Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Давлаталӣ Саид: "Мо дар хизмати мардум ҳастем"


Давлаталӣ Саид: "Мо дар хизмати мардум ҳастем"


Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.


Нахуст, раиси вилоят қайд намуданд, ки баррасии арзу матлаби шаҳрвандон аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳимми мақомоти давлатӣ маҳсуб мегардад.

- Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини зиндагии шоиста ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад, - зикр намуданд Давлаталӣ Саид. - Мо дар хизмати мардум хоҳем буд.

Раиси вилоят аз ташаббуси шаҳрвандоне, ки омодаи саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию бунёдкорӣ мебошанд, ситоиш намуда, қобили ибрату дастгирӣ арзёбӣ кард.


Ба масъулони сохторҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мусбати арзу муроҷиати матраҳшуда чораҳои бетаъхир андешанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода