Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Гунаҳгорони бегуноҳ


Гунаҳгорони бегуноҳ



Наврасро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мақомот бурданд. Ӯ дар кашмакашҳои “мусаллаҳона”-и миёни хонандагони мактаб “Авторитет” буд. Кормандони мақомот нахуст ба волидайнаш муроҷиат намуда, онҳоро барои риоя нанамудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба бозпурсӣ даъват намуданд. Волидайни ошуфта ҳозир шуданд. Аммо на барои ислоҳ шудану ислоҳ намудан, балки барои ҳимоя аз “ҳуқуқҳо”-и хеш. Онҳо дар гунаҳгор будан ва ба ҷиноят даст задани фарзандашон мактаб ва омӯзгоронро гунаҳгор медонистанд. Фаҳмондадиҳии кормандони мақомот ҳам заррае фикри онҳоро иваз накард ва маҷбур шуданд “гунаҳгорон”-и дигари қазия –омӯзгоронро низ даъват намоянд, то мӯй аз хамир ҷудо карда шавад.

Омӯзгорон низ омаданд ва ба гуфте “ҷанги сеюми ҷаҳон” - ҷанги сард оғоз шуд. Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳо натиҷаи бемасъулиятии худро қабул кардан намехост. Волидайн бо сари баланду овози раъдосо ба омӯзгорон мегуфтанд, ки мо ҳар моҳ фалон қадар харҷ мекунем. Аз пули моҳона то билетпулиҳои маҷбурии ҳаррӯзаро бемушкилӣ мепардозем, дафтару китоб мехарем, сару либоси тавсиявӣ мехарем. Бар болои ҳамаи ин боз ҳар рӯзу ҳар лаҳза дар фикри он бошем, ки фарзанди мо дар мактаб чӣ кор мекунад, пас шумо - омӯзгорон барои чӣ лозим, пас вазифаву масъулияти шумо чист? Пас мактаб барои чӣ лозим?

Модоме, ки сари вақт “моҳонапулӣ” талаб карда метавонед, “зодрӯзпулӣ” гуфта метавонед, “идпулӣ” ҳам аз назаратон боре дур намемонад, пас чаро бадахлоқшавии ӯ ба чашматон наменамояд. Охир инсон яку якбора ҷинояткор намешавад-ку? Чаро аз лаҳзаҳои аввали қонуншиканӣ ва саркашиҳояш моро огоҳ намекунеду вақте аллакай кор аз кор мегузарад, мо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯем?

Омӯзгори ҷабрдида аз ин бепарда гапзании волидайни худхоҳ ба ташвиш афтоду зуд ба мудофиа гузашт, то боз гапҳои гуфтанашавандаи дигаре гуфта нашавад.

-Ин чӣ суханони таҳқиромезе нисбати омӯзгорон! Магар шумо шарм намедоред, ки ба таълимдиҳандаи фарзандатон чунин ҳарф мезанед, -ба ғазаб омад омӯзгори ошуфташуда. -Як бор ба сару рӯи худатон назар кунед, - гуфт ӯ ба модари олуфтаи хонанда муроҷиат карда. -Охир ҳамаи либосҳои бабаркардаи шумо брендҳои аврупоианд, ки нархаш дар осмон.

Ин харҷ ҳеҷ несту ҳамон 10 ё 20 сӯми “моҳонапулии мо” ба назар менамояд? Магар шумо боре бо хоҳиши худ ба маҷлиси падару модарон ҳозир шудед, то аз бурду бохти фарзандатон огоҳӣ ёбед? Ягон бор бо хоҳиши худ ба мактаб ташриф овардед? Магар боре занг зада аз ман пурсидед, ки фарзандам чӣ гуна ахлоқ дорад? Ягон бор ба дарси ӯ иштирок кардед, то сатҳи донишашро фаҳмед? Оё бо роҳбари синфаш ба ҷуз бозпурсии он ки ину он маблағ барои чист, робитаи ҳамкорӣ доред?

Магар намешуд дар телефони “Айфон -14 ProМax”-атон дар баробари бо ҳамкурсону ҳамсинфону дӯстону дугонаҳо гурӯҳ кушодан, бо волидайн ва омӯзгорони фарзандатон низ гурӯҳ мекушодеду роҳу тариқи тарбияи дурустро бо ҳам ба иштирок мегузоштед? Ё ҳадди ақал бо ин роҳ аз фаъолияти ҳаррӯзаи ӯ огоҳӣ пайдо мекардед.

Албатта не! Оё боре аз ӯ пурсидед, ки маблағҳои ҳар рӯз барояш додаатонро ба киву чӣ сарф мекунад? Оё боре кӯшиш кардед фаҳмед, ки ӯ чӣ гуна ва чӣ қадар дӯсту рафиқ дораду муомилааш бо ҳамсабақон чӣ гуна аст? Оё боре ба ӯ аз рӯи виҷдон ва масъулияти хеш фаҳмонидед, ки ҳурмату эҳтироми устод бояд чӣ гуна бошад? Оё худи шумо аз ин хабар доред?

Волидайне, ки чунин худдифокунии омӯзгорро интизор набуданд, музтар шуданд. Охир воқеан ҳам ин ҳарфҳои омӯзгор дуруст аст. Фарзандро шинонда насиҳат кардан, фарҳанги истифодаи дурусти воситаҳои техникӣ, махсусан телефону компютер ва шабакаҳои иҷтимоиро ба ӯ фаҳмонидан, натиҷаи дарсҳояшро пурсон шудан ва назорат кардан, ӯро эркаву олуфта тарбия накардан аз амалҳоест, ки дар “тақвими рӯз”-и оилаи онҳо ҷой надорад.

Бо вуҷуди ин, волидайни нав ҳушёршуда боз ҳам мавқеъро аз даст додан нахостанд. Бо чашмони аз ғазаб хунгирифтаашон, ки онҳоро чун волидайни фарзанди ҷинояткор ва бадахлоқ барои бозпурсӣ даъват кардаанд, “гунаҳгори дигар” меҷустанд, то гуноҳи бемасъулиятии худро ба ӯ низ қисмат кунанд. Ва билохира ёфтанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ! Ва муроҷиат карданд:

- Бубахшед, пеш аз оне ки моро ба ин ҷо даъват намоед, боре андешидед, ки вазифаи худи шумо дар чист? Агар шумо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни хонандагону наврасон пайваста ба роҳ мемондед, аз оқибатҳои бади қонуншиканӣ онҳоро огоҳ мекардед ва дар доираи салоҳияти кории худ таъсиргузорӣ менамудед, имрӯз як хонандаи мактаб ҷуръат карда даст ба ҷиноят намезад!!!

Ана ёбу гир ва қазоват кун!

Инҳоро гунаҳгорони бегуноҳ мегӯянд!

Маҳҷуб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода