Артиш бақои умри миллат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 452
Имрӯзҳо афсарону сарбозони шуҷову ватандӯсти кишвар ба хотири сулҳу оромӣ паҳлуи ҳамдигар саф кашида, марзу буми ватанро ҳимоя мекунанд. Инак, 30 сол мешавад, ки мардуми тоҷик дар зери ҳимояи сарбозону афсарони ҷонфидои Ватан орому осудаанд. Дар давоми 30 сол бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Ба ин хотир бояд мисли ангуштони як даст, шохаҳои як дарахт, фарзандони як модар миллатро ҳимоя кунем. Фаромӯш накардаем, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату миллат аст. Хушбахтии ҳар хонадон, осудагии мардум аз ҷонбозиҳову бедорхобии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Нагузорем, то нохалафе бар хоки муқаддаси кишвари мо по ниҳаду оромии моро халалдор созад.
Ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос, ватандӯсту қавиирода, он нафаре, ки дар ин сарзамин таваллуд шудаасту дар фазои орому осудааш ба воя расидааст, баҳри оромии он хизмати Модар-Ватанро адо менамояд. Ин аст рисолати ҳар як ҷавонмард. Ватандорӣ танҳо зиндагӣ кардан ва лаззат бурдан аз неъматҳояш нест. Ватандорӣ, яъне чун Рустаму Сиёвуш беҳтарин гурзи Ватан бошем... Бо гурзи Рустамонаи хеш миёни душманро шиканем.
Баъзе ҷавонон ба хотири саркашӣ аз хизмати аскарӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар мулки бегона нисбаташон беҳурматӣ зоҳир гардад, боз ба Ватан баргашта, дар пушти номи сарбозони тоҷик паноҳ мебаранд. Инро фикр намекунанд, ки писари модаре ҷонашро дар кафи даст мегирад, то мо оромона зиндагӣ кунем, илм биомӯзем, бо орзуҳои зиёд камол ёфта, ба амри виҷдон ба хизмати ҳарбӣ равем. Ватанро ҳимоя кунем.
Ҷавонони азиз! Хизмати аскарӣ қарзи шаҳрвандии мост. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шароити хизмат хеле хуб шудааст. Инро дар панҷ моҳи хизмати Ватан-модар эҳсос намудам.
Ҳамсолони гиромӣ! Ба хизмат биёед! Шумо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пуртоқатӣ, рӯҳи матин доштан, ҷасурӣ, қавииродагӣ ва дарси мардонагиро меомӯзед.
Имсол дар кишварамон 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро таҷлил менамоем. Афсарони сахтгиру меҳрубон, сарбозони шуҷову содиқи Ватанро ба ин муносибат табрику муборакбод мегӯям. Ба Шумо саломативу бардамӣ, иродаи қавӣ ва дар адои қарзи муқаддас - ҳифзи Ватан далериву шуҷоат орзу дорам.
Набиҷони Саидаброр,
сарбози қатории Комендатураи
ҳарбии гарнизони Хатлон, махсус
барои рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...