Арвоҳзада ё худ ҷазои дузд дар дасти худи дузд аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 512
Қиёми рӯз. Мурод дар ин гармии тоқатфарсо ба куҷое шитоб дошт. Бисёр асабонию бадқаҳр менамуд. Ҳоҷӣ Ҷаббор, ки аз тарафи муқобил меомад, ӯро дар чунин ҳолат дида, пурсон шуд:
-Мурод, тинҷӣ ҳаст? Дар обу арақ ғӯтида, ин қадар шитоб дорӣ? Ягон ҷо-ку оташ нагирифтааст?
-Ҳоҷӣ, Шумо напурседу ман нагӯям. Ҳоли ҳозир дар оташ месӯзам.
-Не-е? Кори шудагиро гӯед, сабук мешавед.
-Як коре шуд, ки ба гуфтанаш забонам намегардад. Нагӯям, мағзу устухонам месӯзад. Акнун ба милисахона мераваму ҳамаашро гуфта медиҳам. Бигзор онҳо очаи зори дузда нишон дода монанд. Ҷойи дузд маҳкама аст, на озодӣ,-гӯён Мурод аз роҳаш бозистода, андаке нафас рост кард.
-Маро ба ташвиш мондед. Чӣ коре Шуморо ба милисахона мебурдааст? Зудтар фаҳмонед,-ҳисси кунҷкобию тааҷҷуби Ҳоҷӣ боло гирифт.
-Ҳоло одама шинохта намешудааст. Мирзоро як одами дуппа-дуруст гуфта мегаштам. Вале иштибоҳ кардам. Ӯ баднафсу дасти қалб дошта, маро зери гумонҳои бад монд,-бо алам воқеаро нақл кард Муроди “ҷабрдида”.
-Наход Мирзо дуздӣ карда бошад-а? Боварам намеояд! Гапатона хоида занед. Дар ҳаққи бандаи муъмину мусулмон туҳмат задан гуноҳест азим,-гиребони тавба дошт Ҳоҷӣ Ҷаббор ва нобоварона ба ҳамсуҳбаташ менигарист.
-Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, Мирзо дузд будааст,-ҳоҷиро бовар мекунонад Мурод.
-Говата дуздид магар?-боз суол кард ҳоҷӣ.
-Кошки говама медуздиду маро дар ҳолати ногувор намемонд. Аламам аз он аст, ки моли ҷамъиятиро дуздидааст, ҳайфи ҷавонмардиаш. Акнун ҳамдеҳагон дуздиро аз ман мебинанд.
-Аз пеши худ гумонҳои бад накун, касе чунин фикр ҳам надорад,-гӯён ҳоҷӣ Муродро ором карданӣ шуд.
-Одамонро хуб медонед, гап бофта мегарданду сақичи даҳони таънагарон шуда мемонам. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Дар ноомади кор атола дандон шиканад”. Ҳамон рӯз ҳазле кардаму акнун дарди сарам шуд.
-Боз чӣ хел ҳазл будааст?-ҳоҷӣ мехост зудтар аз таги гап огаҳӣ ёбад.
-Забон устухон надораду кас аз забонаш мебинад. Лаб зери дандон шинам намешуд?! Не, мисли ҳамешагӣ барои хушҳолии ҳамкоронам ҳазл карда гуфтам, ки ба хоҷагии ман ду симчӯб лозим аст.
Ҳар кӣ ба ҳавлиам онҳоро расонад, як хурӯси дакадангамро кушта, зиёфат медиҳам. Дузд гӯё медонистагӣ барин расо ду симчӯбро ба яғмо бурдааст. Аламовараш дар он аст, ки ба ҳазли банда рост омадани “кор”-и дузда бинед-а!-гӯён Мурод асли воқеаро ба ҳоҷӣ Ҷаббор нақл намуд.
... Аз назди хонаи Муродака ба деҳаи наздикӯҳӣ хатти нави барқ мегузашт. Барои ин симчӯбҳои фарсударо ба пояҳои бетонӣ иваз кардан лозим омад. Кормандони идораи барқ аз рӯйи қарордод бо хоҷагӣ ба кор оғоз намуданд. Даставвал чуқурчаҳои зерпояҳоро кофта, омода сохтанд. Пояҳои бетониро низ оварда, рости чуқурчаҳо гузоштанд.
Коргарон рӯзҳои истироҳатӣ ба хона мерафтанду Муродакаро посбон мегузоштанд.
Муродака ҳамарӯза ҳамроҳи коргарон буд ва ба кори онҳо кумак мерасонд. Баъди рафтани коргарон зери офтоби сӯзон гашта, пояҳои барқиро посбонӣ мекард.
Қарибиҳои нисфирӯзӣ худро якбора бад ҳис намуд. Аз таъсири офтоб ба сардардӣ зада беҳол шуд. Ба касе хабар надода, оҷилан ба беморхонаи деҳа рафт. Ӯро дар беморхона бистарӣ карданд.
Дар беморхона хобида, ҳушу ёди посбон ба пояҳои беназоратмонда банд буд. Аз он метарсид, ки пояҳои барқиро медузданду ҷавобашро ӯ мегӯяд. Барои вохӯрдани шиносе рӯи ҳавлии беморхона мегашт. Гӯё бо нӯги сӯзан ошноеро меҷуст. Бахташ тофту Мирзои ҳамсоядеҳаашро дида монд.
-Ман ногаҳонӣ ба беморхона афтодаму пояҳои хатти барқ беназорат мондаанд. Дузди ҳозирзамон бо мӯй сақичи даҳоната мегираду ҳатто хабар намеёбӣ. Ба калонҳои хоҷагӣ расон, ки то шифо ёфтани ман ягон нафарро ба посбонӣ вобаста кунанд,-аз Мирзо хоҳиш намуд Муродака.
Муродака баъди як ҳафта аз беморхона баромада, ба хона баргашт. Дар хона хабари ғайб задани ду пояи хатти барқро шунида, таъбаш хира шуд. Ӯ худи ҳамон лаҳза ба манзили Мирзо омад. Гумон кард, ки Мирзо хоҳишашро ба калонҳои хоҷагӣ нарасондааст. “Ҷабрдида” вориди ҳавлии Мирзо шуд. Дар он ҷо ба ҷуз саги бадҳайбати соҳибхона дигар ҷонзоде набуд. Саг ба меҳмон дарафтод. Мард худро ба ҳар дари хона зада, паноҳ меҷуст. Аммо дарҳоро ба рӯяш баста медид.
Ӯ худро ба ошхона расонд. Саг ҳамоно таҳдидаш мекард. Муродака дар айвони ошхона ба пояҳои бетонӣ пешпо хӯрда, пешорӯ ба замин афтод. Бо “кумак”-и саг пояҳоро дарёфт. Қаҳру ғазаб ва нафраташ боло гирифт, тарс аз баданаш берун шуд. Дигар аз таҳдиди саг натарсид.
Бо мақсади ба милиса хабар додани дуздӣ аз ҳавлӣ берун шуда, роҳи маркази ноҳияро пеш гирифт...
Ҳоҷӣ Ҷаббор ҳамсуҳбаташро бо диққат гӯш дода, “кори хуб нашудааст”, гӯён Муродакаро аз роҳ гардониданӣ шуда, ба насиҳат гузашт.
-Додарам, Мурод! Ҳеҷ як гунаҳкор аз ҷазо дур намемонад. Имрӯз не, пагоҳ ё пасфардо ҷазояшро мебинад. Нафси бад ақли Мирзоро хӯрдаю шайтон ёраш шудааст. Дар ҳамсояқишлоқӣ баъзан бояд гузашт кард. Дузд ҷазои амалашро, албатта, мебинад.
-Чӣ тавр? Охир дуздиро дидаю ба лаб кулӯх молида гардем?! Вай аз ин мазахӯрак шуда, “тухмдузд оқибат мурғдузд мешавад”,-ҳанӯз аз аспи қаҳр нафаромада гуфт Муродака.
-Рост мегӯӣ, бародар. Ман низ боре ҳодисаи дуздиеро дидам.
Мехоҳам онро нақл кунаму ту гӯш андозӣ. Дар он ҷавоби аз ҷониби худ ҷазо дидани дуздро дармеёбӣ. Пас аз он ихтиёр ба худат, ба милиса арз мекунӣ ё ба ҷойи дигар.
Муродака сари по нишаста, ҳушу гӯш ба ҳоҷӣ дод. Ҳоҷӣ ба нақли худ оғоз кард:
-Дар назди Худованд ҳеҷ як гуноҳ беҷазо намемонад. Дар деҳаи мо низ дузде буд гузаро. Агар ӯ аз паҳлуят гузашта монад, албатта, чизеро аз ҷайбат мегирад, моҳирона мегираду ҳис намекунӣ. Мабодо рӯзе дасти холӣ ба хона ояд, бемор мешуд, он рӯз барояш рӯз набуд.
Чизи арзишманд ба даст наорад, пас, шохчаи хушкеро аз дарахти ҳамсоя шикаста, ба хона мебурд.
-Ҳамон дузди мегуфтагиатон боз ҳамин Мирзо набошад-а?-сухани ҳоҷиро бурид Муродака.
-Не, не. Дузди “мо” дузди калон.
Вай раҳматӣ шудагӣ номашро ба забон намегирам, ки замин гапи маро ба гӯши ӯ нарасонад,-гӯён ҳоҷӣ ба нақли худ идома дод. -Рӯзе дузди “калон” аз “амалиёт”-и навбатӣ дасти холӣ бармегашт. Аз ин нобарорӣ асабонӣ буд. Раҳораҳ чашмони аловдастааш чизи дуздиданиеро ҷӯё мешуд. Ӯ таваккалӣ вориди ҳавлие шуд. Хонаро хилват дарёфта, гирду атрофро аз назар гузаронид. Чашмаш ба ду гулӯлачӯб афтод. Гулӯлачӯби нисбатан сабукро сари китф карда ба хонааш овард.
Ба ин қаноат накарда, ҳушу ёдаш ба гулӯлачӯби дуюм кашол буд. Барои овардани он дубора ба ҳамон ҳавлӣ баргашт. Ҳарчанд гулӯлачӯб барояш вазнинӣ мекард, вале онро сари китф гузошта, кашолакунон аз ҳавлӣ берун шуд.
Дузд ҳаросон роҳ мерафту ҳис мекард, ки “бораш” торафт сабуктар шуда истодааст. Дар нимароҳ ба қафояш нигарист. Марди ношиносе аз нӯги дигари гулӯлачӯб бардошта меомад. Аз ин кумак хурсанд шуд.
Гулӯлачӯби азимро ба хонааш расонда, барои бастани даҳони мард ба ӯ як миқдор пул доданӣ шуд.
Аммо мард аз "ҳаққи хизмат” даст кашид. Дузд ба андеша рафт. “Марди ношинос дуздиашро дидааст.
Агар аз ӯ пул нагирад, дуздиашро ошкор месозад. Ӯро тарсонидан лозим, ки ҷое лақида намонад”, гӯён дузд мардро доштанӣ шуд. Яке таъқиб мекарду дуюмӣ мегурехт. Онҳо то қабристони деҳа расиданд. Роҳ аз назди қабристон мегузашт.
Марди гурехтаистода бо як чолокӣ вориди қабристон шуда, якбора ғайб зад. Ин ҳолат ҳайратовар буд ва дузд тарсида, ба хона баргашт.
Ин воқеа аз пеши чашмонаш ҳеҷ дур намешуд ва ӯро ба даҳшат меоварду тарс дар қалбаш хона кард.
Дузд қарор гум кард, оромӣ надошт. Ниҳоят ӯ рӯзе ба завҷааш арз кард. “Марде, ки ба ман кумак кард, намедонам одам буд, ҷин буд ё парӣ, дар рӯзи равшан дар қабристон ғайб зад. Ба осмон баромад, ё ба замин фурӯ рафт, намедонам”.
-Он марди мегуфтагиатон одам не, ҷину парӣ ҳам не, балки арвоҳ буд. Ҳар рӯз бо чизи дуздидае аз назди қабристон мегузаред, мурдаҳоро низ ба ғазаб овардаед.
Акнун арвоҳашон шуморо таъқиб карда мегарданд. Охир синнатон ба ҷое расидааст, дуздиро бас кунед!-ҷавоб гардонд зан.
Дузд аз тарси арвоҳ ба беморӣ печид. Рӯз ба рӯз заиф шуда, ранги рӯяш заъфаронӣ мешуд. Ин занро ба ташвиш овард.
-Мардак, ман бо мақсади Шуморо аз роҳи дуздӣ баргардонидан дурӯғ гуфтам. “Арвоҳ”-и гуфтаам соҳиби гулӯлачӯби дуздидаат буд. Дар ин бора аллакай ҳамаи ҳамдеҳагон медонанд.
“Дурӯғи пандомез, беҳ аз рости фитнаангез аст”,- гӯён ин корро кардам, ба дурӯғаш иқрор шуд зан.
-Ваҳ! Рӯям сиёҳ шуд, соҳиби гулӯлачӯб ба дуздии ман кумак расонидааст? - гӯён мард сар ба болин гузошт. Як ҳафта аз гап ва хӯрду хоб монд. Ҳамин ки чашм мекушод, “арвоҳ”-ҳо таъқибаш мекарданд.
Пас аз як моҳи беморӣ ӯ аз олам даргузашт...
Муродака нақли ҳоҷӣ Ҷабборро шунида, “ҳаволаи Мирзо ба Худо”,
-гӯён аз нияташ баргашт. Рӯзи дигар бошад, пояҳои сементии рабудашударо дар ҷойи худ дид. Мирзо онҳоро баргардонида буд. Дар вақти бардоштани пояҳои вазнин дар зери яке аз онҳо монда, сутунмуҳрааш сахт лат хӯрда будааст. Дузд аз дасти худаш ҷазо дид...
С. АТТОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00