Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Фарбеҳӣ. Ин беморӣ табобатшаванда аст?


Фарбеҳӣ. Ин беморӣ табобатшаванда аст?



Агар инсон дорои тамоми неъматҳо бошаду саломатӣ надошта бошад, зиндагӣ барояш ҳеҷ маънӣ надорад. Зеро солимӣ муҳимтарин омили

хушбахтӣ буда, танҳо тавассути он метавон баҳри расидан ба комёбиҳо талош намуд ва ҳаёти хуберо барои худу атрофиён муҳайё сохт. Инсон то он даме, ки ба беморие гирифтор нашавад, ба қадри саломатӣ намерасад. Дар зимн мехостем доир ба бемории фарбеҳӣ маълумот бидиҳем.

Фарбеҳшавӣ — беморие, ки ҳамчун инкишофи номуътадили бофтаҳои равғандори ҷисм ташхис шудааст. Аз рӯйи тадқиқоти ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, WHO) дар ҷаҳон аз 30 то 80%-и одамон аз вазни зиёди бадан азият
мекашанд. Тақрибан 20%-и кӯдакон ва наврасон вазни зиёд ва 3/1 онҳо бемории фарбеҳӣ доранд. Ҳамасола ин меъёр рӯ ба афзоиш аст ва дар ҳоли ҳозир назар ба солҳои 1970-ум 10 маротиба афзудааст. Ин тамоюл сабаби ба вуҷуд омада-
ни эпидемияи бемории фарбеҳӣ гашта, ба саломатии насли оянда хатари бузург эҷод менамояд. Тибқи иттилои ТУТ дар
саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ вафот мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир бемории
фарбеҳӣ зиёд шудааст. Мувофиқи тадқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2016–2018 дар байни аҳолии қобили кори 18-55-солаи ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, 17%-и аҳолии кишвар
вазни зиёди бадан доранд. Бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3%-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миён омори марбут ба мактаббачагон
4,7% аст. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2024» таваҷҷуҳи ҷиддӣ
ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад шумораи гирифторони бемории мазкурро коҳиш диҳад.

Омили асосие, ки ба фарбеҳӣ оварда мерасонад, вайроншавии мувозинати энергетикӣ мебошад, ки аз номураттабии байни дохилшавии энергия ба организм ва харҷи он вобаста аст. Аз ҳама зиёдтар фарбеҳшавӣ дар натиҷаи пурхӯрӣ ба вуҷуд меояд, вале метавонад дар натиҷаи вайроншавии назорат аз болои харҷи энергия низ ба вуҷуд ояд. Бешак, нақши омили ирсӣ – конститутсионалӣ, пастшавии фаъолияти ҷисмонӣ, синну сол, ҷинс, омилҳои касбӣ, баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомиладорӣ, лактатсия, климакс) низ назаррас аст.

Нишонаи умумии ҳама гуна шакли фарбеҳшавӣ вазни аз ҳад зиёди ҷисм мебошад. Чаҳор дараҷаи фарбеҳшавӣ ва ду марҳилаи беморӣ – шиддатёбанда ва босуботро аз ҳам ҷудо менамоянд. Дар дараҷаи I-ум, вазни воқеии ҷисм набояд аз вазни идеалӣ бештар аз 20%, дар дараҷаи
II бештар аз 30-40%, дар дараҷаи III бештар аз 50-99% ва дар дараҷаи IV бештар аз 100% зиёд бошад.

Беморони дараҷаи I–уми фарбеҳшавӣ одатан ягон шикоят надоранд. Ҳангоми фарбеҳшавии аз ин зиёдтар заифӣ, хоболудӣ, рӯҳафтодагӣ, баъзан асабӣ шудан, қай кардан, талхии даҳон, нафастангӣ, варами кафи пойҳо, дард дар буғумҳо, дард дар сутунмуҳра мушоҳида мешавад. Ҳангоми фарбеҳшавии ҳипоталамикӣ зуд- зуд баландшавии иштиҳо, махсусан дар нимаи дуюми рӯз, ҳисси гуруснагӣ ва ташнагӣ беморро азият медиҳанд. Дар занон вайроншавии гуногуни ҳайз, безуриётӣ,
гирсутизм ва дар мардон пастшавии қобилияти мардонагӣ (потенсия) (аз меъёр паст шудани шаҳват) ба мушоҳида мерасад.
 
Табобат комплексӣ буда, барои сабук намудани вазни ҷисм равона шуда, диетотерапия ва усулҳои физикии табобатро фаро мегирад. Барои пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷойи маҳсулоти хӯроквории таркибашон чарбдор бояд аз нони аз орди навъи дуюму сеюм пухташуда истеъмол намуд. Рӯзҳои
аз хӯрок холиро (розгрузочные дни) тартиб додан лозим аст:
сафедаҳо (350 г. гӯшти дар об пухта ва ё 500 г. творог), меваҷот ва ғайра зарур аст, ки реҷаи фаъоли ҳаракат, гимнастикаи табобатии систематикӣ, оббозӣ, маҳс истифода шаванд. Барои
бемороне, ки иштиҳои баланд доранд, доруҳои анорексионӣ (бандкунандаи иштиҳо) таъин мекунанд. Муҳлати табобат
на бештар аз 1–1,5 моҳ ҷиҳати имконияти пайдо шудани мубталоӣ ба онҳо давом мекунад. Ҳангоми вайроншавии тобеият ба карбогидратҳо -бигуанидҳо (метморфин, сиофор), ки таъсирбахшии липолитикӣ ва инчунин анорексогенӣ низ доранд, истифода мешаванд. Дар ҳолати фарбеҳшавии дараҷаи IV табобат асосан тариқи ҷарроҳӣ сурат мегирад.
Ҳангоми шаклҳои эндокринии фарбеҳшавӣ муолиҷаи бемории асосиро пеш мебаранд.
Бемории фарбеҳӣ табобатшаванда асту барои он танҳо иродаи қавӣ лозим аст. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, пас бояд роҳҳои пешгирии онро риоя намоед ва саломатии хешро барқарор созед. Ё агар солимед, пас мебояд меъёри хӯрокхӯриро риоя кард, то ба бемории мазкур гирифтор нашавед. Зеро солим будан асос хушбахтист. Агар аз вазни худ шубҳа доред, пас бо ёрии формулаи ИВБ, ки дар боло зикр намудем, вазни худро андозагирӣ ку нед ва ба мутахассис муроҷиат намоед.

Шодрӯз Сафаров,
духтури эндокринологи
Маркази саломатии шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода