Ҳамдаму ҳамрози мардум
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 260
Худованд гоҳо як идда инсонҳоро барои он меофарад, ки эшон ба туфайли фикри солим, ақли расо, нутқи фасеҳу бурро, қавлу амали ростинашон дигарҳоро роҳнамоӣ кунанд, ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Чунин абармардон поягузорони таҳкурсии таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ки амсоли занҷири пайваста дар тӯли ҳазорсолаҳо ин миллати бостониро ба ҳамдигар пайванд сохтаанд.
Чархи таърих ба миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пайрави ин насли куҳанбунёд ба арсаи сиёсат ворид сохт. Бешубҳа, метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на ба силоҳи хунрез, балки ба воситаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавонист миёни мухолифин сулҳро барқарор созад. Ин амалҳои Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшони таърихи миллати тоҷикро баъди ҳазорсолаҳо равшан сохтаву миллати парокандаро муттаҳид намуд.
Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо мо - насли ҷангдида, балки тавассути меҳрубониҳои самимиаш кӯдакон меваҳои шаҳдбори истиқлол низ мешиносанду дӯсташ медоранд. Ин дӯстдориҳои тифлон беҳуда нест, чунки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқотҳояш пайваста бо кӯдакон рӯ ба рӯ шудаву онҳоро падарвор ба оғӯш мекашад, ки ин амалро на ҳар Президент ба хеш раво мебинад. Пайваста дар мулоқотҳояш таъкид менамоянд, ки бо кӯдакон дар оила муносибати нек дошта бошем, зеро кӯдакон ояндаи мо мебошанд. Вақте дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳангоми сафарҳои корӣ мо бо кӯдакону ҷавонон вомехӯрем, ҳатман дар мавриди орзуи мулоқот доштанашон бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан меронанд. Ин орзуи кӯдакон ҳатман ҷомаи амал мепӯшад.
Вобаста ба ин, метавон чанд хислати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмонро зикр кард, ки дар таърих ба кам шоҳону сарварон Худованд арзонӣ доштааст.
Падару модар беҳтарин неъмати Худованд барои фарзандонанд. Воқеан, касе, ки падару модари худро аз даст медиҳад, бо чӣ мушкилиҳое дар зиндагӣ рӯ ба рӯ меояд. Надоштани сарпаноҳ, дилшикастагӣ, ноумедӣ миёни ҳамсолон ва амсоли инҳо ӯро сахт ғамгину ба қавли Саъдии Шерозӣ сарафканда месозад.
Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Оре, сари ятимонро сила кардан, онҳоро соҳиби касбу кор намудан, ба хӯроки гарм таъмин намудан, либос харидан, хонадор кардан, соҳиби хонаву дар кардан ва билохира соҳиби мансабе сохтан басе кори хайр ва дар навбати худ мушкил аст. Ин вазифаи мушкил имрӯз ба зиммаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтодааст. Ман ба ҳайси як ҷавон дар чандин мулоқоти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзидааму ин амали неки ӯро нисбат ба ятимон мушоҳида кардаам. Дидам, ки қалби пок, самимият, дӯсториву эҳтироми вай нисбат ба ятимон чӣ гуна аст. Дар сафарҳояш ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистони офтобӣ ҳатман сари ятимеро сила кардаву ятимхона ва ё муассисае барои онҳо мекушояд, ки касе дар таърих амсоли вай баҳри ятимон хизмат накардааст. Шоири бузурге фармудааст:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз дар тамоми сохторҳо дастгирии ятимон баръало эҳсос мегардад. Ятимон низ худро сарафканда не, балки фарзандони Пешвои миллат меҳисобанд.
Барои ятимон дар муассисаҳо шароити таҳсил, ҷойи хоб ва ғайра фароҳам оварда шудааст. Аз миёни ятимон ғолибони озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ сол то сол зиёд гардидаву тавассути ин ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори давлат дар миқёси байналмилалӣ гардидаанд. Аз Худованд талаб дорам, ки дар таърих ҳазорсолаҳо номи некаш боқӣ монаду вирди забонҳо бошад. Муҳаммад (с) дар ҳадисе фармудааст: «Якрӯза адли султони одил фозилтар аз ибодати шастсола бувад». Дуруст аст, вақте мо мебинем, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вориди ятимхонае мешаванду сари ятимеро сила менамоянд, либос мепӯшонанд, ашкҳои чашмони ятимеро пок месозанд, бисёр дар ҳайрат меафтем. Саломатӣ беҳтарин неъмати Худовандӣ аст, ки мутаассифона, он на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки дар Тоҷикистони азизамон духтурону донишмандон дар хонаҳои маъюбон ба табобату парвариши онҳо пайваста машғул ҳастанд. Ҳеҷ аз хотирам намеравад, дар як сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи маъюбон ворид гардид ва тифли маъюбе, ки дасту пойи равон надошт, ба сӯйи Сарвари ғамхору меҳрубони мо муроҷиат карда гуфт: «Бобоҷон, пойҳоям сахт дард мекунанд». Албатта дидану шунидани ин манзара бисёр ғамангез аст. Дили сангро низ об месозад. Аммо ҷиҳати дигари кор ин аст, ки маъюбон низ аз ин марди хирад умеду боварӣ доранд, ки барои кумакашон ягон чизро дареғ намедоранд. Баръакс, агар бемории шифоёбанда бошад, тамоми чораҳоро меандешанд, то саломат гарданд.
Дар таърихи 18-уми декабри соли 2015 ҳангоми тамошои телевизиони «Баҳористон» барномаи консертиеро ба намоиш гузоштанд, ки дар он ҳама иштирокчиён аз ҳисоби маъюбон буданд. Баъди тамошои ин манзара ба хулосае омадам, ки ин ваҳдатофарӣ, башардӯстӣ, қадршиносӣ ва ин меҳрубонӣ хоси амалҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавассути сулҳу ваҳдати сартосарӣ имрӯз насиби на танҳо кӯдакони солиму тавоно, балки кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд низ гардидааст. Тавассути ин амалҳои хирадмандона кӯдакони маъюб аз хурдӣ дуредгарӣ, дӯзандагӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва садҳо ҳунарҳои дигарро аз худ менамоянд, ки дар оянда аз ҷомеа дар канор намонанд. Муҳаммад (с) ҳангоми ҷорӣ намудани дини ислом се ҳикмати бузург доштанд: «Беморонро аёдат кунед, асиронро раҳо созед, гуруснагонро ғизо диҳед». Ин се ҳикмати пандомӯз дар амалҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос мегардад.
Донишманде гуфта: «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Оре, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали давлатдорӣ, баҳри эҳёи таърихи миллати хеш камари ҳиммат бастанд. Дар давоми 32 соли Истиқлол солгарди чандин нобиғаҳои миллат, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин амалҳои Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки тавассути сиёсати башардӯстонаи эшон бори дигар ба ҷаҳониён аён гардид, ки миллати тоҷик дорои чунин фарзандони донишманд мебошад.
Маҳз бо шарофати Истиқлол-Ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳ дар Ватан бо фармонҳои Пешвои миллат ба панҷ нафар - Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва аз тарафи Маҷлиси Олии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандаашон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Ҷавонон ояндаи миллатанд. Ин суханест кӯтоҳ, аммо мантиқан хеле бузург. Худованд ба Сарвари мо чунин симои зебои тоҷикона додаву қалбу рӯҳи ҷавони вай тамоми ҷавононро ба худ моил ва муттаҳид сохтааст. Агар аз ман пурсанд, ки ҷавонон аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чиро итизоранд, дар посух мегӯям:
«Эмомалӣ Раҳмон офтобест нурафшон, ҷавонони тоҷик сабзазореанд навруста ва мусаллам аст, ки сабза барои сабзиш эҳтиёҷ ба офтоб дорад. Орзу дорам, ки ин хуршеди дурахшон ҳамеша болои мо нурафшонӣ намояд».
Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки ин кумита ҷавононро дар худ муттаҳид сохта, сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад. Барои ҷавонони лаёқатманд идрорпулиҳои гуногун, квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ ва барои олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд.
Борҳо аз рафиқону дӯстонам шунида будам, ки ҳузури Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кас неруи дучанд мебахшад ва ӯро барои кору зиндагӣ рӯҳбаланд месозад. Дарвоқеъ, санаи 28-уми августи соли 2015 дар ҳаёти ман рӯзи бисёр ҳам муҳим ва хотирмон боқӣ мемонад. Барои сазовор гардиданам ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ба ҳузури Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даъват шудам. Ҳангоми наздик шудан бо Эмомалӣ Раҳмон бори дигар эҳсос кардам, ки чӣ қадар ба миллати тоҷик Худованд ҳадяи бузурге додааст. Гузашта аз ин, ба гурӯҳи зиёда аз 150 нафар самимона, ғамхорона, инсондӯстона ҷоизаву унвонҳои давлатиро тақдим карданд. Дар ботину зоҳири Эмомалӣ Раҳмон хастагиро эҳсос накардам.
Дар баробари банда 11 нафари дигар аз ҳисоби олимони ҷавони Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ гардиданд. Ин нуктаҳо баҳри васфи самимияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ин рӯ ҳама орзу доранд, ки боре бо ин марди хирад аз наздик суҳбат ороянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инсони хирадманди давру замон, дӯстдори пиру ҷавон, арзанда ва лоиқи тамоми арзишҳо, кашшофи андешаҳои созандаи давр бо пешниҳоди худ дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён бори дигар собит сохт, ки тоҷикон бо идеяҳои худ метавонад наҷотбахши на танҳо миллати хеш, балки кулли башарият бошад.
Аҳлиддин Саиднуриддинзода,
директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...