Тоҷикистон», «Ҳаёти қишлоқ», «Комсомоли Тоҷикистон» мехонд. Вақте ба радиои вилоятӣ рафтам, мудом гузориш, лавҳа, ҳаҷвияҳоямро дар қироати Аъзам Назаров, Соҷида Мирзоева, Искандар Идиев, Салим Муқимов, Ҷумъахон Сироҷов гӯш мекарданд.

Дар умри 61 солагиашон се бор гиряи очаҷонакамро дидам. Якум бор, вақти бемории қизилча шуданам, дуюм бор, вақти ба аскарӣ рафтан, бори сеюм, вақти сахт бемор шуданаш. Моҳи октябр фавтид. Ана ҳамин дили чун баҳр меҳрбор доштанд, олиҳаи ҳусн – модарҷонаки ман. Нонҳои хасфатир, ғавсак, тунукӣ, кулчаҳои ширмол, ревочу атолаю палов, наскшӯрбоҳояшро ёд мекунам.

Нурулло Ҳасанов ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода