Соатҳои фархундаи рақсҳои мардонаи наврӯзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 396
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ ҳамадон, мунаҷҷим, риёзидон, файласуф, ҷуғрофидон, маъданшинос, кӯҳшинос, қавмшинос, инсоншинос, заминшинос, таърихнигор, гиёҳшинос, дорушинос ва инсонсолори бузург буда, дар тӯли умри гаронмоя дар бораи низоми мухталифи тақвимӣ, таърихи ҳокимон, қаҳрамонон, рӯйдодҳои сиёсӣ, фарҳанг, анъанаҳо ва ахлоқ таҳқиқоти илмии ниҳоят судманд анҷом додааст.
Аз ҷумла, асари илмию таърихии маъруфи Абурайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия»-и ӯст, ки роҷеъ ба пайдоиши ҷашни таърихию миллии мо-Наврӯзи Аҷам чунин иттилоъ додааст: “Ва чанде аз ҳашвия 141 мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне рӯзе тоза биёмад.”(Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. –Душанбе: Ирфон, 1990. – 232 с.)
Дар ин замина, назари Берунӣ дар мавриди пайдоиши Наврӯз ба Сулаймон бинни Довуд рабт дошта, таъкиди дигарбора ба тахт нишастани Сулаймон ва аз ҳамон рӯз шурӯъ шудани таҷлили Наврӯз аст. Муҳаққиқон таъкид медоранд, ки иттилои «Осор-ул- боқия» ниҳоят нодир ва муҳим аст. Чунончи, И. Раҳимов гуфтааст: “Ӯ (Абурайҳони Берунӣ – Ш.А.) дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ,
собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст”.
Роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни осори Абурайҳони Берунӣ, бавижа «Осор-ул-боқия» -и ӯ то ба имрӯз асарҳои алоҳидаи пажӯҳишӣ ва мақолоти арзишманди зиёди илмӣ аз ҷониби муҳаққиқону олимони мо навишта шудааст. Масалан, маърӯзаҳои зиёд таҳти унвонҳои «Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ», «Абурайҳони Берунӣ – поягузори инқилоби илмӣ дар Осиёи Марказӣ ва Эрон», «Абурайҳони Берунӣ – устоди забони модарии мо», «Ду рисола дар бораи устурлоби Абурайҳони Берунӣ», «Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ», «Корбурди луғоти санскрит дар асари «Молил Ҳинд»-и Абурайҳони Берунӣ» дар ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Абурайҳони Берунӣ – мутафаккири бузурги Машриқзамин», ки ба ифтихори 1050 – солагии Абурайҳони Берунӣ доир гардид, аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ ироа гардиданд.
Ҳамчунин, дар «Осор-ул- боқия» омадааст: “... Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯйи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст.
Аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ». Пас, Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯйи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд.” (Осор-ул-боқия, с. 232).
Бо назардошти матлаби мазкур, обпошии наврӯзӣ, ки имрӯз кам андар кам дар ҷашнҳои наврӯзии мардуми мо ба чашм мерасад ва ҳадяи наврӯзӣ, ки ин расм низ кам маъруфият дорад, дар “Осор-ул-боқия” ба рӯзгори Сулаймон пайванд аст.
Дар “Осор-ул-боқия” дар бораи “соатҳои фархундаи наврӯзӣ” иттилоъ омадааст, ки замина аз устура ва ривоятҳои мардумӣ доранд. Масалан, Берунӣ навиштааст: “Ва уламои Эрон мегӯянд, ки дар ин рӯз соате аст, ки фариштаи Фирӯз арвоҳро барои иншои халқ меронад ва фархундатарин соатҳои он соатҳои Офтоб аст. Ва дар субҳи Наврӯз фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан бар он табаррук меҷӯянд. Ва ин рӯз «рӯзи мухторӣ» аст. Зеро номи ин рӯз Ҳурмузд аст, ки исми Худованди таолост, ки офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст. Ва ӯ касест, ки восифон тавоно нестанд, ки ҷузъе неъматҳои ӯро тавсиф кунанд» (Осор-ул-боқия, с.232-233).
Дар “Осор-ул-боқия” аз забони Саид ибни Файз дар бораи «оташи Калвозо» - ота-ши ҳамеша сӯзони оини зардуштӣ, ки онро «оташи форсӣ» низ меноманд, сухан рафтааст. Макони ин оташро Берунӣ Кӯҳи Думо гуфтааст, ки дар Форс аст. Берунӣ дар бораи мавҷудияти ин оташ гуфтааст: «Ҳарчанд дил бад-ин суханон то ҳангоме ки мушоҳида накунад, боварӣ намекунад». Берунӣ вақти даргирӣ ин оташро шаби Наврӯз гуфта, афзудааст, ки «ҳар шаби Наврӯз бар он барқҳое медурахшад, хоҳ ҳаво соф бошад ва ё абр. Ва Абулфараҷи Занҷонни Ҳосиб барои ман ҳикоят кард, ки ин оташро ман дидаам.
Ва дар соле, ки Азудуддавла ба Бағдод омад, мо ба қасди Калвозо берун шудем. Ва он оташест ва шамъҳое, ки аз бисёрӣ ба шумор дарнамеояд ва дар самти ғарбии Даҷла, ки рӯ ба рӯйи Калвозо аст, дар шаби Наврӯз дида мешавад. Ва Азудуддавла нигаҳбони худро дар он ҷо гузошт, ки аз ҳақиқати амр ҷустуҷӯ кунад» (Осор-ул-боқия, с.233).
Берунӣ ба Ҷамшед иртибот доштани Наврӯзро низ зикр кардааст. Масалан, “баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабабе ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Хулоса
Бар мабнои сарчашмаҳои таърихӣ, Берунӣ муаллифи қариб 180 асари илмӣ буда, онҳо ба илмҳои нуҷум, риёзӣ, фалсафа, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, кӯҳшиносӣ, қавмшиносӣ, инсоншиносӣ, заминшиносӣ, таърихнигорӣ, гиёҳшиносӣ, дорушиносӣ ва инсонсолорӣ бахшида шудаанд.
Дар “Осор-ул-боқия” роҷеъ ба ҷашни Наврӯз иттилои муфассал дода шудааст, ки ба пиндори ин ҷониб, баъзеи онҳо хусусияти асотирию ривоятӣ доранд. Баъзе вижагиҳои Наврӯз дар асари мазкур дарҷ шудаанд, ки имрӯз дар байни мардум камтар роиҷанд.
Абдуаҳад Шарипов,
махсус барои «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00