Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «5151»


«5151»




Мехоҳам изҳори муҳаббатамро ба ту аз ин ҷо оғоз намоям. Ту оне ҳастӣ, ки маҳз вуҷуди ту водорам менамояд, ки қалам ба даст бигираму бинависам. Хаёли ширинатро, интизориатро айни замон бо чизе иваз карда намешавад. Ҳар бор, ки ба смс -паёмакҳои телефонам назар мекунам, дарҳол ту ба ёдам меоӣ. Чунки ҳеҷ паёмаке хушҳолиеро чун смс -ҳои ту бароям эҳдо карда наметавонад. Ҳатто ҳар гоҳе садои омадани смс -е аз телефон ҳушдорам медиҳад, гумон мекунам, ки ту бошӣ. Ҳамсарам бошад, бо вуҷуди он, ки ба сояи худ ҳам рашк мекунад, ба интизориҳои ман аз паёмакҳои ту коре надорад. Чун ту “моя”-и “муҳаббат”-у оромиши ӯ ҳам ҳастӣ. Вақте дилам мехоҳад дасти бародарро бигирам, ба дидори падару модар биравам, аз хоҳарону хешу ақрабо суроғе намоям, аввал ту ба ёдам меоӣ.

Охир, бе ту ҳеҷ маъракаву дидорбинӣ ва ҷашну маросим маъное надорад. Бе илҳоми омадани ту ҳатто хотири фарзандонро шод кардан душвор аст. Аҷаб муҳаббату аҷаб қудрате дорӣ, азизам!

Кормандони “Горсвет” ва “водоканал”-у дигру дигарҳо, ки дарро бо зарда мекӯбанд, гирифтани номи ту сарфаашонро паст мекунаду эътимод мебахшад. Ту, ки набошӣ, на шодӣ ҳасту на сурур, на нозу на ғурур. Хаёли омадани ту бо нахӯдшӯрбову картошкақоқ қаноат мебахшаду омаданат пайғоми омадани тандуру лӯлакабобро медиҳад.

Вақте аз растаи мевафурӯшон мегузарему таноби иштиҳо бо дидани ангуру анор ва меваҳои ситрусӣ боз мешавад, хотири ту кӯлвори “тасалло”-ямон мебахшад. Ва ҳамин, ки қадами муборакат ташриф овард, дӯстони “куҷошинам”-и дар боло зикршуда худ дасти тавозуъ пеши бар, рӯи хони мо ташриф меоранд. Номи ту, муҳаббати ту қалби пиру ҷавон, хурду калонро тасхир намудааст. Ҳатто тӯйдорону азодорон новобаста аз вазъи худ туро яксон дӯст медоранд. Чун ту ҳастӣ, ки мушкилии онҳоро осон менамоӣ. Дар тӯй “сипари даҳон”-и қудоҳо ва дар мотам “сари баланд”-и сугдорон мегардӣ. Чӣ дилписандии ҷолибе.

Хабари омадани ту ягона навидест, ки дӯсту душман гуфтани онро аз ҳамдигар дареғ намедоранд. Ту ҳастӣ, ки омӯзгор “сари як по” истода дарс мегӯяду духтур субҳ то шом нозу итоби беморони эркаро таҳаммул менамояд. Омадани ту танҳо нӯшдоруест, ки қарздорони муштхоҳро дар фосила нигоҳ медорад. 

Бозори туро бо умеди афзудани харидорон интизор мешаваду ронанда бо умеди зиёд шудани савориён.

Ту ҳастӣ, ки хонаҳоро палос ва одамонро либос меорояд. Ҳарчанд, ки рӯзҳо паси сар мешаванд, ҳамон қадар чашм ба роҳат мешавему муҳаббатамон афзунтар мегардад. Ҳатто баъди ҳар мулоқот, ки бо мо нав хайрбод мегӯӣ, дарҳол пазмонат мешавем ва дар фикри вохӯрии навбатӣ мешавем. Чӣ метавонад сазовори ин гуна муҳаббати бемисл бошад. Танҳо ва танҳо ту. Бигзор омаданат ҳамеша чунин ҳумоюну хушҳолкунанда бошад, смс -паёмаки “5151” (аз «Амонатбонк», ки муждаи маошро медиҳад).

Маҳҷуб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода