Таҳсилоти динӣ: Манфиат ва пайомади он дар чист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 422
Ҳар боре, ки дар бораи шомил шудани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии динӣ андеша мекунем, аксар вақт шабакаҳои иҷтимоӣ, таъсири интернетро сабаб меорем.
Дуруст аст, ки бетаҷрибагӣ, надонистани асли дини мубини ислом ва гоҳо фирефтаи даромади муфт онҳоро ба ин роҳ тела медиҳад. Пайомади он тақдирҳои пушаймону як умр шикаста, гумонбар шудан ба терроризм ва билохира, ношукрӣ ба ин зиндагии озоду обод, хиёнат ба Ватан, ҳамкорӣ бо душманони миллат барои худи наврасону ҷавонон сангин бошад, аз тарафи дигар, барои волидон, наздикон ҳам ин падида мусибат ва ба мулоҳиза, ки дар тарбияи фарзанд ба кадом хатоӣ роҳ додаанд, водор мекунад. Мусофирон одатан, дар роҳ бо якдигар суҳбат мекунанд, аз мушкилоту пешравиҳояшон гап мезананд. Ду зани деҳотӣ баъди хариди бозор суҳбати гарм доштанд. Духтарчаи чорсолаи зебое рост меистод. Азбаски ҳавои саратон гарм буд, аз пешониву рӯяш арақ мешорид. Рӯймол-сатри бастааш ҷо-ҷо тар шуда буд. Шояд ба гармӣ тоқат накард, ки аз очааш кашидани рӯймолро илтимос кард. Аммо дар ҷавоб зан мефаҳмонд: “Духтарам, убол мешавад, бобот ай ҳаҷ ба ният овардагияй. Ту бояд қория шавӣ”. Намедонам дигар мусофирон ба ин чӣ гуна муносибат доштанд, маро ин муколама бетараф нагузошт.
Чаро мо фарзандонамонро бо ном ба омӯзишу риояи фарзҳои мусулмонӣ ҳидоят карданӣ мешавему саҳв карданамонро намедонем? Худамон дар бораи ҳадиси Паёмбар (с), ояту сураҳои Қуръони карим маълумоти кофӣ надорему мехоҳем фарзандонамон солеҳу қорӣ бошанд. Мо мехоҳем амалӣ шудани ормонҳои худро, ки ба мо муяссар нашудааст, дар мисоли ҳаёти кӯдаконамон бинем. Ҳар як фарди мусулмон аз рӯйи эътиқоду уҳдадорӣ бояд ба фарзандонаш роҳи дурусти зиндагиро омӯзонад. Қуръони карим махзани адаби беҳтарини инсонист, ки аз он танҳо пайомади некро интизор шудан мумкин аст. Аммо ҳар як омӯзиш ва маслиҳату панд маврид дорад. Бояд салоҳияти фард ба назар гирифта шавад.
Табиати кӯдаки чорсола, ки ниёз ба бозиву ҷаҳонфаҳмӣ бо ҳамсолонашро дорад, ба дарки маълумоти мураккаби калонсолон тавон надорад. Олами рангини кӯдаконаро бо савобу гуноҳ, риояи фарзҳои мусулмонӣ пойбанд кардан на аз рӯйи равоншиносӣ ва на аз рӯйи таълимоти ислом ҷоиз нест.
Агар аз синни хурдӣ, ба хотири “нақш бастан ба санг” азбар кардани ояту сураҳо оғоз шавад ҳам, сарфаҳм рафтан ба маънӣ имкон надорад. Тақлиди рӯякӣ ба қироат нишони дониши мукаммал нест. Мо-калонсолон маҷбур мекунем, ки аз ёд кунанд.
Чаро дар 10-12- солагӣ барои сабақгирӣ ҳатто ба хориҷа мефиристем, аз таълими мактаби миёна барканор мекунем?
Бархе аз волидон гумон мекунанд, ки доштани таълимоти динӣ ин ҳунарест, ки онҳо минбаъд ризқу рӯзиашонро меёбанд. Ҳол он ки ба ивази хондани Қуръон, дуову фотиҳа тамаъ кардани чизе, маблағе гуноҳ аст. Маҳз ҳамон муллобачаҳои “донишманд” ба ивази подош ба “ҷиҳод”-у қурбон кардани ҷони худ розӣ мешаванд. ба дараҷаи ифрот расидани эътиқоди динии онҳо маҳз аз хурдӣ дар таъсири зӯран сабақ омӯхтанашон ташаккул меёбад. Чунки ин кӯдакон на аз илми дунявӣ хабар доранду диди оламшиносиашон тангу сарбаста аст. Талқин кардан ба онҳо, ки ин дунёи гузарон асту дар орзуи ҳаёти биҳиштӣ будан рӯҳу равони беолоиши кӯдаконаи зудбовари онҳоро заҳролуд мекунад. Ҷузъи муҳими зиндагӣ дар байни одамон зистан, ахлоқи ҳамида доштан, эҳтироми волидонро донистан, ба ниёзмандон некӣ кардан, фарзҳои мусулмониро иҷро намудан, аз худ номи нек боқӣ гузоштан ҳам аз рӯйи таълимоти ислом вазифаи ҳар як фард мебошад.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2-юми прокуратураи вилояти Хатлон Муҳаммадризо Нидозода ҷиноятҳои хусусияти терористидошта собит мекунанд, ки аксари онро, яъне 80 фисад шахсоне содир мекунанд, ки қаблан таълимоти ғайрирасмии диниро дар дохил ё хориҷи кишвар гирифтаанд. Азбаски эътиқоди динӣ хеле ҳассос аст, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ин сӯйистифода мекунанд.
Шаҳрвандон бояд донанд, ки мувофиқи Қонуни му-
рофиавии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои таълими ғайрирасмии динӣ моддаи 472 иловаи 2 қисми 1 барои додани ин таълимот ва қисми дуюми ин муқаррарот барои гирифтани таълимоти динии ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ шудааст. Тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти ғайриқонунии тадрис ва гирифтани таълимот ҷазои то маҳрум кардан аз озодиро муайян кардааст. Тафтишоти парвандаҳои марбут ба гаравидани шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакону занон ба гурӯҳҳои террористӣ бо баҳонаи таҳсили динӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам дар хориҷи кишвар 33 нафар қарор доранд. Онҳо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳо Кӯлоб, Вахш, Қубодиёну Восеъ мебошанд.
Исмоил Маҳмадғафуров, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, бар он назар аст, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти олии динӣ имконият муҳайёст.
Хатмкардаҳои Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ барои хидмат дар масҷидҳои расман иҷозатдодашуда ҷалб карда мешаванд.
Дар макотиби ҷумҳурӣ фанни “Таърихи дин” ҷорӣ карда шудааст ва он маълумоти умумӣ дар бораи динҳоро медиҳад. Падару модарон мехоҳанд аз хурдӣ дар зеҳни фарзандонашон мусулмон буданро тарбия кунанд. Барои сабақгирӣ ба назди муллое ё бибихалифае вобаста карда, хушҳол мешаванд, ки қарзи волидайнии худро адо менамоянд. Ҳол он ки ҳодисаҳои муносибати хушунатомез нисбати кӯдакон, фишори равонӣ, ҳатто фисқу фуҷур шогирдонро на танҳо аз таълимот дилхунук мекунад, балки дар ташаккули минбаъдаи онҳо чун одамони бераҳм, бадахлоқ замина мегузорад.
Алихонова Гӯзал-омӯзгори собиқадор, доир ба таълимоти ғайрирасмии динӣ чунин ибрози андеша намуд:-Ҳар гоҳ, ки қироат ва ё шарҳи ояту сураи Қуръонро аз забони бибиотуне мешунавем, ҳис мешавад, ки ӯ дар назди кӣ сабақ омӯхтааст. Касе, ки китоби муқаддасро мувофиқи граматикаи забони арабӣ, бо қоидаи таҷвид мехонад, таъсири дигар дорад. Ин қабил ходимони дин таҳсилкардаҳои мадрасаҳои расмӣ ҳастанд. Дар марказҳои забономӯзӣ ба роҳ мондани забони арабӣ ба маърифати динии хонандагони ин курсҳо кумак мекард.
Донистани забони арабӣ барои мутолиаи асарҳои илмиву бадеии гузаштагонамон низ фоидабахш аст. Дар Тоҷикистон, ки озодии виҷдон, эътиқоди динӣ кафолат дода шудааст, имкони парастиши дин муҳайёст. Бояд фаромӯш накунем, ки ин эътиқод бар зарари худи шахс ва ҷомеа набошад.
Тоҷиниссо Давлатова, нафақагир, мегӯяд, ки ҳоло ба ҳаҷҷи умра бурдани кӯдакони хурд мӯд шудааст. Ҷавононе, ки ҳамроҳи волидон ба зиёрат мераванд, дар бораи дини ислом маълумоти кофӣ надоранд. Чӣ ҳоҷат дар бораи он кӯдакон гуфтан? Ба ин калонсолони оила гунаҳкоранд. Кӯдакон аз ин сафар чӣ бардошт мекунанд? Ақли онҳо ба фарзҳои мусулмонӣ намерасад. Танҳо зиёрату дидани он ҷойҳои муқаддас ба одами аз рӯйи иродаву эътиқод омода мувофиқ мебошад.
Аз телефонбозиву рӯзи дароз оббозӣ дар ҷӯю каналҳоба тарбияи ахлоқӣ ва мутолиаи асарҳои классикон ҷалб кардани фарзандон беҳатар аст. Аз бекорӣ ба корҳои бад даст мезананд. Танҳо падару модар назорат кунанд,ба хоҳиши онҳо нигоҳ карда, омӯзонанд, хуб мешавад.
P.S. Хонандагони азиз! Мехостем дар ин мавзуъ фикру пешниҳодҳоятонро ба идораи рӯзномаи “Хатлон” фиристед.
Дилором Маҳкамова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...