Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » БОТУЛИЗМ: аз истеъмоли консерваҳои заҳролудшуда худдорӣ намоед


БОТУЛИЗМ: аз истеъмоли консерваҳои заҳролудшуда худдорӣ намоед



Бемории ботулизм, яке аз намудҳои вазнини заҳролудшавии инсон буда, аз истеъмоли маводҳои хӯрокаи заҳролудгашта, аз ҷумла истеъмоли маводҳои хӯрокаи консервагии дар шароити хона тайёршуда сар мезанад. Барангезандаи ботулизм асосан дар таркиби обҳои кушод, ҷӯйбору каналҳо, обҳои ғализ, хок, чангу ғубор ба миқдори зиёд мавҷуд буда, дар ҳолати карахтӣ солҳои дароз бетағйир боқӣ мемонанд, ки ба воситаи вазидани шамол бо гарду чанг ба обу меваю сабзавот ва дигар намудҳои наботот ба поин афтида, дар онҳо мемонанд.

Вақте ки инсон обҳои кушода, маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавотро, ки дар таркиби онҳо барангезандаи ботулизм мавҷуд аст, истеъмол менамояд, заҳролудшавии ботулизмро ба миён намеоварад, чунки барои аз барангезанда пайдо шудани заҳртоксин шарту шароити мусоид мавҷуд набуда, аз бадани инсон ба воситаи наҷосат бе зараррасонӣ ба саломатӣ хориҷ мешавад.

Барои афзоишу заҳролудкунии бадани одам ба барангезандаи ботулизм шароити беҳавогӣ зарур аст. Яке аз шароити мувофиқе, ки онҳо афзоиш меёбанд, ин воридшавӣ ба дохили зарфи консерва, ки хилофи қоидаю талаботҳои санитарию технологӣ тайёр карда шудааст, мебошад.

Чунки дар шароити хона ба таври лозимӣ махсулоти консервагӣ безарар (стериализация) карда намешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки дар маҳсулоти консервагие, ки аз тарафи корхонаҳои саноатӣ бо истифодаи таҷҳизоти безараргардон (автоклав) истеҳсол карда шудаанд, мавҷудияти барангезандаҳо дар онҳо ғайриимкон мегардад.

Дар вақти истеъмоли ин намуд маҳсулот барангезандагон ва заҳри ҷудокардаи онҳо ба организм ворид гашта, бо роҳи ҷабидашавӣ ба хун дохил шуда, ба тамоми организми истеъмолкунанда паҳн мешавад, пеш аз ҳама, ба системаи асаб зарар мерасонад. Заҳртоксинҳои ҳосилшуда ба фалаҷ намудани мушакҳои қафаси сина, тағйири фаъолияти биноӣ, кафидани капилляри рагҳои хунгард сабабгор мешаванд. Давраи ниҳонии беморӣ, яъне ин давраи аз вақти истеъмоли маводи заҳролудгашта, то вақти пайдоиши аломатҳои беморӣ аз 6 то 30 соат буда, дар ҳолатҳои алоҳида бошад, аз 2 то 12 рӯзро ташкил медиҳад. Беморӣ вобаста ба миқдори истеъмоли маҳсулот ва миқдори заҳри ба организм воридгашта, дар 3 ҳолат: вазнин, миёна ва сабук мегузарад. Аломатҳои аввалини пайдоиши беморӣ ин дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, дарди шикам, сустшавии мушакҳои бадан бо ҳиссиёти мондашавӣ, дард ва чархзании сар, дамиши шикам ва пайдоиши бод мебошад.

Ҳарорати бадан асосан бетағйир монда ё начандон баланд 37,70 -380С мешавад, васеъшавии гавҳараки чашмон, биниши туману тӯр (сетка) дар пеши чашмон, тағйири биниши аслӣ, яъне як чизро ба ду чиз дидан, коҷ гаштани чашмон, фуромадани халтаҳои болои чашмон, хирагию дуруштӣ ва гирифтани овоз, вайроншавии амалиёти фурӯбарии хӯрок, хушкшавии даҳону бинӣ, ташнагӣ, фалаҷ гаштани мушакҳои фурӯбарӣ, мансуб ба ин беморӣ мебошанд. Дар ҳолатҳои вазнин нафаскашӣ тағйир ёфта, метавонад қатъ гардад. Аз ҳамин сабаб беморон дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карда мешаванд. Табобати бемории ботулизм танҳо дар шароити беморхона имкон дорад.

Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст. Барои гирифтор нашудан ба бемории ботулизм бояд қоидаю талаботи санитарӣ ва коркарди маҳсулот қатъӣ риоя карда шавад.

Қайд кардан зарур аст, ки заҳри ботулизм дар маҳсулоти ғизоии гуногун, аз ҷумлаи сабзавотҳо: помидор, бодиринг, боимҷон, лӯбиёи сабз, испаноқ, замбӯруғ, лаблабу, маҳсулоти гӯштӣ, ба монанди ветчина, ҳасиб ва моҳӣ бештар вомехӯрад.

Барои тайёр намудани маҳсулоти консервагӣ бояд сабзавотҳои тозаю босифатро истифода бурда, ҷойи алоҳидаи тоза интихоб карда шавад. Барои ин кор фақат шахсони таҷрибадошта ҷалб карда шаванд. Меваю сабзавотро танҳо дар оби равони ошомиданӣ шуста, чораҳои безараргардонии зарфҳо, асбобҳои истифодашаванда тавсия дода мешавад. Зарфҳои шишагини тозаро дар миқдори зарурии об то ҳарорати на камтар аз 80-850 С нигоҳ доштан зарур буда, то мавриди дар зарфҳои шишагин ҷой кунонидани маҳсулот, онҳо бояд дар оби гарм нигоҳ дошта шаванд.

Маҳсулоти ғизоии нав тайёркардашударо дар давоми 2-5 дақиқа ҷӯшонда ва зуд дар ҳолати гармӣ ба зарфҳои шишагини пешакӣ тамизшуда ҷойгир кардан лозим аст. Барои маҳсулоти консервагии дар шароити хона тайёркардашуда ҳарорати баланд барои тамизгардонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳангоми консервакунонӣ дар шароити хона восита ва омилҳои монеъкунандаи афзоиши барангезандаҳо, аз қабили ҳарорати баланд, туршӣ (кислота), намак ва бактерияҳои кислотаи ширӣ ба қадри зарурӣ истифода карда шавад.

Аз зарфе, ки эҳтимол сироят ёфта бошад, ғизоро начашед. Ҳатто миқдори камтарини токсини ботулизм хатарнок аст. Маҳсулоти дар хона консервакунонидашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳдорӣ шудааст, истеъмол кардан мумкин нест.

Пеш аз истеъмоли консерва бояд онро дар оби ҷӯшидаистода 30 дақиқа ҷӯшонед, то заҳртоксини ҳосилшуда нест шавад.

И. Барфаков,
муовини директори МНДСЭ –и
вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода