Чаро занони ҳомиладор бештар ба бемории ҷоғар (зоб) гирифтор мешаванд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 678
Бемориҳои ғадуди сипаршакл яке аз маъмултарин бемориҳои ғадудҳои даруна ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ин бемориҳо дар байни занон тахминан 10 маротиба зиёд ба назар мерасад. Имрӯз шумораи зиёди занони ҳомиладор бо шикоятҳои вайроншавиҳои гуногуни кори ғадуди сипаршакл ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд. Аксари онҳо бар он ақидаанд, ки шикоятҳо то давраи ҳомиладорӣ набуданд. Бинобар сабаби зиёд будани чунин ҳолатҳо, мехостем дар бораи сабабҳои пайдоиши халалдоршавии кори ғадуди сипаршакл дар давраи ҳомиладорӣ маслиҳат диҳем.
Маъмултарин функсияи ғадуди сипаршакл аз рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ, таъмин намудани инкишофи бофтаҳо ва узвҳои гуногуни бадан дар тамоми давраи эмбриогенез (инкикшофи ҷанин) ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, тамоми тағйиротҳое, ки дар кори ғадуди сипаршакл ба амал меоянд, ҳатто тағйиротҳои ночиз ҳам метавонад хатари бузурги вайроншавии инкишофи системой системой 222у222асаб ва дигар системаҳо дар ҷанин гардад.
Тағйиротҳои вазифавии ғадуди сипаршакл дар занони ҳомиладор аз ҳафтаҳои аввали ҳомиладорӣ пайдо мешаванд. Ин тағйиротҳо зери таъсири омилҳои гуногун пайдо шуда, қисме аз инҳо мустақиман ва қисми дигар дуюминдараҷа кори ғадуди сипаршаклро танзим мекунанд.
Ин тағйиротҳо бештар нимаи аввали давраи ҳомиладорӣ, ки ҳанӯз ғадуди сипаршакли ҷан,кхин ба фаъолият шурӯъ накардааст, пайдо мешаванд. Дар ин марҳила раванди эмбриогенез (ташаккули ҷанин) аз ҳисоби ҳормонҳои тиреоидии модарӣ таъмин карда мешавад. Дар умум, ҳосилшавии ҳормонҳои тиреоидӣ (ҳормонҳои ғадуди сипаршакл) дар давраи ҳомиладорӣ одатан то 30-50% зиёд мешавад. Сабабҳои физиологии тағйиротҳои функсияи ғадуди сипаршакл ҳангоми ҳомиладорӣ инҳоянд:
1) Зиёд шудани таъсири мусбати гонадотропини хорионӣ (ҳормоне, ки пас аз пайдо шудани ҷанин аз бофтаҳои хорионӣ ҳосил мешаванд) ба ғадуди сипаршакл.
2) Зиёд шудани ҳосилшавии глобулини тироксинпайвасткунанда дар ҷигар (ки ба баланд шудани меъёрҳои умуми ҳормонҳои ғадуди сипаршакл оварда мерасонанд);
3) Зиёд шудани хориҷшавии йод тавассути пешоб ва трансплатсентарӣ гузаштани йод (тавассути ҳамроҳак);
4) Баландшавии ҳормонҳои тиреоидӣ дар ҳамроҳак.
Аз ҳама фаъолкунандаи муҳими кори ғадуди сипаршакл ҳангоми ҳомиладорӣ, хусусан дар нимаи аввали он, ин ҳормони гонадотропини хорионӣ мебошад, ки дар ҳамроҳак ҳосил мешавад. Аз рӯи сохт ин ҳормон ба ҳормони тиреотропӣ (ТТГ-ин ҳормон дар ҳипофиз ҳосил шуда, кори ғадуди сипаршаклро ба танзим медарорад) шабоҳат дошта, шумораи зиёди он қобилияти таъсироти ҳормони ТТГ-ро пайдо мекунанд ва ба ин восита ба зиёд фаъолкунии кори ғадуди сипаршакл оварда мерасонад.
Дар семоҳаи аввали давраи ҳомиладорӣ аз ҳисоби таъсироти ҳормони гонадотропини хорионӣ зиёдшавии баръалои ҳормонҳои тиреоидӣ ба амал меояд, ки дар навбати худ, ин ҳормон ба пастшавии ҳормони тиреотропӣ, ки дар ҳипофиз ҳосил шуда, кори ғадуди сипарёшаклро ба танзим медарорад, паст мекунад.
Ҳамзамон, дар давраи ҳомиладорӣ ҳосилшавии ҳормони эстрадиол зиёд гардида, ба зиёдшавии глобулини тироксинпайвасткунанда дар ҷигар оварда мерасонад. Ғайр аз ин, ҳангоми ҳомиладорӣ пайвастшавии глобулини тироксинпайвасткунанда бо кислотаҳои сиалӣ зиёд шуда, ба пастшавии клиренси он оварда мерасонад.
Дар ин натиҷа, меъёри глобулини тироксинпайвасткунанда дар 18-20-ум ҳафтаи ҳомиладорӣ ду маротиб зиёд мешавад, ки ин ба пайвастшавии шумораи зиёди ҳормонҳои озоди тиреоидӣ бо тироеглобулини пайвасткунанда гашта, ба пастшавии транзитории ҳормонҳои ғадуди сипаршакл оварда мерасонад, ки ин раванд низ ба фаъолкунии дубораи ғадуди сипаршакл аз тарафи ҳормони тиреотропӣ сабаб мегардад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ, тадриҷан гардиши хун дар гурдаҳо зиёд шуда, ба зиёд шудани филтратсияи гломерулярӣ оварда мерасонад, ки ин раванд экскретсияи йодро тавассути гурдаҳо тезонида, ба кори ғадуди сипаршакл таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, талабот ба йод аз ҳисоби гузаштани он тавассути ҳамроҳак (барои синтези ҳормонҳои ғадуди сипаршакли кӯдак) зиёд мешавад.
Ғадуди сипаршакл дар кӯдак дар 3-4-ум ҳафтаи инкишофи ҷанин пайдо мешавад. Дар баробари ин, пайдоиш ва инкишофи системаи марказии асаб ба ҳамин давра рост меояд. Бояд қайд намуд, ки инкишофи бевоситаи системаи марказии асаб аз ҳормонҳои ғадуди сипаршакл вобаста мебошад ва дар ин давра нақши умдаро ҳормонҳои ғадуди сипаршакли модарӣ мебозанд. Танҳо баъди 15-ум ҳафтаи инкишофи ҷанин ғадуди сипаршакли кӯдак қобилияти синтез кардани ҳормонҳоро пайдо мекунад. Ҳамин тариқ, нимаи аввали давраи ҳомиладорӣ ғадуди сипаршакли ҷанин фаъолият намекунад ва инкишофи худи ҷанин бошад, пурра аз ҳормонҳои ғадуди сипаршакли модарӣ вобаста аст.
Бонувони азиз, агар дар шумо нишонаҳои халалдоршавии кори ғадуди сипаршакл (зоб) ҳангоми ҳомиладорӣ пайдо шуда бошад, пас ҳарчи зудтар ба мутахассиси эндокринолог муроҷиат намоед. Зеро инкишофи системаи марказии асаби кӯдак дар рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ бевосита аз ҳормонҳои ғадуди сипаршакл вобаста аст.
Шодрӯз Сафаров,
духтури эндокринологи Маркази саломатии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00