Донишҷӯиям ба фаъолияти кандакорӣ монеъ намешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 665
Беҳрӯз Олимов дар 21-солагӣ аллакай усто ва омӯзгори кандакор гаштаааст. Ӯ дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Худ хатмкардаи ҳамин мактаб буда, имрӯз ба ҳайси устоди кандакор ба шогирдон нозукиҳои ин касбро меомӯзонад. Ҳамзамон, ин ҷавони пурталош дар курси дуюми риштаи фарҳанги ҷаҳонӣ ва фолклори факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсил дорад.
-Аз хурдӣ ба санъат меҳри зиёд доштам. Вақти аввалин маротиба бо падарам ба мактаби санъати шаҳри Бохтар омадан мехостам рассом шавам. Вале садои таҷҳизотҳои чӯббурӣ маро ба синфхонаи омӯзиши ҳунари кандакорӣ овард. Дар ин синфхона чандин ҳамсоли худро дидам, ки ба омӯзиши ин касб машғуланд. Ман низ хостам ин ҳунари қадимаро омӯзам. Ба падарам гуфтам, ки ман кандакор мешавам, ва падарам розӣ шуда, маро назди устод ба шогирдӣ доданд. Ҳамин тавр 7 сол дар ин мактаб таҳсил кардам, тамоми нозукиҳои ин касбро аз устодам омӯхтам, - мегӯяд Беҳрӯз.
Беҳрӯз дар баробари устои хуби соҳаи худ будан, инчунин донишҷӯи фаъоли донишгоҳ мебошад. Дар ҳама чорабиниҳои донишгоҳ иштирок менамояд. Ва маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошобин мегузорад. Феълан, ӯ дар мактаби санъат фаъолияти пурсамар дошта, чанд нафарро ба шогирдӣ гирифта, ба онҳо касби кандакориро меомӯзонад.
- Кандакорӣ касби душвор ва заҳматталаб аст, на ҳар кас метавонад дар ин касб сабру таҳаммул кунад. Ман дар давоми омӯзишам шоҳиди он будам, ки чанде аз рафиқонам тарки он намуданд. Аммо бо тавсияи устодам корро идома дода, хушбахтона, тамоми нозукиҳои онро аз худ кардам. Ба шогирдони худ пайваста омӯзиши ин ҳунарро ташвиқ менамоям, то ин касбро омӯзанду соҳибэҳтиром гарданд,- изҳор дошт Беҳрӯз.
Беҳрӯз ва шогирдонаш аз чӯбу тахта сандуқ, ҳар гуна қуттиҳо барои нигоҳдошти зару зевар ва дигар ашёҳо, лавҳа, лавозимоти лозимаи рӯзгор, армуғон ва ҳар гуна нақшу нигори чашмрасро рӯйи чӯб меофарад, ки зебоянду муассир. Дар тамоми чорабиниҳо дастранҷашро ба намоиш мегузорад. Беҳрӯз дар оянда ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро ба ин касб бахшида, сафи шогирдонашро зиёд намояд ва барои рушди ин ҳунари қадимаи миллии тоҷик ҳиссагузор бошад.
Фарида БАРОТОВА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00