Ворисони Сино ифтихор аз касби худ мекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 386
Табибӣ яке аз касбҳои пурмасъулият маҳсуб меёбад, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим падид омадаву то имрӯз идома ёфтааст.
Абӯалӣ ибни Сино, ки имрӯз аз китобҳои ӯ дар саросари ҷаҳон истифода мекунанд, яке аз табибони пурқуввати замони худ буд.
Ҳамчунин, имрӯз табибон пеш аз ба фаъолият оғоз кардан, ба номи табиби бузург Гипократ савганд ёд мекунанд. Дар ҳама давру замон ҷомеа ба ин фариштагони сафед ва ворисони Сино эҳтиёҷманд аст
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб хостем дар бораи яке аз табибони варзидаи вилояти Хатлон бароятон матлабе омода сохта бошем. Расулҷон Ашӯров зодаи ноҳияи Панҷ буда, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти худро дар беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шуъбаи асабшиносӣ оғоз мекунад ва имрӯз 13 сол мешаад, ки дар онҷо фаъолият карда истодааст.
Худи ӯ чунин иброз медорад: “Аз хурдӣ ба касби духтурӣ шавқи беандоза доштам. Ҳамеша мехостам дар хизмати мардум бошам. Имрӯз бо ин роҳ тавонистам, ки ҳадди ақал ҳиссае дар солимии ҷомеа гузорам. Аз табиб ва аз вориси Синои бузург будани худ ифтихор мекунам”.
Ҳеҷ як давру замонро бидуни табиб тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро мардум ҳамеша ба он ниёз доранд. Боиси хушбахтист, ки имрӯз тибби ҷаҳон ва тибби Тоҷикистон рушд кардаасту бо ихтирои технологияи наву замонавӣ кори табибон даҳчанд осон гардидааст. Қаҳрамони матлаби мо изҳор медорад, ки беморхонаро бо даҳҳо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардониданд, ки дар пешрафти кори онҳо ва солимии ҷомеа бетаъсир нестанд.
Аз суҳбатҳои Расулҷон Ашӯров дарёфтем, ки ҳамасола аз ҷониби донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои тиббӣ даҳҳо донишҷӯён барои омӯхтани таҷрибаи касбӣ назди эшон равона карда мешаванд.
“Ҳар сол марҳила ба марҳила донишҷӯён омада, назди мо таҷриба меомӯзанд. Ҳамчунин, соли равон чор нафар аз хатмк унандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои андӯхтани таҷрибаи касбӣ ва ҳамчун мутахассис шудан, ба назди мо омаданд, як муддати муайян таҷрибаомӯзӣ карданд ва рафта, имтиҳонҳои худро бо баҳои мусбат супориданду ҳамчун мутахассиси соҳаи тиб пазируфта шуданд”, - иброз дошт Расулҷон зимни суҳбат.
Воқеан, омӯхтани касб, таҷриба андӯхтан, ба халқу миллат хизмат кардан, яке аз рисолатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад, ки на ҳар кас онро карда метавонад. Дар ин баробар, аз фаъолияти худ самарае ба бор гузоштан, яъне шогирде омода намудан, ин як хизмати шоёне барои пешрафти касби худ ва миллати худ аст.
Муносибати хуб доштан, хусусан бо бемор, аз ҳама гуна мансаб ва касб боло меистад. Расулҷон Ашӯров низ таҷрибаи калон дар самти фаъолияти касбӣ дорад.
Ҳамарӯза даҳҳо беморон наздаш меоянду табобат мегиранд. Мо низ ӯро ҳангоми муолиҷаи беморон дарёфтем. Беморон аз тарзи муносибат, таҷрибаи касбӣ ва муолиҷаҳои ӯ розӣ ҳастанд.
Ӯ иброз медорад, ки имрӯз бемории асаб байни мардум нисбати солҳои қаблӣ авҷ гирифтааст. Сабаби асосии авҷгирии ин бемориро дар пайдо шудани бемории коронавирус ва рушди технологияи муосир, хусусан телефони мобилӣ мебинад.
-Мо барои рушди соҳаи тиб, солимгардонии ҷомеа ва пешрафти кишвари азизамон ҳамеша хизмат мекунем. Ифтихор дорам, ки имрӯз табиб ҳастам ва дар ин соҳа фаъолият мекунам, - мегӯяд Р. Ашӯров.
Мо низ ба Расулҷон Ашӯров ва кулли табибони кишвар дар самти фаъолияти касбӣ ва солимгардонии ҷомеа барору комёбӣ орзумандем. Рӯзи табибони Тоҷикистон муборак бошад, фариштагони сафедпӯши аср ва ворисони Синои бузург!
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00