Ҳангоми офати табиӣ чӣ бояд кард?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 511
Чанде пеш дар қаламрави ҷумҳуриамон заминларзаи батакрор сурат гирифт. Ин рухдод дар пасманзари он чи дар Туркия ва Сурия сар зад, бисёриҳоро такон доду ба тарс овард. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар як мусоҳиба гуфт, ки дар ҷумҳурии мо тайи сад соли охир зилзилаи аз 7,5 бал шадидтар рух надодааст ва эҳтимоли сар заданаш ҳам ниҳоят кам аст.
дар ибтидои ин ҳафта боиси зарари зиёди иқтисодӣ ба хоҷагии халқ гардид. Аз ҳама муҳим, ҳаёт ва саломатии инсон аст, ки хушбахтона, дар натиҷаи зилзилаву омадани сел ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Бо вуҷуди ин, инсон бояд дар ҳама ҳолат худро барои ҳодисаҳои нохуш омода созад, аз ҷумла барои заминларза ва сел, ки аксар вақт ногаҳонӣ ба вуҷуд меояд ва одамонро ғофилгир мекунад.
Бинобар ин, идораи рӯзномаи «Хатлон» тасмим гирифт, ки бо истифода аз тавсияҳои коршиносон барои хонандагони худ дастури амал ё қоидаҳои бехатариро то заминларза, вақти заминларза ва баъди он, инчунин ҳангоми сар задани офатҳои дигари табиӣ пешниҳод намояд.
ПЕШ АЗ ЗАМИНЛАРЗА
Вақте шумо дар хонаед ё дар кӯча меравед ё бо дӯстонатон дар театру кинохона нишастаед, сайри боғу гулгашт доред ва ё савори мошин дар сафаред, ҳамеша нақшае бояд дошта бошед, ки дар ин гуна ҳолатҳо агар замин ҷунбид, чӣ бояд кард.
Волидонро лозим аст, ки дар мавзуи заминларза бо фарзандонашон суҳбат кунанд, фаҳмонанд, ки ин чӣ рухдод аст ва чӣ бояд кард, агар он рух диҳад. Дар мактаб, дар соатҳои тарбиявӣ муаллимон дар ин бора суҳбатҳои махсус гузаронанд, ҳатто мутахассисонро даъват кунанд.
Даъвати мутахассис хубии дигар дорад: ӯ метавонад ёриҳои аввалияи тиббиро ба зарардидагон амалан нишон диҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна барномаҳои хуби омӯзишӣ дорад ва истифода аз ин барномаҳо барои хонандагон ва муаллимон, падарону модарон хеле муфиданд.
ТАВСИЯҲО БАРОИ ҲАМА:
1. Ҳатман дар хона захираи кофии оби нӯшокӣ дошта бошед, ҳадди ақал барои ду ё се рӯз ғизо низ. Дорухонаи оилавии шумо бояд ҳамеша доруҳои ниёзи аввал ва василаҳои кумаки аввали тиббӣ, аз ҷумла пахтаву докаву спирт дошта бошад.
2. Аз қабл катҳои хоби худ ва фарзандонатонро аз назди тирезаҳо дуртар ҷойгир кунед.
3. Ҳамеша дари ҷевони хонаи шумо пӯшида бошад. Ашёи шикананда ва вазнинро аз болои ҷевонҳо ё равоқи хона бигиред ва онҳоро тавре ҷо ба ҷо кунед, ки агар афтанд ҳам, ба касе осеб расонида натавонанд ва ё нашкананд.
4. Агар шумо дар хона маводҳои кимиёвӣ ва заҳрогин дошта бошед, онҳоро ҳамеша дар ҷойҳои дастнорас ва дур аз чашми кӯдакон нигоҳ доред.
5. Ҳар кадоме аз сокинони хона бояд манбаъҳои қатъи қувваи барқ, газ ва обро донанд, то ки дар сурати ҳодисаи ногаҳонӣ тавонанд фавран онҳоро банданд.
6. Ҳама ҳуҷҷатҳои лозимӣ бояд дар як ҷойи аниқ бошанд, ки дар сурати зарурат кофтуков накунед.
АМАЛ ҲАНГОМИ ЗАМИНЛАРЗА
1. Вақте шумо таконеро ҳис кардед ва ё дидед, ки қандили хонаи шумо ба ҷунбиш меояд, чизу чора аз боло ба поён меафтанд, садои ба ҳам бархӯрдани шишаҳоро шунидед, фавран аз хона берун бароед. Шумо хеле вақти кам доред, аз аввали эҳсоси такон то гузаштани замони хатар барои бино ҳамагӣ 15-20 сония.
2. Барои беруни бино шудан шумо ҳатман аз зинаҳо истифода кунед, ба лифт ҳаргиз нанишинед, чун имкон дорад қувваи барқ хомӯш шавад ва шумо дар дохили лифт монед, ки ин ба ҷонатон метавонад хатар дошта бошад.
3. Оромиро ҳифз кунед ва дигаронро низ ором кунед. Бахусус кӯдаконро наҳаросонед.
4. Вақте ба кӯча баромадед, аз назди биноҳо дуртар равед, дар фазои кушод қарор гиред.
5. Вале агар имкони берун рафтан наёфтеду дар хона мондед, дар ҷойи бехатар истед: зери деворҳои дохили бино, дар кунҷи хона. Агар имкон бошад, худро зери миз паноҳ диҳед.
6. Аз назди тирезҳо ва ҷевонҳои вазнин дур равед. Агар кӯдакон бо шумоянд, онҳоро паноҳ диҳед.
7. Ҳаргиз аз гӯгирд ва ё шамъ истифода накунед, чун агар газ ихроҷ шуда бошад, ин сабаби таркиш ва сӯхтор мешавад.
8. Худро аз зери ноқилҳои барқ дур гиред.
9. Агар шумо савори мошинед, пас дар ҷойи худ қарор гиред, то замоне, ки такони замин ба охир намерасад, аз мошин берун нашавед.
10. Ҳамеша омодаи кумак ба одамони дигар, ба атрофиён ва пайвандонатон бошед.
БАЪДИ ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БОЯД КАРД?
1. Ба осебдидагон ёрӣ расонед.
2. Хеле эҳтиёткор бошед! Бехатрии кӯдакон, солмандон, беморон ва занонро таъмин кунед. Онҳоро ором созед, гӯед, ки дигар хатар вуҷуд надорад, замин аз ҷунбиш бозмонд.
3. Безарурат телефони худро машғул надоред.
4. Ба хабарҳои радио диққат диҳед, гӯш андозед, эҳтимол хабаре пахш мешавад, ки барои шумо хеле лозим аст.
5. Ба маслиҳату машварати ҳукумати маҳаллӣ ва ситоди бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ гӯш диҳед, тибқи он амал кунед.
ДАР ВАҚТИ БОРИШОТИ БОРОНИ ЗИЁД
Тибқи маълумоти мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, бар асари боришоти шадид ин гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд:
- эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;
- дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;
- эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо шавад.
Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хатҳои интиқоли барқ, дарахтон ва иншооти садамавӣ худдорӣ намоед.
Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон аз сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дар чунин рӯзҳои сербориш рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор маслиҳат нест.
Таҳияи Ҳангомаи ИСМАТ , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...