Машъали фурӯзон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 319
Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад ва ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обру ва эҳтироми хоса гардонидааст. Ҳар гоҳе номи омӯзгор, муаллим ва ё устодро ба забон меорем, пеши назари мо нафари меҳрубон, хоксор, илмдӯсту маърифатпеша, шахсе, ки шояд аз волидонамон зиёд барои мо дилсӯз аст, ҳувайдо мегардад. Камина, чунин омӯзгори соҳибдилу хушфаҳмро дар симои муаллими аввалини худ Гулғунча Ёрасенова дарёфтаам.
Дар меҳвари таълиму тарбияи ин омӯзгори варзидаи тоҷик одаму одамгарӣ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, футуввату ҷавонмардӣ, донишу амал қарор дорад, ки ин сифатҳои ҳамидаро ба шогирдон омӯзондаву беш аз 50 сол онҳоро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ тарбия намудааст.
Гулғунча Ёрасенова вазифаи асосии худро ҳамчун омӯзгор, на фақат дар омӯзонидани илму дониш мебинад, балки таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи ростро низ меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим меҳисобад. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будан кори саҳлу осон нест.
Ботаҳаммул ва соҳиби иродаи устувор бояд буд, то ба кӯдакони хурдсол ҳарфу ҳиҷо омӯзонӣ, ба саволҳои бешуморашон ҷавоб гардонӣ, одитарин қоидаҳои рафтор, дӯстию рафоқатро ёд диҳӣ. Устод Ёрасенова воқеан, қалби мунаввар, дониши расо, малакаи хуби роҳёбӣ ба дили ҳар як шогирд ва сухани таъсирбахш дошта, мекӯшад, ки ҳамаи онҳо хушсаводу хушодоб бошанд. Ба ҳусни хатти ӯ ҳамагон ҳавас мекунанд, чун бисёр зебову марворидвор, дона-дона менависанд. Худ шоҳидам, ки мекӯшиданд, то шогирдон ҳам хатти шабеҳи ӯро дошта бошанд. “Ҳусни хат беҳ аз ҳусни дидор аст”, - ҳамеша ёдрас менамуд ба шогирдон дар вақти дарс.
Мудом ба мо - шогирдон таъкид мекард, ки ҳар муваффақият ва комёбӣ танҳо дар ҳолати омӯзиш ва такопӯи пайваста имконпазир мегардад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳамеша пайи ҷустуҷӯи илм бошему забонҳои хориҷӣ ва дониши навтаринро аз худ кунем. Вақте мо - шогирд дар озмуну олимпиадаҳо муваффақ мегардидем ва бо медалу ифтихорномаҳо ба мактаб бармегаштем, устоди мо нафаси ором мегирифту аз кори худ меболид.
Ҳамин минвол, то расидан ба 75-солагӣ устоди мо аз кори дабиристон канда нашуд. Ӯ кори омӯзгориро пешаи муқаддас медонад ва такрор ба такрор мегӯяд, ки агар Офаридгор барояш умри дубора бахшояд, боз ҳам омӯзгор хоҳад буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯё маҳз дар васфи чунин омӯзгорони ҷонфидо гуфтаанд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад».
Дар ҳақиқат, агар барои бартараф гардидани зулмати шаб ва сукути беинтиҳои он накҳати субҳ ва хуршеди дурахшон лозим бошад, барои ба роҳи дониш рафтану сабзидани орзуву мақсадҳои наку ва рӯшании зиндагии инсон омӯзгор нақши субҳ ва хуршедро дорад. Тавре ки саромади илми педагогика Ян Амос Каменский гуфтааст: «...ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад». Ин аст, ки аз ибтидои ҷомеаи башарӣ ҳамеша устодро роҳнамову роҳкушо ва тарбиятгару таълимдиҳанда меҳисобанду ба бузургияш арҷ мегузоранд.
Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки ба ботини одамон нур мебахшад. Омӯзгори нуронии мо Гулғунча Ёрасенова мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд. Аз ин ҷост, ки:
Беҳин фарди ҷаҳон омӯзгор аст,
Аз ӯ сарсабзу хуррам рӯзгор аст.
Чеҳраи нуронӣ ва маҳорати баланди омӯзгорӣ, одамият ва нармгуфторӣ, донишмандию хушбаёнии Гулғунча Ёрасенова барои пиру барнои Вахшонзамин ошност. Ӯ ҳарчанд зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аст, беш аз 50 сол боз дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба омӯзишу парвариши насли наврас машғул мебошад. Фаъолияти пурмаҳсул, масъулиятшиносии сатҳи баланд, худсозиву пайваста такмилдиҳии маҳорати касбӣ ӯро ба дараҷаи як омӯзгори соҳибмактаб расонида, боиси болоравии обруву эътибораш дар ҷомеа гаштааст.
Фаъолияти омӯзгории Г. Ёрасенова ҳанӯз аз 18-солагиаш шуруъ шудааст. Тӯли ин солҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод), Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл), Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) ва аз соли 1983 ба ин сӯ, дар шаҳри Бохтар кор кардаву мекунад. Мутахассиси соҳибному омӯзгори қавӣ будани ӯро дар назар дошта, соли 2000-ум раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ӯро барои кор дар гимназияи тозабунёди назди донишгоҳ даъват кард. Дар ин ҷо 9 сол фаъолият дошт ва пасон, соли 2009 ба литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кор омад. Солҳои охир дар литсейи давлатии №1-и маркази вилоят фаъолияти бобарор дошт.
- Омӯзгор як рисолат дорад ва он ҳам тарбияи насли наврас аст, - мегӯяд Г. Ёрасенова. – Гарчанде синну солам ба ҷое расидааст, аз мактаб дил канда наметавонам. Бе мактаб, бе кӯдакон вуҷуд доштан бароям ҳатто ғайри қобили тасаввур аст. Кори омӯзгорӣ бароям хушбахтист.
Аҳли маориф сатҳу сифати баланди дониши шогирдони Гулғунча Ёрасенова ва тарбияи шоистаи онҳоро маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули фаъоли таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии ин омӯзгор вобаста медонанд. Омӯзгорони ҷавон аз таҷрибаи ӯ меомӯзанд, пайваста аз машварату маслиҳаташ баҳравар мешаванд, аз усулҳои натиҷабахши фаъолияташ истифода мебаранд, ба ӯ пайравӣ мекунанд.
Тавре гуфтем, омӯзгор будан агар ба назар кори осон намояд, вале дар амал аз он дида касби душвортар нест. Зеро на ҳар кас дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида метавонад. Ба ғайр аз ин, дар шароити имрӯза таълиму тарбияи наврасон душвориҳои зиёд дорад. Барои омӯзгор шудан, пеш аз ҳама, асабҳои мустаҳкам лозим аст. Чунки ҳангоми фаъолият бо бисёр монеаву мушкилот рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Омӯзгор бояд касби худашро дӯст дорад ва нисбат ба он содиқ бошад. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, шогирдонашро дӯст дорад. Агар касб ва шогирдонашро сидқан дӯст надорад, вай омӯзгор шуда наметавонад.
Донишманди тоҷик Ҳусейн Мазоирӣ дар нисбати заҳмати омӯзгорон мегӯяд: «Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз муаллимӣ нест».
Ҳамин дилбохтагиҳои Гулғунча Ёрасенова ба пешаи омӯзгорист, ки имрӯз ҳама шогирдон ӯро модарвор дӯст медоранд ва ҳатто пас аз хатми мактаб ҳам зуд-зуд ба дидораш мерасанд. Ҳоло шогирдони ӯро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳамчун мутахассисони баландихтисос вохӯрдан мумкин аст. Имрӯз парвардаҳои ин омӯзгори беназир ҳамчун устоди донишгоҳу коллеҷҳо, муҳандис, ҳуқуқшинос, хизматчии давлатӣ, табиб, корманди муассисаи фарҳангӣ, агроном, рӯзноманигор, намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра дар хизмати халқу ватан қарор доранд.
Масъулият ва талошҳои рӯзафзуни омӯзгори асил Гулғунча Ёрасеноваро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадр намуда, бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ намудааст.
Назари омӯзгори хушсалиқа Гулғунча Ёрасенова ба ояндаи омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон нек аст. Ҳоло ӯ пайваста ба шогирдон росткорию бовиҷдониро талқин мекунад ва дар зеҳни кӯдакон ин андешаро таҳмил мекунанд, ки дониш сарвати бебаҳост ва пулу мол ҳеҷ гоҳ ҷойи ин сарвати зеҳниро нахоҳад гирифт.
Ӯ ҳамеша аз омӯзгорони ҷавону соҳибистеъдод пуштибонӣ ва нисбаташон ғамхорӣ мекунад, то ба кори таълиму тарбия дилгарм бошанд ва бо шавқу рағбати бештаре ба шогирдон дарс гӯянд.
Ӯ, ки ба илму дониш, фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад ва омӯзгориро пешаи муқаддастарини рӯйи дунё меҳисобад, пайваста барои тарбияи маънавии шогирдон ранҷу машаққат мекашад. Ҳамаи маҳбубияте, ки дар миёни шогирдону ҳамкорон дорад, маҳсули фаъолияти пурбор, муҳаббат ба касб ва муносибати ғамхоронааш мебошад.
Бешубҳа, пойдорӣ, устувории ҷомеа, рушду нумуъ ва иқтидору пешрафти кишвар ба фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорону роҳбарони баруманде чун Гулғунча Ёрасенова вобаста мебошад.
Рӯзи 18 октябр собиқадори маорифи тоҷик, омӯзгори соҳибмактаб ва донишманди мо Гулғунча Ёрасенова ба синни мубораки 75 мерасанд. Ба ин муносибат устоди гиромии худро самимона табрику таҳният гуфта, барояш саломатии устувор, саодату сарбаландӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно дорем.
Раҳмонҷон Маъмурзода,
хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...