Ҷавонон - неруи созанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 214
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, зиндагии шоистаи мардум ва шинохти асолати миллӣ заминаи боэътимод гузошта, имкон фароҳам овард, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бузургтарин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида шаванд.
Боиси ифтихору сарфарозии тамоми ҷавонону варзишгарони вилояти Хатлон аст, ки аз солҳои аввали давлатдории навини тоҷикон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба самти ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Марид ба зикр аст, ки дар ин муддат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани беҳтарин шароиту имконият ба ҷавонон дар самти кору таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ташаббусҳои ҷавононро ҳамеша истиқбол менамоянд.
Дар воқеъ, ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии самти кор бо ҷавонон беназир аст.
Таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи милли сиёсати давлатии ҷавонон барои то соли 2030», «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», таъсиси Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёну хонандагони аълохон, квотаи Президентӣ барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳими давлатие мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат равона гардидааст.
Солҳои қаблӣ шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ дар ҳудуди вилоят 145 нафарро ташкил мекард, ки бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин теъдод ба 1200 нафар баробар карда шуд. Бо афзоиш ёфтани теъдод, ҳамзамон ҳаҷми маблағи стипендияи президентӣ дар вилоят ба 600 сомонӣ расид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби корӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Хуросон, Дӯстӣ, Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг биноҳои марказҳои муосири ҷавонон ба истифода дода шуд, ки ин иқдом барои дастгирии ҷавонон ва пешрафти кори соҳа мусоидати фаъол менамояд.
Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда истодааст, ки мо аз ин таваҷҷуҳ хеле хушҳолем. Тибқи омори расмӣ шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1053743 нафар, аз ин теъдод 522 658 нафар духтарон ташкил менамояд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои олӣ аз ду адад, ба 7 адад расида, теъдоди донишҷуён низ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Муассисаҳои олии вилоят баҳри омода кардани кадрҳои ихтисосманд дар соҳаҳои мухталиф фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд, ки баҳри коҳиш додани норасоии кадрӣ нақши муносиб дорад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳамаи самтҳо ҷавонон дастгирӣ меёбанд ва ин иқдомҳо онҳоро ҳавасманд карда, саҳмгузории ҷавононро дар рушду пешрафти Тоҷикистон ва ободонию бунёдкориҳо бештар менамояд.
Шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 203 нафар аз ҳисоби ҷавонон буда, нисбати соли 2022-юм 23 нафар зиёд мебошад.
Теъдоди ҷавонон дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо 619 нафар буда, нисбати соли гузашта 136 нафар зиёд мебошад. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сол аз сол дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи ҷавонон муваффақтар мегардем ва барои онҳо имконияти бештар фароҳам оварда мешавад. Боиси хушнудии зиёд аст, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат дар самти ҷавонон соли 2016 дар вилояти Хатлон Шурои олимони ҷавон таъсис ёфт, ки дар самти ҷалби ҷавонон ва ҳимояи ташаббусҳои илмии онҳо дар ҷомеа амал намуда истодааст. Шумораи умумии олимони ҷавони дорои дараҷаҳои илмӣ дар сатҳи вилоят 75 нафарро ташкил менамояд.
Иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “«Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнии ҷавонон равона гардидааст, ки ҳамасола садҳо нафар ҷавонон дар ин рақобатҳои илмӣ иштирок менамоянд.
Варзиш низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатист, ки рушди он бе иштироки фаъоли ҷавонон имрӯз имконнопазир аст.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 180 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешаванд. То имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 28 адад иншооти варзишӣ ба истифода дода шудаст.
Боиси сарфарозист, ки дастпарварони мактабҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар мусобиқаҳои сатҳи баланд иштироки фаъолона намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.
Имрӯз ҷавонони Хатлонзамини бостон бо иродаи қавии сиёсию ҳуқуқӣ, масъулияти баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ дар пайравӣ ба мактаби инсондӯстонаю шуҷоатмандии Пешвои муаззами миллат бар зидди ҳамагуна гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони давлату миллат истодагарӣ намуда, бо далелҳои дақиқ ба ҳуҷуми иттилоотии онҳо, буҳтону суханҳои нопок ва ғаразнокашон вокуниш нишон дода истодаанд.
Ҷаҳони имрӯза, ки дар набарди муборизаҳои шадиди иттилоотӣ қарор дорад, пеш аз ҳама ба афкори солиму созандаи насли ҷавони ҷомеа, ки бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, созандагони фардои давлатдории миллии тоҷикон хоҳанд буд, эҳтиёҷ дорад.
Воқеан, рушди босуботи ҷомеаи имрӯза ва камолоти маънавии ҷавонон дар роҳи садоқатмандӣ, арҷгузории қавӣ ба арзишҳои миллӣ, муҳаббату садоқат ба Ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар боз ҳам устувортар мегардад. Ҷавонони Хатлонӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тамоми тадбирҳоро рӯи даст гирифта, дар пайравӣ ба мактаби ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат тамоми донишу малакаи худро равона намуда истодаанд.
Рамазон Насриддинзода,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши
вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...