Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аҳамият ва манфиати рӯза


Аҳамият ва манфиати рӯза




Бисёриҳо рӯзадориро танҳо уҳдадории динӣ меҳисобанд. Вале намедонанд, ки он ба саломатии инсон низ манфиат дорад. Дар илми тиб собит шудааст, ки рӯзадорӣ ба оромии рӯҳ ва солимии бадан, аз байн бурдани чарбуҳои зарарнок, танзими фишори хун, қанди хун ва ғайра таъсири зиёд дорад.

Олимони соҳаи тибби дунё вобаста ба фоида ва зарари рӯза таҳқиқотҳои илмӣ намуда, ба хулосае омадаанд, ки рӯзадорӣ аз чанд ҷиҳат ба саломатии инсон фоидабахш аст. Як гурӯҳи олимон дар бораи нақши рӯза ба барқарории кори рагу мушакҳо, таъсири рӯза ба саломатии мағзи сар, дигаре дар бораи ба эътидол даровардани системаи ҳозимаи бадан, таъсири рӯза ба пӯст ва чанде дигар пажӯҳиши илмӣ анҷом доданд.

Рӯза барои системаи ҳозима чӣ манфиат дорад?


Табибон бар онанд, ки рӯза гирифтан тӯли як моҳ системаи ҳозимаи баданро барқарор мекунад. Ҳуҷайраҳои рӯдаю меъда хеле кам мешаванд, зеро системаи ҳозимаи бадан дар тӯли як моҳ кам фаъолият мекунад ва имкони навсозии ҳуҷайраҳо, инчунин афзоиши мубодилаи модаҳо ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа сатҳи фаъолияти метаболитсия (тағйирёбии табаддулот) ба ҳолати муқаррарӣ мегузарад. Яъне, фаъолияти меъдаю рӯда пас аз моҳи Рамазон беҳтар мегардад.

Таъсири рӯза ба майнаи сар Ба андешаи олимон, вақте ки одами солим хӯрокро аз ҳад зиёд истеъмол мекунад, дар мағзи сар як навъ ихтилол пайдо мешавад. Ҳангоми рӯзадорӣ, дар майнаи сар баъзе тағйиротҳои кимиёвӣ ба амал меоянд, ки ба солимии мағз таъсир мерасонанд.

Тадқиқотҳои олимони амрикоӣ нишон дод, ки диққати ақлӣ дар моҳи Рамазон ба дастомада сатҳи нейрогенези аз мағзи сар ҳосилшударо меафзояд, ки дар натиҷа дар бадан ҳуҷайраҳои мағзӣ бештар тавлид мешаванд ва ба ин васила кори мағзи сар беҳтар мегардад.

Рӯза гирифтан барои кам кардани вазни бадан Аксарияти нафарони гирифтори фарбеҳӣ мехоҳанд, ки дар моҳи Рамазон вазни худро кам кунанд, вале ба ҷойи расидан ба вазни идеалии худ фарбеҳ мешаванд. Сабаби ин метавонад тановули пас аз ифтор ё наҳории саҳар вабефаъолиятӣ бошад. Аз ин рӯ, бояд баъзе қоидаҳоро риоя кард.

Ба андешаи олимон наҳорӣ дар моҳи Рамазон хеле муҳим аст, он метавонад рӯзаатонро нигоҳ дорад, ё вайрон созад. Дар натиҷаи истеъмол накардани наҳорӣ сатҳи шакар дар хун паст хоҳад шуд. Тановули хӯрокҳои серравған дар наҳорӣ тавсия дода намешавад, дар ифтор низ мебояд нахуст оби ширгарм нӯшид ва хӯрокҳои сабук истеъмол кард.

Ба андешаи табибон равғани хӯрокҳое, ки тӯли якчанд моҳ организм онро истеъмол ва ҷабида мегирад, ҳангоми рӯзадорӣ тоза карда мешавад. Махсусан, хӯрокҳое,  ки пайвастагиҳои иловагие доранд, боиси заҳролудшавӣ мегардад. Ҳангоми рӯза гирифтан бадан барои ҳазми хӯрок энергия сарф намекунад, баръакс қувваи худро барои сӯзонидани он иловаҳо сарф мекунад ва бо роҳи аз нав сохтани бадан, ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меорад.

Таъсири рӯза ба пӯст чӣ гуна сурат мегирад?

Рӯза ба пӯст таъсири мусбат мерасонад. Зеро дар ин моҳ бадан пок мегардад. Дар рӯзҳои аввали Рамазон ин тозагӣ дар шакли доғҳои рӯй пайдо мешаванд. Аммо пас аз он ки бадан ба шароити нав мутобиқ мешавад, ин доғҳо тоза мешаванд, ба шарте ки рӯзадор ҳангоми ифтор то дамидани субҳ ба миқдори кофӣ об нӯшад. Об ин заҳрҳоро, ки дар шакли доғ пайдо шудаанд, рафъ менамояд. Инчунин, рӯзадорӣ ба нафарони гирифтори бемории пӯст, ба монанди уртрика барои зудтар шифо ёфтан кумак мекунад.

Рӯза то кадом андоза сатҳи иммунии организмро меафзояд?

Аз рӯйи тадқиқотҳои илми тиб рӯзадорон миқдори камтарини ғизоро мегиранд, ки он системаи иммуниро фаъол мекунад. Олимон мегӯянд, ки рӯзадорон пас аз ифтор набояд аз ҳад зиёд хӯрок хӯранд ва парҳези дурусте дошта бошанд. Пиронсолоне, ки ба баъзе бемориҳо гирифторанд, агар рӯза гиранд, системаи иммунии онҳо баръакс амал мекунанд.

Рӯза метавонад дар мубориза ба беморӣ, ҳатто пешгирии он, кумак кунад. Ба андешаи олимон ҳуҷайраҳо ҳангоми барқарор шудан ба иваз шудани ҳуҷайраҳои куҳна, ки ба системаи иммунӣ дохил мешаванд, шуруъ мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки рӯза на барои ҳама манфиатовар аст.

Занони ҳомила ҳангоми рӯза гирфтан, кӯдак ғизои заруриро нагирад, шираи устухонро ҷабида мегирад, ки ин ба заифии устухон ва ҳолати тез пиршавӣ оварда мерасонад. Ҳамзамон, заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, нафароне, ки диабети қанд, ё қанди хун кам дошта бошанд, рӯзадорӣ метавонад боиси гипогликемия (ҳолати пасти глюкоза дар хун) гардад.

Таҳияи Фарида Баротова

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода