Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Муҳаббати мардум бароям мукофоти олист


Муҳаббати мардум бароям мукофоти олист



Мегӯянд, табиби ҳақиқӣ бояд чашмони чун уқоб тез, дастони чун чевар моҳир, ҳуши расо ва дили чун шер бебок дошта бошад.

Маҳз ҳамин сифатҳои ботинӣ табиби шинохта Гулбаҳор Зариповаро дар кору зиндагӣ муваффақу сарбаланд гардонидааст. 

Гулбаҳор соли 1973 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Байни ҳашт нафар хоҳару бародарон, ки яке омӯзгору дигаре касби ҳуқуқшиносиро интихоб карда буд, танҳо Гулбаҳор тасмим гирифт, ки бояд табиб шавад.

- Модарам вақте бемор шуд, ман ҳамагӣ 13-14 сол доштам ва медидам, ки ҳар рӯз аз ноҳияи Кӯшониён ба шаҳри Бохтар барои муолиҷаву табобат меомад, - қисса мекунад ҳамсуҳбати мо. - Намедонам ба кадом хотир, байни апаву хоҳаронам модарам танҳо ба ман таъкид мекард, ки ту бояд табиб шавӣ. Ҳамин таъкиди модар муҳаббати ин касбро аз замони толибилм буданам дар қалбам ҷо кард. 

Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супоридам, вале аз имтиҳон нагузаштам. Азбаски мақсаду мароми ман ҷиддӣ буд, барои соли оянда омодагӣ дидаму дар лабораторияи тухмипарварии ноҳия ба кор шурӯъ кардам. Соли дувум низ ҳангоми имтиҳонсупорӣ ҷарроҳии кӯррӯда шудам ва боз аз имтиҳон қафо мондам. Рӯҳафтода нашудам. Соли сеюм, билохира, ба орзуям расидам.

Гулбаҳорро се соли нобарорӣ дилшикаста накард, зеро муҳаббату таъкидҳои модар неру мебахшид. Баъди хатми донишгоҳи тиббӣ Гулбаҳор корро соли 2001 дар маркази тибби оилавии шаҳри Бохтар ба ҳайси акушер-генеколог, машваратчӣ оғоз карда, сипас, чаҳор соли дигар дар ҳамин вазифа дар маркази бемориҳои сили вилоят фаъолият кардааст.

Соли 2014 баъди аз такмили ихтисос гузаштан оид ба бемории гарданаки бачадон ӯро ба Маркази солимии репродуктивии шаҳри Бохтар ба кор даъват карданд.

Муҳаббат ба касб, хушгуфторӣ ба беморон Гулбаҳорро сол то сол ба зинаҳои болотар мебурд. Гулбаҳор то соли 2020 дар Маркази солимии репродуктивии шаҳри Бохтар ба ҳайси директор ва аз соли 2020 то имрӯз директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон фаъолият дорад.

Гулбаҳор андеша дорад, ки зан, пеш аз ҳама, дар кадом самте, ки фаъолият накунад, бояд аввал вазифаи модариву ҳамсариашро ба ҷо биёрад. Модар ғамхортарин нафарест, ки ба фарзанд наздиктар аст. 

- Худам, ки табиб ҳастам, вақте фарзанди ягонаам бемор мешавад, даступо гум мекунам, - мегӯяд Гулбаҳор. - Зеро ин ҷо ман на табиб, балки модар ҳастам. Зан-модар бояд соҳиби ахлоқи ҳамида, фаросати баланд, табъи нозук ва сабуру ширингуфтор бошад. Эҳтироми хонаводаро дар мадди аввал гузорад. Оилаи хеш, хонаводаашро самимӣ дӯст дорад.

Аз нигоҳи Гулбаҳор Зарипова рисолати табиб, пеш аз ҳама, муомилаи хуб бо беморон, садоқат ба савганди тиббӣ, соҳиби саводи кофӣ будан, боварӣ ба худ доштан эҳсос мешавад. Дар кори табибӣ низ нофаҳмиҳо мешавад. Баъзан мардон ҳам бо ғазаб ва шикоят аз ягон табиби занонаи минтақа, мушкилоти оилавӣ ҳамроҳи ҳамсаронашон меоянд. Дар ин ҳолат бояд аввал онҳоро оромона гӯш кард ва тарзе ба онҳо муошират кард, ки аз наздатон бо қаноатмандӣ ва боварӣ раванд. Рисолати табиб бо як табобат анҷом намеёбад.

Имрӯз дар Маркази солимии репродуктивии вилоят барои муоина ва табобату машварат ба беморон тамоми шароити фаннӣ муҳайё мебошад. Дар чунин шароит табибони ҳозиқу масъулиятшинос бо роҳбарии Гулбаҳор Зарипова кӯшиш менамоянд, ки рисолати худро содиқона ба ҷо оранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ (18 августи соли 2020) таъкид карданд, ки: «Табибон на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад».

Гулбаҳор Зарипова аз он изҳори шодмонӣ мекунад, ки имрӯзҳо сафи ҷавонон дар риштаи тиб афзудааст. Онҳо ҳангоми суҳбату вохӯриҳо хуб дарк мекунанд, ки интихоби касби табибӣ аз рӯи ҳавову ҳавас намешавад. Барои табиби хуб, соҳибобрӯ шудан солиёни зиёд бояд заҳмат кашид, то дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Гулбаҳор ба андешаи он, ки ҷавонон ба хотири соҳаи сердаромад будан ин касбро интихоб мекунанд, муқобил аст. Зеро бо саломатии инсон, ки неъмати бебаҳост, сару кор гирифтан кори саҳлу осон нест. Пул ҳамон вақт ба даст меояд, ки шахсият худашро аввал созад. Дар байни табибон як мақол ҳаст: "Агар табиб дасту дили пок, муомилаи хуб, дониши кофӣ дошта бошад, халқ худаш ӯро парасторӣ мекунад".

Гулбаҳор ҳам дар ин ҷодаи пурмасъулият бо фидокорию садоқатмандӣ фаъолият мекунад. Он гуна ки Соиби Табрезӣ фармуда:

Аҳволи ман мапурс, ки бо сад ҳазор дард,
Мебоядам ба дарди дили дигарон расид.

Ин табиби ҳозиқ вобаста ба мавзуи танзими оила гуфт, ки ҳарчанд дар ягон қонуну қарорҳои кишвар дар бораи танзими таваллуд чизе гуфта нашудааст, аммо зани қобили таваллуд бояд, пеш аз ҳама, фосилаи байни таваллудро риоя кунад, аз ташхиси табибон гузарад, сипас, метавонад ҳомиладор шавад.

- Аз рӯи мушоҳидаҳоям ҳамчун табиб, хушбахтона, баъди аз сар гузаронидани бемории КОВИД-19 маърифати тиббии бисёри одамон баланд шуд, - меафзояд Г. Зарипова. - Мардум дарк намуд, ки гигиенаи шахсӣ аввалин кумак ба саломатӣ мебошад. Боре дар роҳи Душанбе-Бохтар марди нурониеро дидам, ки ҷавононро аз истеъмоли дуғоби сари роҳ, ки дар ҳавои гарм омода шуда, бе яхдон соатҳо нигоҳ дошта шудааст, боз дошт. Он мард ба кард, ки ба зани дуғобфурӯш нигаред, ӯ бояд 

дастпӯшу пешбанд дошта бошад. Ё ин ки мардеро дар бозор ҳамроҳи фарзандонаш дидам, ки баъди харидории пойафзол дастонашонро бо маводи антисептикӣ тоза мекунад. Ин корро бояд ҳама анҷом диҳанд.

Занон бояд ба таври доимӣ ба саломатии хеш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳоло ҳам ҳолатҳое мешавад, ки занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ба духтур хеле дер ё агар муроҷиат ҳам кунанд, табобатро пурра намегиранд. 

Вазифаи табиб муоина ва муолиҷа аст, саломатии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Табибон таъкид мекунанд, мефаҳмонанд, аммо иҷрои дастури табиб дар дасти худи онҳост. Бахусус, занон бояд ба саломатии хеш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то насли ба дунёовардаи онҳо солиму ҳушманд ба воя бирасад.

Ахлоқу одоби табибӣ ин қоидаю меъёрҳои рафтору кирдор натанҳо байни табибон, балки беморон буда, риоя ва ба ҷо овардани онҳо нафъи дармонро афзуда, ба болоравии сатҳи фарҳангии ҷомеа таъсири нек мегузорад.

Роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону шаҳри Бохтар маро борҳо қадршиносӣ карданд, вале аз муҳаббати мардум дида, бароям мукофоти олитаре нест. Саъй мекунам, ки ҳамеша ба ин боварӣ сазовор бошам, - мегӯяд Гулбаҳор Зарипова.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода