Лавозимоти мактабӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 375
Одамон тавре шудаанд, ки дар ҳар мавзуъ сареъ изҳори назар медиҳанд ва ё сари ҳар масъалае баҳсу ошӯб бармеангезанд. Имрӯз ҳам айнан чунин иттифоқ афтод. Шоҳиди баҳси тоифае гаштем, ки сари мавзуи “лавозимоти мактабӣ” ба ҳам “мурофиа” доштанд. Оне ки солхӯрда буд, мегуфт:
-Хайр, ин талабот барои либоси ягонаву дигар лавозимоти мактабӣ хуб аст, зеро тафриқаву тафовутгузорӣ миёни хонандагон рух намедиҳад ва таваҷҷуҳи атрофиён низ ба зоҳир ҷалб намегардад. Солҳое, ки мо мехондем, ба як ҷомаву курта-почаи алоча мактаб мерафтем ва боз кӯшиш мекардем, ки як байту ду байт аз Ҳофизу Бедил ёд бигирему дар зиндагӣ ба кор барем. Яъне ҳадафе аз мактаб рафтан доштем. Аммо аҷиб, ки имрӯз на ин ки ҳадаф, балки завқи хондан ҳам намондааст, бо вуҷуди он ки шароити хуб дар ихтиёр доранд.
Дувумии миёнсол бошад, чунин мегуфт: -Дуруст қайд кардед, нигаронии Шумо ҷой дорад. Ҳозир шароит хуб, имкониятҳо фароҳам, ҳама чиз муҳайё, аммо хондани бачаҳои мо андаке суст, вале ба фикри ман ин мушкил дар вақти наздик ҳал мешавад.
Чунки дунёи мо дунёи иттилоот аст ва бачаҳои мо нахонда ё кам хонда ҳам аз рӯйдоди ҷаҳон огоҳӣ доранд. Ба қавли дигар, донише, ки аз рӯи “дидаву шунида”-ашон ба даст меоранд, бад нест. Онҳо насли замони худанд.
Саввумӣ, ки ҷавонтар буду нав бори масъулияти хонаводаи мустақил аз волидонро бар дӯш гирифта буд, беист бо асабоният ҳарф мезад:
-Охир, ин чӣ гап? Либос ягона бошад ва он ҳам аз як коргоҳи дӯзандагӣ.
Намешавад, ки ҳар кас мувофиқи шароити худ либоси мактабиро барои фарзандонаш дастрас кунад. Китобу дафтару қаламу коғаз ҳама аз рӯзи аввал таъмин, аммо бо дониш ҳам магар чунин таъминанд? Иттилои лозимаи фанниро доранд? Аксарият на!
Ман дар таъмини лавозимоти мактабии кӯдаконам ба камбудие роҳ намедиҳам. Ва вақте аз дарсҳояшон саволу ҷавоб мекунам, аслан қонеъ намешавам. Масалан рӯзе саводи таърихиашонро санҷиданӣ шудаму гуфтам, ки одамони қадимро дар таърих чӣ мегуфтанд ва манзурам неандарталҳо буд. Писарам дар ҷавоб гуфт:
-Онҳоро “зомби” мегуфтанд падар. Ана ҷавоб. Магар ин илм аст, ахлоқ аст? Бо шунидани ин ҷавоб қариб буд аз хашм худам ҳам “зомби” шавам.
Аз биология пурсам гуфта, канӣ дар бораи оилаи ширхӯрон маълумот деҳ, гуфтам. - Падарҷон, ҳозир оилаи ширхӯр тамоман боқӣ намондааст, чунки ҳама “шири қоқ” ва “нутрилаку нестоген” истифода мебаранд. Чорумӣ сухани ӯро бурида гуфт:
- Ростӣ ман ҳам хариду таъмини лавозимоти мактабии “сентябрӣ”-ро солҳост, ки чун “пионер” иҷро карда меоям, аммо натиҷа....
Духтаронам, ки бо либоси ягонаву тоқии чоргул ба мактаб мерафтанд, ман ба онҳо нигоҳ мекардаму орзу менамудам, ки соҳиби фаҳму фаросат ва беҳтарин ҷавондухтари “хонадор” гарданд. Аммо баъдан бо ҳар дӯсту рафиқе, ки қудо шудам, бо шарофати “фаҳму фаросат”-и онҳо мақоли “Қудо шудӣҷудо шудӣ” насибам гашт. Вақте ману модараш пайи таъмини лавозимоти мактабӣ будем, кош мактаб ба онҳо маърифати воқеии оиладориро омӯзад.
Писаронам, ки на аз дарсҳои русӣ бебаҳра буданду на англисӣ, мактабро хатм карданду роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтанд ва сарнавишташон “Ибрагим здесь, кирпич тут…” гашт.
- Эҳ, афсӯс! Чӣ қадар хуб мешуд, агар чун либоси ягона ҳадафи толибилм низ ягона гардаду чун лавозимоти мактабии “бешумор” дастовардҳояшон низ бешумор шавад. Хуб, ки нафари панҷум ба баҳс хотима бахшид:
-Ҳамсояҳо, ба фикрам шикоят бас будагист. Биёед ҳаво гарм нашуда, ба салқинӣ бозор равем. Ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ мешудааст. Набояд ин “шанс”-ро аз даст диҳем...
Маҳҷуб, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...