Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят иҷро нашуд. Чаро?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 378
Мушкилии ба пуррагӣ иҷро нагардидани барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, корношоям гардидан,
ба талаботи барномаи таълимӣ ҷавобгӯ набудани баъзе аз компютерҳо, нарасидани мутахассисон аз масъалаҳои печидаест, ки дар муддати 4-5 сол ҳалли худро наёфтааст.
Тибқи талаботи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ –коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” мебоист давоми ин солҳо мушкилоти компютеркунонӣ аз байн мерафт. Аммо муҳлати барнома ним сол қабл ба охиррасиду аз иҷрои пурраи он хабаре нест.
Марбут ба ҳамин масъала суҳбате доштем бо мутахассисони бахшҳои Маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Сорбон Лутфуллоев, сардори Маркази
технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии
назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар
суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод, ки
дар асоси талаботи барнома дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят тайи 5 сол бояд 19580 адад копютер, 1207 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Дар ин давра 8678 адад коппюер (44%) ва 1013 адад тахтаи электронӣ (84%) харидорӣ шудааст, ки ин ба талаботи барнома ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест.
Иҷрои барнома- 44%?!
Аз пешниҳоди барнома 5 сол сипарӣ шуду ҳадди ақал он 50% иҷро нагардидааст. Масъулин бошанд, нисбати ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дигаронро масъул медонанд. Сорбон Лутфуллоев доир ба суоли ба миёномада чунин посух гуфт: “Харидорӣ ва таъмини компютерҳо ба салоҳияти мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст. Барои иҷро нагардидани барномаи мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон чандин маротиба ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуби расмӣ ирсол шуда буд, аммо натиҷаи дилхоҳ дар ин самт дида намешавад”.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала назари мутахассисро аз ноҳияи Кӯшониён пурсон шудем. Фарҳод Шарифов, сардори Маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии ноҳияи Кӯшониён, зимни суҳбат чунин қайд намуд: “Барои таъмини компютер ва амалӣ намудани барнома саҳми Маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон бояд на-
заррас бошад ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешанд. Мутаассифона, аз соли 2018 то инҷониб масъулини сатҳи вилоятӣ таваҷҷуҳашонро ба ин масъала равона намекунанд. Зиёда аз 400 адад компютерҳои муассисаҳои таълимии ноҳия наслҳои куҳна буда, ба барномаи таълимӣ мувофиқат наме-
кунанд, истифодаи онҳо имконнопазир аст. Аз
мақомоти болоӣ бояд 100 компютер ба ноҳия оварда мешуд, аммо ҳамагӣ 50 компютер дастрас шуду халос”.
Тибқи иттилои МТИК дар вилояти Хатлон сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи барнома аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят сари вақт ҷудо нагардидани маблағ барои харидории компютер ва тахтаи электронӣ мебошад.
“Мутахассис намерасад!”
Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи солҳои
охир дар муассисаҳои олӣ ва миёна мушкилоти нарасидани омӯзгор ва мутахассиси кор бо компютер ба назар мерасад. Дар марказҳои
технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ низ
аз набудан ё кам будани мутахассисони баландихтисос танқисӣ мекашанд. Чӣ тавре ки Фарҳод Шарифов мегӯяд: “Мутахассис ҳаст, вале аксарият ҷавононанд ва барои мутахассиси хуб шудан бояд аз курсҳои омӯзишӣ гузашта нозукиҳои истифодаи компютерро аз худ кунанд. Мутахассисони пуртаҷриба бошанд, аз сабаби маоши паст аз кор мераванд”.
Барои ҷалби омӯзгорони ҳирфавӣ масъулини ин ниҳодро зарур аст, ки роҳҳои ҳавасмандгардониро бештар ба кор баранд, то дарсҳои амалии фанни технологияи информатсионӣ бидуни омӯзгор сурат нагирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ, дар ташкил намудани синфхонаҳое, ки дорои шабакаҳои дохилианд ва инчунин ташкили китобхонаҳои электронӣ мебошад. Мутаассифона, аз ҷониби масъулини соҳа ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Компютеркунонӣ ва таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ талаботи замони муосир буда, барои пешрафт ва таҳрики соҳаи маориф нақши калидӣ мебозад.
А. РИОЕВ,
“Хатлон”
А. РИОЕВ,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00