Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Б.Сафарзода: «Саҳми соҳибкорони Балҷувон дар рушди ноҳия назаррас аст»


Б.Сафарзода: «Саҳми соҳибкорони Балҷувон дар рушди ноҳия назаррас аст»



Ноҳияи Балҷувон 2 феврали соли 1996 дар заминаи хурд кардани ноҳияҳои Ховалинг ва Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет) таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 131 ҳазор км2, аҳолӣ 33000 нафар буда, бо ноҳияҳои Ховалинг ва Данғара ҳамсарҳад аст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Балҷувон ноҳияи саёҳатӣ эълон гардидааст. Ноҳия дорои 5 ҷамоати деҳот - Ҷамоати деҳоти “Балҷувон”, “Тоҷикистон”, ба номи Сафар Амиршоев, ба номи Сайф Раҳим ва “Сари Хосор” мебошад.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра мардуми ноҳия ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардиданд. Ҳамчунин, сохтмони чандин иншооти муҳими дигар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бомаром идома доранд.

Вобаста ба раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон суҳбате доштем бо раиси ин ноҳияи зебоманзар Бахти ёр Сафарзода .

Саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисод назаррас аст 


- Давоми соли 2022 аз тарафи нозироти андози ноҳия 42 соҳибкор бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 12 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 489 хоҷагии деҳқонӣ ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 1 миллиону 267 ҳазору 907 сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Дар ин давра 7 шахси ҳуқуқӣ ва 30 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ноҳияи Балҷувон 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 515,6 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Аз 129 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2021-2025, ки 333,3 миллион сомониро дар бар мегирад, ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар маҷмӯъ 21 лоиҳа ба маблағи 37 миллиону 995 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст. Айни замон дар 51 лоиҳаи дигар корҳо рафта истодааст, - гуфт зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон.

Бунёди 11 корхонаи саноатӣ дар ноҳия


- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 миллиону 784 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 4 миллиону 393 ҳазору 600 сомонӣ ё 25,3 фоиз зиёд мебошад, - бо изҳори қаноатмандӣ гуфт раиси ноҳия. - Ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ ба 25,2 тонна ё баробар ба 110 фоиз, орд ба 2085,6 тонна ё баробар 100,2 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 868,6 тонна ё баробар ба 115,3 фоиз иҷро гардидааст.

Бахшида ба эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” то соли 2026 дар ноҳияи Балҷувон сохта ба  истифода додани 11 корхонаи саноатӣ пешбинӣ гардидааст. Давоми соли 2022 дар ноҳия 3 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, дар 2 корхонаи саноатии дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Айни замон 1 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта мешавад.

Авлавият ба таъмири роҳҳо Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 69,5 километрро ташкил медиҳад, ки 42,5 километри он роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 27,0 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

Ба қавли раиси ноҳия, барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 174 ҳазору 777 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 120 ҳазору 550 сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо гардида, барои таъмири ҷории роҳҳо бо пуррагӣ масраф шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи кишоварзӣ ба беш аз 320 миллион сомонӣ расонида шуд

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 323 миллиону 454 ҳазору 700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 4 миллиону 914 ҳазору 700 сомонӣ ва ё 1,5 фоиз зиёд мебошад, - гуфт Бахтиёр Сафарзода. - Илова намуд, ки дар майдони 3625 га ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо кишт карда шуда, картошка 248,4 га, истеҳсоли гӯшт ба 4969 тонна (106 фоиз), шир 11033 тонна (102,4 фоиз), тухм ба 1203,1 ҳазор дона (106,5 фоиз) расид. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиш мутаносибан аз 101 то 107 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон бо назардошти ба асос гирифтани чорвои аҳолӣ ба 27420 сар, моли майда ба 50221 сар, саршумори парранда ба 43375 сар, асп 3412 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 345 сар, моли майда 400 сар, парранда 37 сар ва асп 12 сар зиёд мебошад.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 32 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда наздики 163 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Таъсиси 667 ҷойи корӣ Давоми соли 2022 ба бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Балҷувон 1012 нафар корҷӯён муроҷиат карданд, ки аз ин 213 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст. Бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 667 нафар таъмин шуданд.

- Давоми соли 2022 дар ноҳия 12 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 312 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 19 корхонаю муассиса ва 199 нафар корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 167 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан, роҳхат гирифта 28 нафар шаҳрвандон соҳиби шаҳодатнома аз рӯйи ихтисосҳои гуногун шудаанд. Инчунин, тариқи худмаблағгузорӣ 132 нафар соҳиби ихтисосҳои гуногун гардиданд. Дар давоми соли 2022 дар ноҳия 107 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 47 ҷойи кори доимӣ, 49 ҷойи кори мавсимӣ ва 14 ҷойи кори муваққатӣ мебошанд. Ҳамзамон ба 4 нафар аз кор озодшудагон ба маблағи 7850 сомонӣ, ба 146 нафар аз хизмати ҳарбӣ баргашта ба маблағи 115850 сомонӣ ва 3 нафар шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда ба маблағи 3600 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст, - таъкид дошт раиси ноҳияи Балҷувон.

Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ноҳия 1102,42 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 130 сомонӣ зиёд ва 113,4 фоизро ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф 

Дар ноҳияи Балҷувон 7 ҳазору 340 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 630 омӯзгор, аз ҷумла 200 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 421 нафар бо маълумоти олӣ, 174 нафар миёнаи касбӣ ва 37 нафар бо маълумоти олии нопурра фаъолият доранд. Дар 2 муассисаи томактабӣ 95 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 281 нафар кӯдакони 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.

- Рушди инфрасохтори соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки кори мақомот ба ҳисоб рафта, тамоми тадбирҳо барои беҳтар намудани низоми муассисаҳои соҳаи маориф, амалӣ гардида истодааст. Бо андешидани тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд  бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Қуҷабулоқ ба анҷом расонида шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад, - афзуд раиси ноҳия. 

Ба қавли Бахтиёр Сафарзода, айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаи таълимии №13 деҳаи Дулонамайдони Ҷамоати деҳоти “Балҷувон”, бинои муассисаи таълимии №17-и деҳаи Узнохур ва муассисаи таълимии №24 дар деҳаи Самари Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим ва муассисаи таҳсилоти ибтидоии №20-и деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, корҳои лоиҳакашӣ дар муассисаи таълимии №5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”, муассисаи таълимии №4-и деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ва бинои муассисаи таълимии №11 -и деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” ба анҷом расида, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории Маркази таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегарданд.

Дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 264 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 190 нафар сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм дар даври вилоятӣ ва 2 нафар сазовори ҷойи 3-юм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гардиданд. Ҳамзамон, сокинони ноҳия Абдуллоҳиён Муҳаммадӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи 3-юм ва мукофоти пулӣ мушарраф гардид.

57 нафар занон соҳиби манзили истиқоматӣ шуданд

Зимни суҳбат раиси ноҳия гуфт, ки шумораи умумии занҳо дар ноҳия 16367 нафарро ташкил дода, 52 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 1 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи  вилояти Хатлон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 49 нафар вакилони ҷамоатҳо, 12 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 100 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Ҳамчунин, 200 нафар занон дар соҳаи маориф, 72 нафар дар соҳаи тандурустӣ ва 48 нафар дар соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд.

- Давоми соли 2022 барои дастгирии занону бонувон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, ба 57 нафар занон барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи замин ҷудо карда шуда, ҳамзамон ба 385 нафар занон кумакпулии яквақта ба маблағи  231 ҳазор сомонӣ тавассути бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрас карда шуд. Инчунин, барои дастгирии занони соҳибкор аз тарафи ташкилоти амонатии қарздиҳии “Имон-интернешнл” ба 148 нафар ба маблағи  миллиону 63 ҳазору 400 сомонӣ ва аз тарафи шуъбаи Амонатбонк №75 ба 7 нафар занон ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, - афзуд раиси ноҳия.

Барқарорсозии Қалъаи Мири Балҷувон


Дар ноҳияи Балҷувон 18 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 4 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи деҳотӣ, 4 осорхонаву 1 мактаби бачагонаи санъат ва мусиқӣ ва 34 адад ёдгориҳои табиию таърихӣ ва меъморӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 8 китобхона 27 ҳазору 213 нусха китоб маҳфуз мебошад, ки аз ин шумора 15664 адад китоб бо забони тоҷикӣ, 8983 адад бо забони русӣ ва 2566 адад китоб бо дигар забонҳо мебошанд.

- Давоми соли 2022 аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба миқдори 1700 адад адабиёти тозанашр ба китобхонаҳои ноҳия дастрас гардид, ҳамзамон аз ҳисоби “Корвони китоб” ба маблағи 1800 сомонӣ ба миқдори 48 нусха китоб харидорӣ карда шуда, ба фонди умумии китобхонаҳо ворид карда шуданд. Тибқи дастури Сарвари давлат дар назди 34 корхона, муассиса ва ташкилот 35 китобхонаи идоравӣ ташкил ва бо 5741 нусха китоб таъмин карда шуданд, - гуфт раиси ноҳия.

Фонди умумии нигораҳои осорхонаҳои ноҳия бошад, 4207 ададро ташкил дода, давоми соли 2022 аз тарафи осорхонаҳо 36 маротиба экскурсияҳо созмон дода шуда, дар маҷмӯъ 6134 нафар шаҳрвандон аз осорхонаҳо дидан намудаанд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанги деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор», клубу китобхонаи деҳаи «Охбулоқ»-и Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон» ва барқарорсозии Қалъаи таърихии Мири Балҷувон ҷараён дорад.

Бунёди 15 майдонча ва 16 толори варзишӣ 

Давоми соли сипаришуда варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои беруназноҳиявӣ 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 35 адад медал ба даст оварданд. Инчунин, дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Мирзозода Саидшо дар Федератсияи Россия ба гирифтани ҷойи якум дар 2 мусобиқаи гуштини тарзи дюздо ва соҳиби 2 медали тилло гардид.

Тибқи дастури Сарвари давлат, то соли 2030 бунёди 15 майдонча ва 16 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ва 2 тарабхона фаъолият доранд. Шумораи умумии иншоотҳои сайёҳӣ 42 ададро ташкил медиҳанд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ 51 нафар ва сайёҳони дохилӣ бошад, дар соли 2022-юм 4375 нафарро ташкил медиҳад. 

Бунёди 257 иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлолият 

Дар ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 257 адад иншоотҳои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани лоиҳаҳои зерин, 20 адад муассисаҳои таълимӣ, 15 адад муассисаҳои тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ, 23 маркази савдо ва хизматрасонӣ, дар 16 қитъа кашидани хатти оби нӯшокӣ, дар 17 қитъа кашидани хатти барқ, дар 40 қитъа таъмиру навсозии роҳҳо ва 109 дигар иншоотҳо, пешбинӣ гардидааст, ки дар маҷмӯъ 257 лоиҳаро дар бар гирифта, аз ин 201 лоиҳа бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ хоҳад шуд.

Айни замон дар 49 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар маҷмӯъ 28 иншоот, аз ҷумла 1 муассисаи таълимӣ, 3 корхонаи саноатӣ (коркарди гиёҳҳои шифобахш, коркарди сангу шағал ва коркарди маҳсулоти нафтӣ), кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маркази ноҳия, дар деҳаҳои Тупхона ва маркази ноҳия мумфаршкунии роҳҳо, дар 3 қитъа корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуда, 18 адад дигар иншооти маишию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Фаромӯз БОБОЕВ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода