Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ОМӮЗГОРИ ДДК ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОНИ ИДМ-2023" ШУД


ОМӮЗГОРИ ДДК ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОНИ ИДМ-2023" ШУД



Низомиддин Комилов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, омӯзгори факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои ИДМ дар 8-умин озмуни байналмилалии "Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ - 2023" иштирок намуда, ғолиб гардид.

Ҳамасола дар доираи Лоиҳаи "Нашрияи байналмилалии китоб" озмуни "Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои ИДМ ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ - таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир карда мешавад ва дар он шумораи зиёди намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Н. Комилов бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони “Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон” иштирок намуда, дар бахши иқтисодиёт ғолибиятро ба даст овард ва бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2023” қадрдонӣ карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода