Яроқро бо қалам иваз карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 436
Хабари шуми ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба хоки муқаддаси Иттиҳоди Шӯравӣ ба тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барқвор расид. Мардони далеру шуҷоъ ва баору номуси тоҷику тоҷикистонӣ барои ҳифзи Ватан бархоста, ихтиёрӣ ба фронт мерафтанд. Дар қатори дигарон қаламкашони водии Вахш, аз ҷумла кормандони рӯзномаи «Хатлон» низ буданд.
Инак, аз корнамоии чанде аз онҳо дар майдони ҷанг ва ақибгоҳ ёдовар мешавем.
Роҳи ҷангии Аскаралӣ Набиев аз курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оғоз гардид. Баъди гузаштани машқҳои тайёрии ҷангӣ ба фронт рафт. Майдони ҷанг барои ин ҷавони далер имтиҳони садоқат ба Ватан буд. Ӯ ҳифзи хоки Ватанро қарзи муқаддаси хеш дониста, назди ҳамдеҳагонаш “Ман аз фронт бо ғалаба бармегардам!”, гӯён савганд ёд кард.
Ҳамон рӯзҳо ин мусибати калон мардуми гуногунмиллатро ба ҳам оварда, ба якдигар боз қавитар сохт. Сарбозони Шӯравӣ барои як мақсадғалаба бар фашизми гитлерӣ ба даст яроқ гирифтанд. Онҳо дар озод намудани шаҳру деҳ ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолона иштирок карда, душманро саркӯб мекарданд...
Сарбози далер Аскаралӣ Набиев ба савганди додаи худ содиқ монд. Ӯ бо сари баланду Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ ба Ватан баргашт. Аскаралӣ Набиев барои корнамоиҳо дар арсаи набард бо бисёр ордену медалҳои ҷангӣ қадр гардидааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аскаралӣ Набиев баъди ба меҳан баргаштан ба меҳнати озод машғул шуд.
Дар вазифаҳои гуногун кор кард. Ӯ яроқро ба қалам иваз намуда, аз соли 1957 ба кори рӯзнома гузашт. Дар рӯзномаи шаҳрии Қӯрғонтеппа “Болшевики Қӯрғонтеппа” (баътар номаш “Коммунисти Қӯрғонтеппа” гузошта шуд), дар рӯзномаи минтақавии “Ифтихори Вахш” ва дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳозира “Хатлон”) дар вазифаҳои муовини муҳаррир ва мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ фаъолият намуд.
Аскаралӣ Набиев ҳамчун собиқадори матбуот ва рӯзноманигори ботаҷриба қалами бисёр ҷавонони навкорро рост намудааст. Ӯ худ эҷодкори пуркор буд ва дар мавзуи кишоварзӣ бештар менавишт. Устоди сухан то охири умри бобаракати хеш бо рӯзномаи “Хатлон” монд.
Устод 2 январи соли 1931 дар ноҳияи Куйбишев (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), ба дунё омадааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва баъдан то соли 1949 ба ҳайси муҳосиби бригадаи пахтакории колхоз фаъолият кард.
Соли 1954 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппаро бомуваффақият хатм карда, худи ҳамон сол ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуд. Онро бо муваффақият хатм намуд ва то соли 1965 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият кард.
Насриддин Мирзоев завқи эҷодкорӣ дошт. Ҳамин буд, ки соли 1965 ба идораи рӯзномаи ноҳиявии “Ба пеш” (ҳозира “Баҳористон”) ба кор даъват шуд. Нахуст дар вазифаи мухбири суратгир ва баъдан ҷонишини муҳаррир кор кард.
Солҳои 1979-1992 ба сифати хабарнигори махсуси рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳоло “Хатлон”) фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан чанд муддат дар вазифаи раиси Бунёди забони ноҳияи Куйбишев кор намуд. Солҳои 1994-2004 ба кори омӯзгорӣ машғул шуд.
Устод ҳоло давлати пирӣ меронад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви ИЖТ аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ хизмат намудааст ва бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок” мукофотонида шудааст. Инчунин аз имтиёзҳои иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бархӯрдор мебошад. Фотеҳ Ҳомидов баробари шунидани хабари шуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз ҷониби фашистони гитлерӣ соли 1941 оғоз гардид, шунида, бо дуои неки волидон ба сафи ихтиёриён шомил гашт ва ба фронт рафт. То рӯзи Ғалаба сарбозони шӯравӣ бар фашизм (соли 1945) дар ҷабҳаҳои ҷангӣ иштирок карда, душманро ба хонааш пеш карданд. Бисёр шаҳру вилоятҳоро аз муҳосираи душман озод карда, бо чандин ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Фаъолияти рӯзноманигориро соли 1945, баъд аз фронт баргаштанаш, оғоз намудааст. Сараввал дар вазифаи котиби масъули рӯзномаи “Колхозчӣ”-и ноҳияи Кировобод (Панҷи имрӯза) ба кор оғоз кард. Соли 1946 бо даъвати муҳаррири рӯзномаи “Болшевики Қӯрғонтеппа” ба идораи ин рӯзнома ба кор омад. Тӯли ин солҳо дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи саноат фаъолият намуд. Аз соли 1957 то ба нафақа баромадан (аввали солҳои 80-уми қарни гузашта) мухбири махсуси рӯзномаи ҷумҳуриявии “Совет Тожикистони” дар водии Вахш буд.
Ӯ барои хизматҳои шоён дар соҳаи матбуот бо мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст.
Р.S. Рӯзи Ғалабаи бузург иди ҳар як хонадон ва саҳифаи дурахшони таърих буда, корнамоиву қаҳрамониҳои падарону бобоёни мо дар он бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Аз ҷумла, шуҷоату далерии рӯзноманигороне, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карда, ҳаёти осоиштаи мардумро таъмин намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
С. Аттор,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...