Люба ё оқи модар?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 331
Инсон як маротиба ба дунё меояд. Онро бояд тавре гузаронд, ки зиндагӣ осудаю хуш бошад. Зеро умр мисли оби дарё зудгузар аст ва ғофил мемонию он ноаён паси сар мешавад. Дар ҷавонӣ ба қадри он нарасида, дар пирӣ ёди ҷавонӣ мекунӣ. Вале ҷавонӣ бебозгашт аст.
... Синни бобои Раҷаб ба ҷое расидаю даври пирӣ меронад. Зиндагӣ миёнашро хам кард. Танаш дардманд шуд. Нури чашмонаш хира гаштанд. Қувваи кориро низ аз даст додааст. Вале зиндагӣ гиребонашро сар намедиҳад, намегузорад, ки ақаллан дар пирӣ лаҳзае осуда бошад.
Табиати одамӣ ҳамин будааст. То ҷон дар тан дорад, дар такопӯ буда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ҷон меканад.
Пирамард аз субҳи барвақт сари по мешавад. Молу ҳолашро ҷо ба ҷо карда, ба ҳота медарояд.
Аз кор зуд-зуд хаста шуда, лаби ҷӯйбор менишинад. Дар ҷараёни оби мусаффо умри рафтаи хешро мебинад. Давраи ҷавонӣ ёдаш меояд. Қалбаш бештар ба дард медарояд. Хатои дар ин айём кардаи худро намебахшад. Беихтиёр қалбашро ба об мекушояд. Бо садои паст-паст мегӯяд: -Оҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ! Дил мехоҳад, ки дубора вориди ҷаҳони зебою ширини ту гашта, шаҳди онро ба серӣ бичашад. Афсӯси зиёд, ки ҷавонӣ дигарбора такрор намешавад. Умр мегузараду ба қафо наменигарад...
Раҷаб мактаби миёнаро хатм намуда, ба курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ рафт. Баъди гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ як сол дар хоҷагӣ челонгар шуда кор кард. Ҳамсолонаш як-як ба хизмати аскарӣ мерафтанд. Ӯ низ орзуи сарбоз шуданро дошт. Хуб медонист, ки хизмати аскарӣ мактаби мардонагӣ буда, чашми ҷавононро ба дунёи дигар мекушояд ва мустақилиятро меомӯзонад. Ҷавон мехост тавассути хизмати аскарӣ ҷаҳондидаю одамшинос шавад ва аз халқиятҳои гуногунмиллат дӯсте дошта бошад. Нияти ҷавон ба гӯши волидон расид. Онҳо безобита шуданд. Аз пайи дарёфти келин шуда, мехостанд писарро оҷилан оиладор кунанд. Мақсад, ӯро аз хизмати аскарӣ боздоранд.
-Агар зан бигирам, орзуям дар дил мемонад. Ҳатто аз деҳа баромада наметавонам,-ин андешаҳо ӯро ба комиссариати ҳарбӣ овард. Ариза дода, ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтани худро баён намуд. Ба ҷавон даъватнома доданд. Раҷаб бо табъи болида ва хотири осуда ба хона баргашт. Як рӯз қабл аз гусел падару модарро аз асли воқеа хабардор намуд. Онҳо дигар монеъ нашуданд. Ба писари якрав дуои нек дода, роҳи сафеду хизмати хуб хостанд.
Раҷаб хизмати аскариро дар қисми низомии бинокорӣ дар вилояти Москваи давлати Россия оғоз намуд. Ҳар сари чанд вақт барои интизоми намунавӣ ва хизмати аъло ба ӯ рухсатии якрӯза медоданд. Ҷавон ба саёҳати шаҳри қаҳрамони Москва, махсусан Майдони Сурх мерафт.
Рухсатии навбатӣ барои сарбоз тақдирсоз гардид. Як гурӯҳ ҷавонони безорӣ назди боғи истироҳатӣ ду духтараки донишҷӯйро ҳалқа гирифта, онҳоро таҳқир мекарданд. Ба имдодталабии духтарон ягон роҳгузар эътибор намедод. Раҷаб ҳамроҳи ду ҳамхизматаш духтарони “ҷабрдида”-ро аз таҳқири ҷавонон халос намуданд. Тақдир Раҷабро бо бахт рӯ ба рӯ гардонд.
Аз нигоҳи аввал ба яке аз духтарон, ки Люба ном дошт, дил бохт. Люба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Москва будааст. Ӯ наҷотбахши худ Раҷабро ба хона бурда, бо модараш шиносонд. Ҳамин тавр муҳаббати тоҷикписару русдухтар оғоз ёфт. Муҳаббати ду ҷавон қавӣ гашт ва ба якдигар зиёд мешуд.
Раҷаб баъди адои хизмати аскарӣ ду сол дар шаҳри Москва монд. Бо Люба ҳамхона шуд. Дар оила духтарчаи сиёҳмӯю ширинак ба дунё омад. Бо розигии дутарафа ба тифл Зуҳро ном гузоштанд. Ҷавон аз зангирӣ ва духтарчадор шудани худ ба волидон хабар дод. Ӯ ба ҷойи табрики волидон аз падар бо мазмуни “Модарат дар дами марг аст, зудтар расида биё!” барқия гирифт. Ӯ бо қалби ғамгину дидагони пурнам ба хона баргашт. Модарро сиҳату саломат дарёфта, зуд пай бурд, ки онҳо ин “амалиёт”-ро барои ба хона баргардонидани ӯ кардаанд.
-Мо барои ту арӯс ёфтем, бечора духтар соли сеюм аст, ки роҳатро мепояд,-арзи мақсад намуд модар.
-О, ман аллакай соҳиби зану фарзанд ҳастам.
Духтари дигареро бадбахт кардан намехоҳам,- фаҳмонд писар.
-Аз болои ман гузашта, ҳурмати шири додаамро намекунӣ?-оби дида рехт модар.
-Оилаамро чӣ кор кунам? Онҳо ба ман бовар кардаанд...
-Онҳо дар Москва мемонанду оилаи тоҷикат дар Тоҷикистон, -модар гӯё ҳалли муамморо ёфта бошад, хурсандӣ кард.
-Кабутари дубома хушбахт шуда наметавонад.
-Ман туро бо ҳамин мақсад таваллуд карда,
ба воя расонидаам-а? Келин ки ҳозир хизматама накунад, ҳайфи азобҳоям,-ба гилакунӣ гузашт модар.
-Зану духтарчаамро гирифта меорам, хизмататонро 86 омекунад.
-Не, не. Оши ман бо ӯ намепазад. Келини худӣ бошад, маро мефаҳмад...
Хомӯшии тӯлониро модар боз халалдор кард:
-Агар ба гапам надароӣ, оқат мекунам! Ана, ҳамаи гапи мегуфтаам ҳамин. Акнун интихоб кун: модар ё зани русат?
Модар Раҷабро гӯё дар об партофтаю боз талаб менамуд, ки ӯ аз об хушк барояд. Модар бо ҳамин гапашро ба писар гузаронд. Ба духтаре, ки боре надидаю дӯсташ намедошт, хонадор шуд. Бо гузашти солҳо ду ҷавон ба якдигар унс гирифтанд. Якдигарро эҳтиром мекарданд. Фарзандон ба дунё омада, меҳри онҳо гармтар мешуд.
Раҷаб Люба ва духтарчаашро напартофт. Зудзуд ба аёдати онҳо мерафт. Бо гузашти солҳо духтарчаи ӯ ба камол расид. Бахти худро ёфт. Люба ба оилаи тоҷикистонии Раҷаб кумак мерасонд.
Соле як-ду маротиба меҳмонӣ меомад. Зиндагии онҳо мисли афсона мегузашт.
... Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда шуд. Ҳама неъмату фаровонӣ ва баракати зиндагиро гӯё бо худ бурд. Меҳри одамон низ намонд. Рафтуомади халқҳои бародар ва муҳаббати якдигарӣ коҳиш меёфт. Дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт.
Он зиндагиро душвор гардонд. Рӯзҳои сиёҳу ноором имкон намедод, ки Раҷаб ба суроғи бахти аввал равад.
Қалби Раҷаб дар фироқи азизонаш сӯхта, ба хокистар табдил меёфт. Онҳо низ аз тарси овозаҳои бардурӯғи гӯё дар Тоҷикистон русзабонҳоро ба қатл мерасонида бошанд, ёди омаданро намекарданд. Муддате алоқаи дутарафа канда гашт...
Ҳамон рӯзу солҳо зиндагӣ боз гаронтар шуд. Ба сари мардуми камбизоату бекор мушкилоти зиёд зам гардид. Оилаҳои серфарзанд ин ҳамаро бештар эҳсос мекарданд. Оилаи Раҷаб низ аз ин азобҳо истисно набуд. Мардум ягона раҳоиро аз буҳрони сангини иқтисодӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дида, барои дарёфти қути лоямут озими давлати Россия мешуданд. Вале дар он ҷо низ зиндагии осонак интизорашон набуд. Ба ҳама азобҳо-дарёфти ҷойи корӣ, беманзилӣ, таҳқиру пастзаниҳо аз ҷониби полису гумрук тоқат мекарданд. Ба хотири ба даст овардани маблағи ночиз худро ба ғулом табдил медоданд.
Умед, писари калонии Раҷаб ҳам ба мардикорӣ рафт. Баъди азобҳои яксола бо 300 доллар ба хона баргашт. Бо ин маблағ танҳо қарзҳои гирифтаашро баргардониду халос. Рӯзгори оила боз душвортар гардид. Хушксолию офатҳои чандсола ризқи кӯдаконро аз заминҳои наздиҳавлигӣ низ рабуда буд. Сабзавоту меваҷот ва ғалладонагиҳо камҳосил гашт. Умед боз нияти ба мардикорӣ рафтанро кард.
-Падарҷон, ба очаи москвагиам занг зада, мегуфтед, ки маро қабул кунаду дар дарёфти ҷойи кор ҳам ёрӣ расонад, -хоҳиш намуд Умед.
-Баъди ин қадар носипосиҳо, хиёнат ба бахти аввал, чӣ тавр ба ӯ занг занам? Рӯям дуд мекунад, виҷдонам намебардорад, -посух дод падар ба писар.
-Оташи муҳаббат ҳеҷ гоҳ хомӯш намешаваду меҳр боқӣ мемонад. Дӯст дорад, фаромӯш намекунад, -гуфтани писар ба қалби падар оташи муҳаббатро даргиронд.
Падар гӯё аз нав ҷавон гашта, лаҳзае худро дар паҳлуи Любаи меҳрубонаш дид. Садои хуши ӯ ба гӯшаш расида мегуфт: “Раҷаб! Номае навис аз барои қуввати дилам, аз худат дарак бидеҳ, маро хело пазмон кардаӣ”.
Раҷаб ба Люба нома навишта, писарашро ба Москва гуселонид. Худи ҳамон рӯз ба завҷаи москвагӣ занг зада, телефонӣ суҳбат карданду ашк рехтанд, ашки фироқ. Ба онҳо душвор буд якдигарро фаҳмонидану баҳонае пеш овардан.
Люба писари Раҷабро хуш истиқбол гирифта, дар бӯстонсарояш ҷойи хоб дод ва барои ӯ кор ҳам муҳайё сохт. Люба аз ҳоли кунунии оилаи Раҷаб огоҳӣ ёфта, як миқдор кумаки молиявӣ ва ба фарзандонаш ширинию либос фиристонид.
... “Кӯҳ ба кӯҳ намерасаду одам ба одам мерасад”, мегӯянд. Раҷаб ба муҳаббати худ ношукрӣ кард, зану фарзандро дигар суроғ накард. Гумон накард, ки рӯзе муҳтоҷи кумаки ӯ мешавад. Бо гузашти вақт чунин рӯз ҳам даррасид. Зиндагии сахту рӯзгори вазнин ӯро дубора ба бахти аввал пайваст...
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...