Қаҳришавӣ ё худ обрӯи рехта аз одати бад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 381
Одамон бо хислату рафторҳои гуногун аз якдигар фарқ мекунанд. Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд нафароне, ки феъли қаҳришавиро ба худ касб кардаанд. Ин одати бад онҳоро аз одаму одамгарӣ дур сохта, дар ҷомеа беобрӯ намудааст.
Қаҳрамони мо низ аз ҳамин тоифаҳо буда, бо ҳар баҳона бо шиносу бегона ва ҳамсояву ҳамдеҳагон ҷанҷол мекунад ва солҳо бо онҳо ногап шуд.
Ҳамчунин, дар тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир намуда, онҳоро бадахлоқу бадфеъл ба камол расонд.
... Азизулло соҳиби се писар шуд. Ӯ худро падари меҳрубон нишон дода, фарзандонро эрка калон мекард. Дар бисёр мавридҳо бачаҳои шӯхашро (ҳарчанд онҳо айбдору гунаҳкор ҳам бошанд) тарафдорӣ карда, бо ҳамсояҳо ҷанҷол мебардошт. Ин гуна ҷанҷолҳо ба муштзанӣ анҷомида, ҳамсояҳо моҳову солҳо қаҳрӣ мешуданд.
Феъли шайтонӣ-қаҳришавӣ ва эрка тарбия намудани фарзандон ба Азизулло мушкилиҳои зиёд овард. Фарзандони эрка аз тарафгириҳои падар «шерак» шуда, оқибат ба нописандию мардумозорӣ расиданд. Падар акнун аз рафтори бачаҳо доимо дар азоб буд. Ӯро гоҳо ба мактаб даъват карда, бадахлоқию дарсгурезиашонро муҳокима намуда, гоҳо ба милисахона барои лату кӯб намудани кӯдакони ҳамсоя ҷеғ мезаданд...
Азизулло писари кенҷагиаш Ҳамидуллоро бештар дӯст медошт. Ҳатто намегузошт, ки нафаре ба ӯ овоз баланд кунад. Аксарияти ҷанҷолҳояш бо ҳамсояҳо ба хотири ҳамин Ҳамидулло буд.
Ҳамидулло рӯзе хонаи ҳамсояи девордармиёнашонро хилват ёфта, ба дуздӣ даромад. Як бағал тухм дуздид. Ҳамсоя дар ин вақт ба ҳавлӣ даромада омад ва ӯро рӯи ҳавлӣ дид. Бачаро дар вақти дуздӣ дастгир карда, насиҳаташ намуд ва дар бало монд.
Азизулло шикояти писарро шунида, ба сари ҳамсоя рафт.
-Ҳамсоя ҳаққи насиҳат карданро дорад. Дуздии бачаро дида, хомӯш истодан гуноҳ аст. Тухмдузд оқибат мурғдузд мешавад,-гуфтани Сафар ба оташи қаҳру ғазаби Азизулло равған рехт.
-Ту ягон ҳаққи бачаи маро насиҳаткунӣ надорӣ. Ба фарзандони худат насиҳат бидеҳ,-ба сари ҳамсоя борони дашномҳо рехт.
-Мардак, “Ҳамсоя - сояи ҳамсоя”, мегӯянд. Охир ҳамсояи хуб беҳ аз хеши дур аст.
Ҳамсояамон низ ҳамсояи мушкилкушо асту дар ғаму шодиамон шарик. Ӯро беҳуда ранҷондӣ, рафта аз Сафар узр пурс,- аз шавҳар хоҳиш кард Бунафша.
-Ҷони ман дар дасти ҳамин Сафарат бошад, рафта гӯй, ки онро бигирад. Агар мурам, ба мурдаам наояд,-аз якравӣ намонд Азизулло.
Зан боз ба зорӣ даромад, шавҳар ҳеҷ не, ки аз аспи ҷаҳл фарояд. Зан дид, ки намешавад, воқеаи дар рӯзҳои сахти ҷанги хонумонсӯзӣ шаҳрвандӣ рухдодаро ёдовар шуд.
...Азизулло аз тарси ҷон ва қатлу бедодгарии гурӯҳҳои силоҳбадастон аз хона намебаромад. Махсусан, баробари фаромадани торикӣ гаштугузор дар кӯча хавфнок буд. Дар яке аз шоми он рӯзҳои сиёҳ келину набераҳо ба хонаи онҳо омаданд. Зану шавҳар писарашонро ҳамроҳи онҳо надида, гумонҳои зиёде ба сарашон омад ва ба фиғон даромаданд.
-Зарифҷонро дар куҷо кушта партофтаанд?-гӯён модар худро ба дару девор мезад.
-Вай дар хона, аз омадан тарсид. Агар ӯ шаб он ҷо истад, аз дасти қотилон зинда монданаш дар гумон аст,-оби дида кард келин.
Бунафша аз шавҳар хоҳиш кард, ки барои овардани ҷигарбандашон равад. Вале шавҳар аз тарси ҷон баҳона пеш овард:
-Бо кӣ ҳам мерафтам? Танҳо ба кӯча баромадан хатарнок аст.
-Хешу табор барои чӣ? Дар рӯзи сахтат дастат нагиранд, пас кай даркор мешаванд?-ҳамоно бо ашкрезӣ алам кард зан.
-Ҳоло ҳама дар ғами ҷони худанду аз сояи худ метарсанд.
Беҳтараш худат рав, дар кӯча ба занҳо касе кордор намешавад. Зан аз буздилии шавҳар умед канда, назди ҳамсоя рафт.
Шавҳарашро нотоб баҳона пеш овард. Сафар ҳоли ҳамсоязанро дида, раҳмаш омад ва не нагуфт. Онҳо таваккал кардаву ҷон ба каф гузошта, ба кӯча баромаданд.
Кӯчаҳои торику беодам ваҳмовар буд. Танҳо аз дуриҳо аккоси сагҳои дайду ва садои тир ба гӯш мерасид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо азобҳои зиёд Зарифро сиҳату саломат ба хона расонданд...
Азизулло ҳатто хотири ин некиҳо бо ҳамсоя оштӣ нашуд. Қаҳришавӣ ва рафторҳои бадахлоқонаи бачаҳои эркааш Азизуллоро дар деҳа беобрӯ намуданд.
... Бо гузашти солҳо Азизулло аз бемории дуру дароз аз олам даргузашт. Бунафша бачаҳояшро ба хонаи хешу табор фиристонид. Шаб буд, наздикони шавҳар қарибиҳои субҳ расида омаданд.
Сафарро “бо Азизулло ногапӣ буду хафааш кардаанд, аз ду сар намеояд”, гӯён хабар накарданд. Ҳамсоя нолаю фиғони зану кӯдакони Азизуллоро шунида, шабошаб ба хонаи онҳо омад ва ҳатто манаҳи маитро ҳам худаш баст.
Азизулло то охири умр феъли кинагириро аз худ дур накарда, онро ҳамроҳаш ба хок бурд.
Дар ин росто суҳбатеро, ки солҳои 80-ум бо як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ доштам, ёдовар мешавам. Ӯ дар рафти суҳбат воқеаи аҷиберо нақл кард.
-Қатораи мо ба пеш ҳаракат мекард, - ба нақл оғоз кард бобои Султон.- Дар як купе ҳамроҳи ман ду бародари ҳамхун ҷой гирифтанд. Роҳи дуру дарозро бо суҳбат кӯтоҳ мекардем. Мушоҳида кардам, ки онҳо ба якдигар суҳбат намекунанд. Баъдтар фаҳмидам, чандин сол боз бо ҳам қаҳрӣ будаанд. Сабабаш навбати обгирӣ ба заминашон будааст.
Ҳамин тавр, якҷоя дар фронт, дар як рота бар зидди фашистони гитлерӣ меҷангидем. Онҳо дар майдони ҷанг, паҳлуи ҳам меҷангиданду ҳанӯз ҳам ногапӣ буданд. Борҳо кӯшиши онҳоро оштӣ кунонданро кардам, вале натиҷа надод.
Ду соли ҷанг паси сар шуд. Дар чунин лаҳзаҳо ҷон ба каф гирифта, меҷангидем. Дар майдони ҷанг намояндагони миллатҳои гуногун аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карда, ба якдигар қавли бародархондӣ мебастем.
Мутаассифона, ду фарзанди як модар сояи якдигарро аз девор метарошиданд. Дар соли дувуми ҷанг онҳо дар яке аз амалиёти ҷангӣ аз тири душман маҷруҳ шуда, ба госпитал афтиданд. Дар палатаҳои гуногун табобат мегирифтанду аз ҳоли якдигар хабардор набуданд.
Онҳо шифо ёфта, боз ба фронт баргаштанд. Чанд муддат ҷангида, аз тири душман боз ҷароҳат бардоштанд. Ин дафъа ҷароҳати онҳо вазнин буд ва дар роҳи госпитал ҷон доданду одати бади худро напартофтанд...
Бобои Султон ин қиссаро анҷом дода, гиребони тавба медошту мегуфт: “Боварам намеомад, ки одати бади шайтонӣ-қаҳришавӣ ду ҷигарбандро ба ҳам бегона кардаю қаҳру ғазаб, ғуруру кинаварзӣ садди роҳи оштишавии онҳо шудааст”.
P.S. Шумо, хонандагони рӯзномаро ба баҳс даъват мекунем. Андешаҳои худро дар ин бора навишта, ба унвони рӯзномаи “Хатлон” фиристед.
Шояд Шумо низ чунин одати бадқаҳришавии нафареро мушоҳида карда бошед, пас онро ба мо қисса кунед.
С. АТТОР,
“Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00