Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Кош модарам имрӯз меомад...


Кош модарам имрӯз меомад...



Модарам зани отифа буду боиффат. Ҷисман қавипайкар набуд, вале миёни занҳои деҳа забони ширину сухани гузаро дошт. Маърифати баландро доро буд.

Чун зиёд китобҳои бадеӣ мутолиа менамуд, шоиртабиат ҳам буд. Дар хотирам ҳамон акси айнакдори давраи 60-65-солагиаш, ки аз маҷаллаи «Садои Шарқ» афсонаву ҳикоя мехонд, то ба ҳол хуб ҷилвагар аст. Дӯст медошт, ки хондаҳояшро ба дигарон нақл кунаду дигарон гӯш кунанд. Ҳоло ҳам афсонаҳое, ки аз модарам шунида будам, фаромӯш накардам. Модари меҳрубонам дар тарбия ва камолоти маънавии ҳамаи мо-7 фарзанд таъсири амиқ гузоштааст. Ин аст, ки имрӯз ҳама фарзандон соҳибмаълумотанд ва дар соҳаҳои гуногуни рӯзгор пайи кору пайкоранд ва гумон мекунам, ки маҳз бо ҳидояти фазлу маърифати модар роҳи худро дар зиндагӣ ёфтаанд.

Рӯзгори тифлӣ ёдам меояд…

Айёми тамузи тобистону фасли зардолупаз макони дӯстдоштаи модарам боғи падариаш буд. Он дар поёни деҳа ҷойгир аст. Саҳар мерафту шомгоҳон меомад.

Бо ҳавою ҳавсалаи комил ҳосилро ҷамъ мекард. То ба охири ҳосилғундорӣ хеле заҳмат мекашид, меваи хушки зардолуро барои фурӯш омода мекард. Ба қавли падарам, меҳнату заҳмати модарам баракати зиндагиамон буд.

Субҳгоҳон ду зарфи зардолуғундории ба худаш мувофиқро мегирифту мерафт ба боғи падарӣ. Ҳеҷ яке аз мо-фарзандонро аз хоб бедор намекард, ки ҳамроҳиаш кунем. Ба гуфти худаш ба хоби мо «хиёнат» намекард. Агар падарам барои дер аз хоб хестанамон асабонӣ мешуд, модар, моро тарафгирӣ мекард ва мегуфт: «Бачаҳо дар боғи ноҳамвор монда мешаванд, монед аз хоб сер шаванд». Дар ин ҳолат сарҳо зери болин аз ҷогаҳи хоб мефаҳмидем, ки модарам барои ҳимояи мо дурӯғ мегуфт, чунки ҳамарӯза бештари меҳнати зардолуғундорӣ бар дӯши худи модарам буд. Аз ҷониби дигар, кори ҳар касро назараш намегирифт, бахусус меҳнати мо «бачаҳои камҳавсаларо».

Ман, ки фарзанди аз ҳама хурдӣ будам, аз домони модарам канда намешудам. Ба қавле, «кенҷагӣ» будаму худро дӯстдоштатарин фарзанди модарам тасаввур мекардам. Куҷое мерафт, ҳамоно ба суроғаш  мерафтам. Агар ӯро намеёфтам, зуд гиряву ноларо сар мекардам. Вақте ки аз бозиҳои бачагиам хаставу сер мешудам, боз мерафтам «очаковӣ», сӯйи боғ.

Аз як маротиба дидани чеҳраи модар мисли ҳамаи фарзандон, ба қавле сер мешудам. Модарам ҳам дар баробари дидани ман ҳамаи корашро як тараф монда, зуд чойҷӯшашро рӯйи оташдони саҳроӣ мемонд, Чойро меҷӯшонду шиками маро сер мекард…

Баъзе рӯзҳое буд, ки ба боғ назди модарам мерафтам, ӯро назди дастурхони печондаашу оташдонаш намеёфтам. Поёни девори боғ ҷойи зардолухушкониаш буду ҳатман ӯро дар ин ҷо пайдо мекардам. Баъзан агар пайдояш намекардам, аз ягон гӯшаи боғ садои пасти гиряро мешунидам.

Модарам ҳамин гуна одат дошт, ки дар танҳоӣ, аз ғаму ғуссаҳои дар дилаш ҷамъгардида худ ба худ қисса мекарду ашк мерехт. Аз писари мусофираш мегуфт, аз падару модараш, аз хоҳари бемораш, аз рӯзгори фарзандонаш, аз талхиҳои зиндагиаш қиссаҳои ҳузнангезу гиряолуд мекарду мегирист. Баъзан худи ман ҳам сабрро аз даст дода, дар баробараш мегиристам. Бо ҳисси кунҷкобии бачагӣ аз модарам мепурсидам, ки охир ин гиряҳо барои чӣ аст, чаро гиря карда, худу ҳамаи моро ғамангез мекунӣ? Танҳо як ҷавоб медод: “Писарам, калон шуда, фарзанддору зиндагидор шавӣ, баъд мефаҳмӣ.” Замоне, ки соҳиби зиндагии худ шудам ва аввалин фарзандам ба дунё омад, модарам гахвораҷунбонаш буд ва чун одат суруди алларо ширин-ширин мегуфт. Бо гузашти рӯзу солҳо дарк кардам, ки ин ҳикмати модарам ҳақиқати зиндагӣ будааст ва зиндагӣ дард асту дард. Аввалан аз даст додани модар, падар, марги бемаҳали бародар ҷонкоҳтарин зарбаҳои зиндагиам шуданд.

Вопасин рӯзҳои модарам...

Тобистони соли 1999. Ҳамон сол соли зардолу шуд. Боғҳо ҳама серҳосил шуданду модарам субҳи барвақт ба боғ мерафту шабонгаҳ бармегашт. Ҳатто баъди ба хона омадан то поси шаб рӯйи боми хона зардолуҳои нимхушки аз боғ овардаамонро дар болои ҳар гуна матоъ ҳамвор мегузошт. Меваҳои хушкро ба халтаҳо ҷо намуда, мегуфт, ки то омадани тирамоҳ меваҳои ҷамъовардааш ин ҷо бошад, то онҳо дар гармии хона сифаташонро аз даст надиҳанд. Дар ин сол ман аллакай баъди хатми Донишгоҳ ба деҳа омада, дар мактаб омӯзгор будам ва ба корҳои модарам ёрӣ медодам. Ҳамон сол модарам ба синни 69 даромада буд ва қуввату дармони пештараро надошт. Илова бар ин, аз оғози тобистон худро бад ҳис мекард. Модарам як бемории одатие дошт, ки ҳар ҳафта сараш сахт ба дард меомаду то як рӯз хоб намерафт ва ин дард ӯро тарк намекард. Ӯ мегуфт, ки ин бемориаш ирсӣ асту онро то ба гӯр мебарад. Бадбахтона, ҳамин беморӣ аз оғози тобистон авҷ гирифту акнун тезтез ӯро дарди сар азоб медод. Ноилоҷ модарро ба шаҳри Душанбе бурдем. Дар ҳамон шабу рӯз бародари калонӣ, ки дар Ҳисор кору зиндагӣ мекард, фарзанди калониашро хонадор мекард. Баъди гузаронидани тӯйи апаам, ки ӯ низ дар пойтахт иқомат дорад, модарамро барои ташхиси дақиқ ба беморхонаи Қарияи Боло меорад. Дар шуъбаи қабул духтуре саҳлангорона ташхис карда, ӯро ба шуъбаи онкологӣ роҳхат медиҳад ва дар муқоваи шиносномааш чунин навишта мекунад:
«Онкология-Корпуси 10» .

Апаам нақл мекунад, ки модарам баъди хондани ин навиштаи духтур дигар қуввае пайдо накард, ки то ба бинои 10 равем ва баргаштем ба Ҳисор…

Баъди гузашти чанд рӯз аз ин ҳодиса бародарам бо мошинаш модарамро ба деҳа овард. Ҳангоме, ки модарамро ба деҳа оварданд, дигар қуввату мадори сухан гуфтан надошт. Апаи калониам аз болои сараш дур намешуд ва ҳар замон лабҳои хушкмондаашро бо пахтаи тар тоза мекард. Ҳар вақте, ки модар ба худ меомад, кӯшиш мекард, ки ба гап ояду чанд сухане гӯяд. Баъди 19 рӯз аз даргузашти модарам духтари сеюмам ба дунё омад. Модарам орзу мекард, ки ин дафъа писар таваллуд шаваду муттакояш шавад. 

Ҳарчанд ин орзуи модарам амалӣ нашуд, аммо аз бори дигар духтарчадор щуданам хеле хурсанд будам, чунки ин дафъа васияти модарамро ба ҷо меовардам. Барояш номи модарамро гузошта, ин калимаро аз забонам дур намекунам ва барои шикастани хумори модар «Оча» гуфта садояш мекунам:
Ман мондаам номи туро,
Бар духтари худ, модарам.
То «оча»-аш гӯям, к-аз он,
Осуда гардад хотирам.
Охир ғами бемодарӣ,
Як умр гирёнад маро.
Дар роҳи ноҳамвори умр,
Аз пой афтонад маро.

Арвоҳи модар…

Инак, 24-умин баҳори бемодариам фаро мерасад. Гузашти умр лаҳза ба лаҳза, дақиқа ба дақиқа фурсатҳои умри моро мебарад. Баҳор меояду хазон, хазон мераваду боз баҳори нав меояд. Ҳар гоҳ, ки дар оина ба сурати худ менигарам, бо модар буданҳою суханҳояш ба ёдам меояд. Замоне модарам ба торҳои сафедгаштаи мӯйҳои сари бародарам, ки аз ман 15 сол бузургтар буд, андешаманду ҳузнангез нигариста мегуфт: «Кӯр шаваму мӯйи сафеди бачама набинам». Модарҷон, ин сафедӣ имрӯз бар сиёҳии мӯйи сари манфарзанди аз ҳама хурдиат ғолиб омада…

Ҳарчанд аз умрам фосилаи зиёда аз ним аср гузаштааст, боз ҳам хумори модар мегирад, ки кош ин лаҳза дасти навозишаш болои сарам бошаду бо муҳаббат таскину тасаллоям бахшад.
Он, ки доим ҳаваси сӯхтани мо мекард, 
Кош меомаду имрӯз тамошо мекард…

Шабонгаҳ модарам аз хондаҳояш нақлу қиссаҳои аҷоибу шавқовар мекард. То як поси шаб афсонаю ҳикояҳояшро гӯш мекардему бар асари ин қиссапардозиҳо ноаён хобамон мебурд. Баъзе шабҳои қиссагӯйи модарам гирди чароғи хона шабпараке давр мезад. Барои ин, ки мо шабпаракро озор надиҳем, модарам мегуфт, ки ин шабпарак шояд арвоҳи яке аз гузаштагони мо асту моро назора мекунад, то гуноҳе накунем ва ҳатто чунин ҳашароту ҷондорҳоро озор надиҳем. 

Ин лаҳза, дар ин поси шаб, назди компютер нишастаам ва барои ёддошти модарам донаҳои ҳарфи муҳаббату садоқат мекорам, шабпараке болову поёни рӯшноии ин сафҳа медавад. Ана акнун хурсандам, ки дар ин бевақтии шаб ҳамрозу ҳамсуҳбати худро пайдо кардам:

-Эй шабпарак, шояд ту арвоҳи модари манӣ ва барои хабаргирии ман омадаӣ? Аз ту як хоҳиш дорам. Ба модарам расон, ки ман хубам, зиндагии осуда дорам ва рӯзгорам бо фарзандону азизонам ширину гуворост.

Меравӣ?

Як лаҳза ист!

Ба модарам омадани баҳорро муборак гӯй ва аз ту хоҳиш дорам, ки ин паёми маро, албатта барояш бубар!

Рӯзат муборак, МОДАР!!!

Қамариддин ОДИНАЕВ,
муҳаррири ТВ “Ҷаҳоннамо”,
узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода