Ман зодаи Тоҷикистонам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 386
Замоне дар водии Вахш намояндагони миллатҳои рус, тотор, қазоқу қирғиз, олмониву украин ва дигарон паҳлуи ҳам истода меҳнат менамуданд. Дар ин рос-то, мехоҳем, дар бораи омӯзгори муваффақи қазоқ, ки нисфи ҳаёти бобаракати худро ба соҳаи маориф ва тарбияи насли навраси водии Вахш бахшидааст, қисса кунем. Ин зан Ристай Байтураеваи 88-сола, сокини Ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён мебошад.
Падару модараш аз Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯч мебанданду дар сов-хози ба номи В. Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён) макон мегиранд. Нахустфарзанди Айтмах ва Ҷамила бо як дандони хурдакаке, гӯё онро махсус тасвир карда бошанд, ба дунё омад. Калонсолони деҳ ба зан мегуфтанд, ки чунин духтар доди Худосту кӯдаки махсус ва ба дунё омаданаш нишонаи хубест. Волидон ба духтарча Ристай ном гузоштанд, ки маънои “баризқ” – ро дорад.
Ристай Айтмахановна ба ёд меорад, ки дар синни панҷсолагиаш волидон нияти баргаштан ба Қазоқистонро доштанд. Аммо бо сабаби сардии ҳаво онҳо аз роҳ баргаштанд. Ӯ аз ҷумлаи тифлони даврони ҷанг мебошад. Ҳамин ки ба синни 6 даромаду мактабхон шуд, падараш ба фронт рафт.
-Падарам Ватанро аз фашистон ҳимоя менамуд, модарам ману се хоҳарамро ба воя мерасонд. Модарам зани босавод, вале бисёр хоксору одӣ буданд. 7-сола будам, ки аз фронт хатти сиёҳ гирифтем. Модарам пайваста гиря мекарду мо-кӯдакон бошем, намефаҳмидем. Аз сабаби он, ки ҳукумат боварӣ надошт, ки падарам дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст, ба мо додани кумакҳоро кам карданд. Ҳаёти мо рӯз аз рӯз мушкилтар мешуд, - ёд меорад омӯзгори собиқадор Ристай Байтураева.
Роҳбари совхоз аз номи модарам ва 4 фарзанди вай ба Сталин мактуб менависад. Соли 1943 аз номи Сталин мактуб меояду ҳолати иқтисодии оилаи мо беҳтар мегардад. Ин мактуб имрӯз ҳам дар осорхонаи ҷамоат нигоҳ дошта мешавад.
Бо маслиҳату машварати бибиаш соли 1955 ба Институти педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, онро хатм мекунад ва ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз менамояд.
Бибии табаррук бо шукргузории зиёд мегӯяд, ки писаронаш Марат, Аҳмад, Алик ва духтараш Зулайхо имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд.
-Шукри Худо, шукри озодию сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ман имрӯз дар иҳотаи 13 набераву 3 абера хушнудона давлати пирӣ меронам, - мегӯяд момои Ристай.
Толиб Толибзода, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00