«ДАР ТАЛОШИ ҲАҚИҚАТ» Атрофи ин филм даъвоҳо ҳастанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 228
«Дар талоши ҳақиқат» филми наве мебошад, ки аз ҷониби студияи «Тоҷикфилм» таҳия шуда, пешниҳоди ҳаводорон гардид. Ин филм дар байни мардум сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Баъзе тамошобинон филмро тавсиф карданду бархеи дигар аз интихоби қаҳрамонон шикоят намуданд. Ҳамчунин, филми мазкур дар байни корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ низ баҳсу баррасиҳои зиёдеро ба миён гузошт. Чаро ин филм мавриди баҳси коргардонҳо қарор гирифт? Некрӯз Ҷалилиён аз коргардонӣ даст кашид? Тамошобин филми ба иддаои коргардон «қайчишуда»-ро чӣ гуна қабул кард?
Сарсухан ё даъвое атрофи ин филм
Чанде қабл, аниқтараш 26 январи соли равон, филми таҳиянамудаи студияи «Тоҷикфилм» зери унвони «Дар талоши ҳақиқат» пешкаши тамошобин гардонида шуд. Филм аз рӯйи асари «Интиқоми арвоҳ»-и журналисти шинохта Хуршеди Атовулло наворбардорӣ шуда, перомуни ҳақиқатнигории рӯзноманигор қисса мекунад.
Ду журналисти ҳамкор, Ҷамшед ва Умед, ба деҳа мераванд, то дар тӯйи арӯсии Умед иштирок кунанд. Аммо ҳамон шаб духтараки мактабхоне дар деҳа худкушӣ мекунад. Ҷамшед, қаҳрамони асосии филм, ба зиддияти ҳамкораш нигоҳ накарда, пинҳонӣ аз ҳама барои пайдо кардани сабаби аслии марги духтараки ҷавонмарг талош мекунад. Ва ин ӯро ба ҷойҳое мебарад, ки ҳеҷ интизор надошт…
Банаворгирии филми мазкур тирамоҳи соли 2022 дар деҳаи Зуманди ноҳияи Варзоб оғоз гардида, пас аз танзиму тадвин моҳи январи соли 2024 ба намоиш баромад. Чуноне ки дар эълони пешазнамоишӣ гуфта шуда буд, коргардон-таҳиягари филм Манзаралӣ Шералӣ мебошад. Аммо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони дигари филм, ки номаш дар филмнома ҳамчун коргардон дарҷ нашудааст, бо нашри вокунише дар фейсбук изҳор дошт, ки филмро асосан ӯ таҳия намудааст: «Тамоми куллу ҷузъи филм, аз идея сар карда, то ранги либосҳову гриму реквизитҳои асосӣ маҳсули фикри ман аст».
Сензура ё ҳақиқат?
«Филмро мо ба навор гирифтем, барои танзими филм масъулони студияи «Тоҷикфилм» иҷозат намедоданд, ки мо то шаб нишаста кор кунем. Ду маротибае, ки баъди соати шаши бегоҳ онҷо будем, посбон барқи кабинети кориро хомӯш мекард ва мегуфт, ки ин супориши роҳбар аст. Барои маҳдуд будани вақт филмро ман дар компютери худам, дар хона тадвин кардам. Вақте филми хом, ки ду соату ду дақиқа буд, оварда нишон додем, пешниҳодҳояшонро гуфтанду мо қабул кардем. Филмро то як соату 42 дақиқа кӯтоҳ кардем. Ҳамин тавр 5 ё 6 маротиба мо филмро кӯтоҳ намуда, тағйир додем. Ҳар дафъа фикрҳои нав, пешниҳодҳои нав мекарданд. Мо ҳам қабул мекардем. Аммо дар охир ба ҷойҳое даст заданд, ки мумкин набуд.
Ин структураи филм, хати сюжа, тадвин, мативи қаҳрамонҳо, қаҳрамонсозӣ ва чанд лаҳзаҳои табиии зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумлаи дуохонӣ, бо либоси сиёҳ иштирок кардани занон дар маросими ҷаноза ва дигар қисмҳояшро, ки гӯё «хилофи сиёсати кишвар аст», хостанд, ки қайчӣ кунам. Баъди чунин ранг гирифтани кор ду роҳ доштам: ё мисли ҳама «хуб шудааст» гуфта, даст пеши бар мегирифтам ва ба «шағол» табдил меёфтам, ё бо сари баланд номамро дар филм наменавиштам ва инсон боқӣ мемондам. Ман дуюмашро интихоб кардам», - изҳор дошт Некрӯз Ҷалилиён зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон».
Ҳамин тариқ, ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ менависад: «Филме, ки ба шумо нишон медиҳанд, филми аслӣ нест. Ин филм зери сензураи Шоҳиён ончунон бурида ва саркӯб шудааст, ки аз як филми хуби детективӣ (албатта, дар шароити бешароитӣ сохташуда) ба як филми драммаи миёнаҳоли ҷойҳое нороҳаткунанда аз нигоҳи тадвин, пайвастагии хати сюжа ва мантиқ табдил ёфтааст».
Аммо Маҳмадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм», зимни нишасти хабарии ниҳоди худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки филми мазкур бидуни сензура таҳия шуда, коргардони он Манзаралӣ Шералӣ мебошад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи даъвои онро надорад.
- Филм пурра аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуд, чандин бор дар Шурои бадеӣ рӯнамоӣ гардид, ҳама коргардонҳо онро диданд ва назарашонро гуфтанд. Ҳеҷ сензура вуҷуд надошт. Мо филмро 2,5 соат таҳия карда наметавонистем, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шуд. Манзаралӣ Шералӣ, зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» ин нуктаро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки ҳар он чизе Некрӯз Ҷалилиён дар саҳифаи худ нигоштааст, аз рӯйи эҳсосот мебошад.
Аммо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони тоҷик, ки яке аз коргардонҳои филми «Дар талоши ҳақиқат» маҳсуб меёбад, қайд менамояд, ки дар ягон шартнома ин гуна гап набуд ва ин гап баъди сару садоҳо пайдо шуд, ки хеле хандаовар аст: «Мо танҳо байни худ маслиҳат карда будем, ки ҳаҷми филмро калон накунем ва он бояд тахминан 1 соату 30 дақиқаро дар бар гирад. Филми 1 соату 20 дақиқа филм барои кӯдакон аст. Мавзуи ин филм ҷиддӣ аст ва онро дар чорчӯбаи 1 соату 20 дақиқа гирифтан аз ғайрикасбӣ будани масъулон дарак медиҳад. Дар масъалаи коргардонӣ ҳамаи он сокинони деҳаи Зуманд, ки ба кори мо кумак карданд, шоҳид ҳастанд, ки филм маҳсули кори ман аст».
Дар ин раванд, Мансур Мардонов, сокини деҳаи Зуманд, зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки дар равиши сабти филм Некрӯз Ҷалилиён саҳми калон дошт: «Мо шоҳид будем, ки наворбардории филм чӣ гуна сурат гирифт. Кори коргардонӣ асосан аз ҷониби Некрӯз пеш бурда мешуд. Дар ҳама ҳолат кӯшиш мекард, ки лаҳзаҳои беҳтаринро сабт кунад ва ҷойҳои хубро интихоб намояд».
Филм бепул сабт шудааст ?
Филми «Дар талоши ҳақиқат», ки аз ҷониби студияи «Тоҷикфилм» таҳия шудааст, ба гуфтаи Некрӯз Ҷалилиён, бо дастгоҳи ӯ бепул сабт шудааст:
«Ин филме, ки тамғаи «Истеҳсоли «Тоҷикфилм»-ро ба он задаанд, бо камераи ман бепул наворбардорӣ ва дар компютери ман бепул тадвину рангпардозӣ шудааст. Ҳамагӣ се рӯзи аввал бо камераи студия филмро сабт кардем, баъдан барои сабти чизе дастгоҳро гирифтанд. Сипас, ман шахсан аз пули худам дастгоҳи наворбардорӣ гирифта, филмро сабт кардем ва барои дастгоҳ иҷорапулӣ талаб накардам».
Манзаралӣ Шералӣ, коргардон, гуфтаҳои Некрӯз Ҷалилиёнро «куллан хато» изҳор медорад: «Дар ҳақиқат, Некрӯз дар офаридани филм нақши калидӣ дошт. Ӯ коргардони дуюм маҳсуб меёфт. Танзими филмро низ ӯ карда буд ва мо дар филм номашро ҳамчун танзимгар навиштаем. Аммо нуқтае, ки филм гӯё бо дастгоҳи ӯ наворбардорӣ шудааст, куллан хато мебошад. Барои дигар корҳояш маблағашро гирифтааст».
Назари хонанда чӣ гуна буд?
Некрӯз Ҷалилиён дар вокунишаш навишта буд: «Филме, ки ба шумо нишон медиҳанд, филми аслӣ нест… Филми аслӣ, аз ин филм хеле беҳтар аст».
Пас аз тамошои филме, ки ба гуфтаи Ҷалилиён аслӣ набуду «Тоҷикфилм» намоиш дод, тамошобинон назари гуногун доштанд. Баъзеҳо филмро хуб қабул карданд ва бархе аз камбудиҳо гуфтанд, ки андешаи чанде аз онҳоро дар зер меорем.
Хуршед Атовулло, журналист ва публитсисти шинохтаи кишвар, ки филми «Дар талоши ҳақиқат» аз рӯйи асари ӯ наворбардорӣ шудааст, филмро хуб қабул кардааст. Аслан, аз нигоҳи ӯ, интихоби қаҳрамони марказӣ хеле хуб сурат гирифтааст: «Қисматҳое, ки бурида шудааст, дар баъзе ҳолат тамошобинро ба суол кардан водор мекунад, ки дар ин нуқта идомааш бояд чӣ мешуд?! Ҷиҳати ҳунарии онро ман мисли коргардону тадвингар намефаҳмам… Аммо чун муаллифи асар фақат як ибора, ки «бурида шудааст», ҳусни онро мекоҳонад. Филми Некрӯз нисбати филми Манзаралӣ беҳтар аст».
Абдулқодир Талбаков, рӯзноманигор, пас аз тамошои филм дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст: «Сипос барои даъват. Тамошо кардам. Ба қалами Хуршеди Атовулло қоилам, ҳунармандони машҳур ҷалб шуда, аммо кори коргардонӣ ва маҷмуан филм сустакак».
Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат бо мо чунин ибрози назар намуд: «Инҷониб аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки ин филмро дар шакли асл ва ҳоло «қайчиношуда» тамошо кардаам. Хулосаи муҳимтарини филм ҳамон саволе мешавад, ки инҷониб солҳо боз дар 3 май – Рӯи ҷаҳонии матбуоти озод пешниҳод мекунам, аммо посухи дақиқ намешунавам: «Озодии матбуот бештар ба кӣ даркор аст ва аз он кӣ бештар манфиат мебинад? Мардум ё худи журналист?». Ман аз ҳар касе, ки фикр карда метавонад, даъват ба амал меовардам, ки ин филмро ҳатман тамошо намояд ва боз ҳам фикр кунад: одамвор зистанро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, вале таърих баҳои ҳақиқӣ хоҳад дод! Вақте бо сари баланд на танҳо худатон, балки фарзанду пайвандонатон зиндагӣ карда метавонеду метавонанд».
Ба ҷо йи хулоса
Барои таҳияи филми «Дар талоши ҳақиқат» масъулон хеле талош кардаанд. Ҳарчанд дар байни онҳо нофаҳмӣ ва баҳсу мунозираҳои зиёд дар саҳифаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст, мо умед дорем, ки барои рафъи мушкилӣ ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меояд.
Аммо як савол бе ҷавоб мемонад, ки барои чӣ ба хотири маҳдудияти вақт бояд як филми хубу диданӣ (ба гуфти Раҷаби Мирзо) ба як филми сустакак (аз бардошти Абдуқодир Талбаков) табдил ёбад?
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00