Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » РОҲИ ХАТО ҷавонону наврасонро ба ҷиноят мебарад


РОҲИ ХАТО ҷавонону наврасонро ба ҷиноят мебарад




Ҷавонони имрӯза неруи созандаю пешбаранда ун-

вон шудаанд. Онҳо дар таҳсилу илмомӯзӣ, интихоби
касб, навоварию созандагӣ пешсафанд. 

Мутаассифона, ҷавонону наврасоне низ ҳастанд, ки ба роҳи хато-дуздиву авбошӣ ва дигар корҳои ношоям рафта, ба ҷомеа зиёни худро мерасонанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҷинояти нобахшиданӣ содир намуда, ҳаёти хешро доғдор менамоянд.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло чанд ҳодисаи нангину нобахшиданӣ ва мушоҳидаҳои хешро дар ин мавзуъ рӯи коғаз меоварем.

Назар ба хоби ширин рафта буд. Шаб аз нисф гузаштаю моҳи тобон ҳама ҷоро мисли рӯз равшан гардонида. Ҷавон дар дохили ҳуҷра мехобид. Тиқ-тиқ садо баровардани тиреза ӯро водор сохт, ки пардаро кушода ба берун нигарад. Паси тиреза суроби духтари пероҳани сафедпӯшро дид, ки ӯ ҷавонро бо ишораи даст ба берун мехонд. Ҷавон ғайриихтиёр рӯи ҳавлӣ баромад. Духтар хомӯшона аз байни ҳотаю дарахтзор гузашта мерафту ҷавонро дунболаш мебурд. Суроб лаби ҷарӣ омад ва ҷавонро интизор шуд. Ҷавон ҳам ба ӯ расида гирифт. Духтар аз болои ҷарӣ парвозкунон ҳамоно Назарро наздаш мехонд. Ҷавон пой бар лаби ҷарӣ ниҳода, каме поинтар лағжид ва қариб буд ба қаъраш фурӯъ равад. Аз тарс бо доду фарёд бедор шуд. Вақте дид, ки ин ҳама дар хоб аст, каме таскин гирифт, вале тарс аз дилаш нарафт...

Ҷавон аз хобҳои ҳамарӯза медидааш оромӣ надошт. Болои сӯхта намакоб рӯзе ду ҷӯгизан вориди ҳавлии онҳо шуданд. Яке аз онҳо ба ҷавон рӯ оварда гуфт: “Бачам, биё фолут бинум, бисёр ғамгину хаста менамоӣ”. Ҷавон бедудилагӣ розӣ шуд. “Туро кори сиёҳу хонаи “иҷора” маҳкама ва ташвишҳои калон интизор аст, эҳтиёт бош!”- гуфтани фолбин ба дилаш оташ рехт. Баъди шунидани фоли ҷӯгӣ ҷавон ноилоҷ ба модар сирри дил кушод.

-Писарам, синнат ба зангирӣ расидаю ба ту ҳамсари якумра лозим аст. Орзуям сари туро ҷуфт кардан мебошад, - бо хурсандӣ гуфт модар.

Аз ин гуфтугузор чанд муддат гузашт. Назар давраи ҳассоси умри ҷавониро мегузаронд. Нигоҳҳояш низ ба ҷинси латиф бефарқ набуд, байни онҳо барои худ номзади арзанда меҷӯст.

...Назар ҳамон рӯзи наҳс тасодуфан вориди хонаи П. ном ҳамдеҳааш гардид. Дар хона ба ҷузъ духтари ноболиғ дигар касе набуд. Ноболиғ М. ҳавлӣ меруфт. Ҷавон ба ӯ гап партофт, вале духтарак ҷавобе нагуфта, аз шарм рӯ тофт. Назар аз хирагӣ намонда, дили М.-ро ба даст оварданӣ мешуд. Аммо духтарак ба осонӣ ром нагашт. Ӯ ногаҳонӣ даст ба мӯйҳои М. бурда, вайро ба оғӯш кашид. Дар ин лаҳзаҳо нафси шаҳвонии Назар боло гирифта, ния-
ти бад ба сараш зад. М. аз мақсади зишти ҷавон огоҳ шуда, муқобилият нишон дод. Лекин дастони нозуки духтарак ба муқобили дастони пурқуввати даррандаи одамсурат ҳеҷ буданд.

Назар аз вазъияти оҷизонаю нотавонии М. истифода кард. Ҳарчанд медонист, ки духтарак
ноболиғ аст, ба номуси ӯ таҷовуз намуд. Ҷавон боз борҳо бо таҳдиди зӯроварӣ даст ба домони М. зад...
Бо гузашти вақт М. ҳомиладор шуд ва кӯшиш мекард, ки аз ин волидон огоҳӣ наёбанд.

Аммо офтобро бо доман пӯшонида намешавад. М. дар марҳилаи 20-22 ҳафтаи ҳомиладорӣ қарор дошт. Модар ҳомиладории духтарашро пай бурда, ба кормандони милиса муроҷиат намуд. Кормандони милиса ҷинояткор Назарро зуд дастгир карданд.

Назар бо ин кирдораш ҷинояти нобахшиданӣ таҷовуз ба номус бо истифодаи вазъияти оҷизонаи духтари ноболиғро содир намуд...

Ҳодисаи дигари нангинро ёдовар мешавем. Акбари 19-сола низ аз беэҳтиётӣ ва сабукандешӣ худро ба ҷарии зиндагӣ андохт. Ӯ бо истифодаи таҳдиду зӯроварӣ ба номуси духтари ноболиғ даст зад.
Ҷавон рӯзе ба аёдати бобояш омад. Ду рӯз дар меҳмонии бобо монд. Пас аз як рӯзи дигар меҳмони тағояш шуд. Баъд ба хонаи тоғи дуюмаш рафт. Дар ин ҷо духтарони тағояш Г. ва Ш.-и ноболиғро танҳо дарёфт. Бо онҳо хело шӯхӣ кард. Сипас аз Ш. хоҳиш намуда гуфт:

-Агар розӣ бошӣ, хоҳарам Г.-ро ҳамроҳи худ ба хонаи тағоям барои хӯрокхӯрӣ барам. Баъди хӯрдани хӯрок ӯро бозпас меорам. Ш. не нагуфт. Онҳоро ҳатто то сари кӯча гуселонида монд. Ҳарду зери офтоби сӯзон суҳбаткунон ҷониби хонаи тағо роҳ пеш гирифтанд. Вақте онҳо вориди ҳавлӣ шуданд, дар
он ҷо касе набуд. Аз ин ҳолат ҷавон хурсанд шуда, духтарчаи ноболиғро ба ҷойи хилват бурда, бо истифодаи зӯроварӣ нияти зишти худро амалӣ сохт, ба номуси ӯ иснод овард.

Акбар баъди содир намудани ҷиноят ба худ омада, ҷойи воқеаро тарк намуд. Ӯ аз ҷазо гурехтанӣ шуд. Вале аз худ гурехт, вале аз қонун гурехта натавонист.

Хонандаи азиз! Ин ҷо мо ба хотири халал наёфтани обрӯи волидони ҷабрдидагон ному насаб ва макони зисти онҳоро ба пуррагӣ рӯи коғаз наовардем. Айбдоршавандаҳо Назару Акбар барои амали зишти худ дар назди қонун ҷавоб гуфтанд.

Биёед, сари ин ду ҷинояти нобахшиданӣ андеша ронем. Чаро ҷавонони соҳибақл даст ба амали зишту номатлуб заданд? Магар онҳо қабл аз ин кор боре наандешиданд, ки ҳаёти духтаракони ноболиғро сӯзондаанд? Ё худ онҳо ҳамширае мисли М.-ву Г. надоранд?

Дар ин замина як мушоҳидаи хешро, ки чанд сол қабл рух дода буд, ёдовар мешавам. Дар курсии ҷиноятӣ ҷавоне бо ҳамин ҷурм нишаста. Суд нисбати ҷинояткор ҳукми одилона баровард. Пас аз ин аз ҷавон пурсидем: “Вақте ки ба ин амали ноҷавонмардона даст задӣ, фикр накардӣ, дар ҷойи ин духтари ҷабрдида метавонист хоҳари ту бошад?”
-Ин номумкин аст, охир ӯ хоҳари ман аст, кӣ ҳақ дорад ин корро кунад? – бо асабонӣ посух дод ҷавон.

-Охир, ту ин корро кардӣ-ку?! Мисли ту ҷавони ақлгумкарда, яъне иблиси одамсурат ёфт мешаваду аз вазъияти заифии духтар истифода карда, ҷиноят содир мекунад.

-Ман бар ивази ин ҷонашро меситонам, - ҷавон ҳамоно аз амали зишти хеш лаҳзае фаромӯш сохта, ҳамшираашро ҷонибдорӣ мекард.

-Пас, шояд соҳибони духтаре, ки обрӯяшр рабудӣ, нисбати ту чунин ҳукм бароранд? Ҷинояткор хомӯш монд. Сари хам дошту забони лол. Чӣ ҳам гӯяд, охир кор аз кор гузаштаю акнун пушаймонӣ суде надорад...

Тахмину мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷинояткории байни ҷавонону наврасон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Сабаби асосии инро, пеш аз ҳама, дар масъулиятшинос набудану нисбати фарзанд бепарвоӣ зоҳир намудани волидайн мебинем. Масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳо низ боиси нигаронист. Дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ бетарафии атрофиён нисбати ин гуна ҷавонон мушоҳида мегардад, ки он ба косташавии рафтору кирдори ҷавонону наврасон мерасонад. Ин ҳама оқибат онҳоро ба ҷиноят мебарад...

Пас, моро мебояд, ки баҳри ба роҳи дурусти зиндагӣ баргардонидани фарзандон дастаҷамъона амал намоем.

С. АТТОР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода