Истироҳат маданият дорад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 595
Ҳар яки мо дар давраи рухсатӣ ба истироҳат ва табобат ниёз дорем. Дилхоҳ меҳнати ҷисмонӣ ё зеҳнӣ инсонро хаста мекунад ва барои барқарор кардани неру истироҳат кардан лозим аст.
Бо дастгирии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ мо, як гурӯҳ омӯзгорон, сӯйи осоишгоҳи Хоҷа Обигарм раҳсипор шудем. Ман, ки бори чандум ба он ҷо мерафтам, ба ҳамроҳонам роҳбаладӣ мекардам. Дар бораи Хоҷа Обигарми номдор, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ будани он, дар оғӯши дара аз тармаҳои кӯҳ ҷорӣ будани оби мусаффои яхин, табиати зебову ҳавои тоза, алафҳои шифобахшу табобатҳои гуногун доштани он таъриф мекардам.
Дар воқеъ, буғи шифоии радонӣ, ки дар Хоҷа Обигарм мавҷуд аст, барои бисёр беморон давои хуб аст. Ин гуна хазинаи табиии буғи радонӣ дар олам ягона мебошад.
Мислаш, буғи радонӣ дар Фаронса буд, баъди тармиму таъмири қубур буғ нопадид гашт ва мутахассисон самти онро наёфтанд. Шуҳрати ин осоишгоҳ ҳамин буғи шифобахшест, ки солҳои 70-ум кашф шуда, аз зиёратгоҳи мардум ба осоишгоҳ табдил дода шудааст. Имрӯз биноҳои 8-қабатаи корпусҳои А,Б,В пур аз истироҳаткунандагон аст. Ҳоло, ки мавсими дамгирист, 800 нафар бо роҳхат ва садҳо одамони дигар пулакӣ истироҳат карда истодаанд. ҶСК Осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” духтурон, кормандони тиббии ботаҷриба дорад. Шиори онҳо “Саломатии шумо-сарвати шумо ва ғамхории мост!” мебошад. Дар осоишгоҳ муолиҷаи физиотеропевтӣ (электрофорез), маҳси дастӣ, парафинбандӣ, рӯшноидармонӣ (сандалии барқӣ ва буғӣ), табобат бо оби шифоии радонӣ (души даврзананда), шустани рӯда, табобати амрози занона, маҳси барқии Дарсонвал, ултрасадо, курсиҳои маҳскунанда, вибромассажи пойҳо, кашидани сутунмуҳра, сӯзандармонӣ, табобат бо лой, гиёҳдармонӣ ва меваҳои шифобахш, дандонпизишкӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Барои фароғати истироҳаткунандагон ҳар бегоҳ барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳофизон, ҳаҷвнигорон омода карда мешавад.
Вақте ки ба нияти истироҳат аз хона мебароед, табъатон хуш ва нақшаҳоятон тайёр аст. Аммо амалӣ шудани онҳо гоҳо аз мо вобаста нест. Муносибати кормандони осоишгоҳ, ки дар ин мавсими серодамтарин худро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд, аввалин таассуроти одамро тағйир медиҳанд. Набудани ҷой барои онҳое, ки роҳхат доранд, падидаи нав нест. Вале барои онҳое, ки пулакӣ ва дар ҳуҷраҳои қиматбаҳои люкс истироҳат карданианд, мушкиле надорад. Гурӯҳе аз омӯзгорони шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён ҳалли ин масъаларо дар пардохти иловагӣ ба роҳхат донистанд. Онҳо шикоят карданд, ки 2-3 рӯзи истироҳатро дар хонаҳои умумии 10-15-нафара гузаронида, шароити хуб надоштанд. Ҳол он ки баъди муолиҷа оромӣ, шустушӯйи либосҳо зарур аст.
Дар маъмурият моро духтараки хеле орододашуда қабул кард. Мижгонҳои сунъӣ, нохунҳои ҳаррангаи дароз, лабони сунъӣ доштанаш аз шаҳрӣ буданаш дарак медод. Аксарияти кормандони осоишгоҳ аз шаҳри Душанбе ҳастанд. Маърифати пазироии тоҷикии меҳмонон намерасад. Дар роҳравҳо меҳмонон аз Самарқанду Сурхондарё ва Россия равуо мекарданд. Таассуроти онҳо аз чунин муносибат чӣ гуна буд, намедонам. Шарми кас меояд, ки онҳо баъди бозгашт ба ватан дар бораи осоишгоҳи овозадори Хоҷа Обигарм ва дар маҷмӯъ, мо тоҷикон чӣ мегуфта бошанд? Вақте ки зане бо ӯзбекӣ ба корманди осоишгоҳ фаҳмониданӣ мешуд, ки куҷо равад ва табобат аз чӣ оғоз мегардад, ҳамон хонуми зебо бо қаҳр чунин ҷавоб дод: “Ман ӯзбекӣ намедонам, тоҷикӣ гӯед”. Шояд осоишгоҳ дар қабулгоҳи меҳмонон кормандонеро масъул намояд, ки якчанд забони хориҷиро медонанд ва одобу маърифату муомилаи хуб доранд.
Одамон барои истироҳат меоянд, на асабхарошӣ. Дар навбати муолиҷаҳо низ тартиб нест. Айб дар худи истироҳаткунандагон ҳам ҳаст. Бархе, ки шинос ё мизоҷи чандсола ҳастанд, “ҳуқуқи бенавбат” даромаданро ихтиёр кардаанд. Ҳоҷиҳо бошанд, барои дуо доданашон навбатро риоя накарда, боиси асабонӣ ва ҳатто шӯру мағал мешаванд.
Ҳар кас мехоҳад, бо роҳи фиреб ё беҳаёӣ, беҳурматӣ ба дигарон табобат гирад. Норозигии беморон ба табобат не, баръакс хурӯҷи беморӣ меорад. Сабаби ин бефарҳангии мост. Эҳтироми якдигар, боадолат будан ба синну сол, мансаб вобаста нест.
Ҳама ҳуқуқи ягона доранд. Мо ҳоло ҳам маданияти истироҳату хӯрокхӯриро намедонем. Имсол, ки таомхӯрӣ худхизматрасонӣ шудааст, истироҳаткунандагон кӯшиш мекунанд, ки навбатро вайрон карда, пештар ғизо гиранд. Дар рӯйи мизҳо баъди рафтани онҳо нонҳои зиёдатӣ ва хӯрок мемонад. Чаро ба ҳадди худ намегирем? Исроф шудани хӯрок магар аз рӯйи инсоф аст? Чашмгуруснагӣ, набудани одоби хӯрокхӯрӣ касро дар ҳайрат мемононад. Гурӯҳи истироҳаткунандагон оилавӣ омадаанд. Ин кори хуб аст. Аммо шӯхиҳои ноҷо, давутозу гиряи кӯдакони хурдсол ба фароғати дигарон халал мерасонад. Дар навбати ҷойҳои муолиҷагирӣ низ ҳам наврасон ва кӯдакони бо волидонашон омада бо телефонбозӣ овораанду ба калонсолон ҷой ё роҳ доданро намедонанд.
Дар рӯзҳои истироҳатии шанбеву якшанбе микроавтобусҳои пур аз одамон дар гирду атрофи осоишгоҳ ҷой гирифта, дамгирӣ меоянд. Дар гармои тобистон ҳавои салқину рӯди аз тармаҳо ҷорӣ барои сокинони шаҳру ноҳияҳои атрофи дараи Варзоб ҳаловат дорад. Аммо риояи тозагӣ, оромӣ ва адаб ҳам асосист. Бояд чунон истироҳат кард, ки фароғати дигарон халал наёбад. Ҳангоми тамошои барномаи консертӣ ба майдони рақс ворид шудани кӯдакони бисёр, бетартибона рафтор кардани онҳо, ба навор гирифтани онҳо аз тарафи калонсолон гӯё кайфияте дошта бошад. Ин манзара аз тӯйи деҳа фарқе надорад. Калонсолоне, ки ба осоишгоҳ омадаанд, чаро хушҳолии танҳо кӯдакони худро ба назар мегиранд? Истироҳаткунандагони дигар ҳам ба умеди табобату истироҳат омадаанд-ку?!
Ростӣ, намедонам ҳамроҳонам таърифҳои маро бо воқеият муқоиса карда, чӣ таассурот бардоштанд. Ягона сухане, ки шунидам он буд, ки табобат манфиат бахшидааст. Ин маро хурсанд кард.
Ҳама ташвишҳо, навбатпойиҳо паси сар шуданд. Аз дидани дараҳои сабзу зебои Варзоб, кӯҳҳои серсангу дарёчаи тезоб, бӯстонсаройҳо ҳаловат мебурдем. Вақте ки аз истироҳатгоҳ берун мешудем, торафт гармии ҳаворо ҳис мекардем. Шукр мекардем, ки бо макони худ расидем. Истироҳату табобат барои як соли дигар неру хоҳад дод. Танҳо маданияти истироҳатро мардум риоя кунанд, таассурот боз ҳам хотирмон мешуд.
Дилором МАҲКАМОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00