Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Набимуҳаммад Хоркашев чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон шуд


Набимуҳаммад Хоркашев чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон шуд



Имрӯз, 3 ноябри соли равон Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, соҳиби мақоми аввал гардид.

Набимуҳаммад Хоркашев дар ин мусобиқа бар чор ҳариф - се варзишгар аз Қазоқистон ва як варзишгар аз Ӯзбекистонро шикаст дод ва чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқа 1011 варзишгар аз 68 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 21 паҳлавон байни мардон намояндагӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Набимуҳаммад Хоркашев, айни ҳод ба ҳайси директори муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Бохтар фаъолият дорад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода