Берунӣ-кашшофи галактикаи «Андромеда» ва қитъаи Амрико
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 522
Акбари Доносиришт – муҳаққиқ ва тарҷумони «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ аз арабӣ ба форсӣ дар шарҳи «Рисолаи тастеҳи кура»-и Берунӣ, ки ин асарашро ба Султон Хоразмшоҳ эҳдо намуда буд, менигорад, ки «То ин таърихча як мушкила бароям равшан шуд, ки пас аз Батлимус (Птолемей - М.Н.) ҳеҷ коре дар шинохти ситорагон, то ба замони Коперник, иҷро нашудааст. Аммо баъди мутолиаи “Осор-ул-боқия” яқин кардам, ки ин фикрам хатост».
Ин ки аврупоиён дар кутуби ҳайъат Гершел, ё чанд мунаҷҷими дигарро кошифи ситорагони муздавиҷ ё музаъаф медонанд, амдан ё саҳван ҳаққи Батлимус ва Абулҳусейни Сӯфиро тазбеъ кардаанд. Ва агар Сӯфӣ иронӣ аст, оё метавон танҳо ба ҳамин “ҷурм” хидматҳои ӯро нодида гирифт?
Абулҳусейн Сӯфӣ тамоми умри худро барои омӯзиши ситорагони муздавиҷ сарф кард ва китобе дар ин бора таҳти унвони “Ситорагони савобит” эҷод намуд, ки бешубҳа шоҳкори ҷаҳонист. Ӯ дар ин китоб як миҷарра (туманнок-галактика, М.Н.)-ро дар сурати “Андромеда” зикр намудааст. Ҳол он ки пеш аз ӯ Батлимус танҳо як миҷарра беш намешинохта, ки он ҳам “Бурҷи Савр” буд.
Сӯфӣ ҳамчунон дарёфта, ки нурҳои ситорагони собит иқдори худро тағйир додаанд. Аз ин раҳгузар китоби “Ситорагони савобит”-и Сӯфӣ бузургтарин шоҳкор дар ин мавзӯъ дар сатҳи ҷаҳонист.
Ва Абурайҳон Берунӣ аз дӯсти худмуҳандис Абдуҷалили Саҷзӣ, ки дар Шероз Сӯфиро дида, нақл мекунад, ки ӯ курае монанди кураи осмон сохта буд ва сурати ситорагонро дар он нақш мебаст”.
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ДАР БОРАИ “ТӮФОНИ НӮҲ”
Дар китоби “Осор-ул-боқия” Абурайҳон Берунӣ ҳодисаи “Тӯфони Нӯҳ”-ро аз навиштаҳои гуногуни таърихнависони куҳан баргирифта, бо ҳам қиёс намуда, ба хулосае меояд, ки “Гӯё Тӯфоне буд, ки саросари оламро фаро гирифт ва ҳарчи дар он ғарқ шуд. Ва ин таърих ҳам монанди таворихи дигар дорои тафовут ва ихтилоф аст”.
Яҳудиён дар такя ба Таврот иддао доранд, ки миёни ҳодисаи Тӯфон ва ҳодисаи Искандар 1792 сол будааст. Аммо насрониён дар Тавроти худ онро 2338 сол рақам задаанд”, - менависад Абурайҳон Берунӣ.
Ирониён бошанд, бо далели он, ки дар маъхазҳои куҳани таърихии онон аз Тӯфон ёд нашудааст, вуқӯи ин ҳодисаро инкор мекунанд. Дар ин бобат чиниён ва ҳиндувон низ ба Ирониён ҳамфикр мебошанд. Форсиёни минтақаҳои дигар мегӯянд, ки “Тӯфон воқеъ шудааст, аммо аз Ғарб то Шомро фаро гирифтааст ва ин ҳодиса дар подшоҳии Таҳмурас рух дода, то қаламравҳои онон наомадааст”.
Боз мегӯянд, ки вақте ғарбиён аз Тӯфони қарибулвуқӯъ туфайли донишмандон огоҳӣ ёфтанд, абнияе монанди ҳарамайн дар Миср сохтанд ва гуфтанд: “Агар Тӯфон аз ҳаво ояд, андаруни он пинҳон шавем ва агар аз замин хезад, болои он бароем”. Баъзе бар онанд, ки Юсуф ҳарамайнро қаблан барои захираи гандум ва дигар анво сохта буд.
“Аммо асҳоби нуҷум,- идома медиҳад Берунӣ, - ин ҳодисаро ба Қирони аввал аз қиронҳои Зуҳал ва Муштарӣ марбут медонанд, ки донишмандони Бобул низ монанди онро исбот кардаанд”.
Ба гуфтаи онҳо Тӯфон дар ноҳияи Калда буда ва Нӯҳ киштии худро дар Кӯфа бисохт. Ва дар Кӯфа об аз танӯр ҷӯшид ва киштии Нӯҳ дар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт. Ва Тӯфон дигар аз ин навоҳӣ берун нарафтааст.
Абумаъшари Балхӣ мегӯяд: “Тӯфон ҳангоме будааст, ки кавокиб дар охири Ҳут ва аввали Ҳамал гирди ҳам омада буданд. Ҳамаи кавокиб аз оғози 27-умин дараҷаи Ҳут то охирин дараҷаи аввали Ҳамал ҷамъ шуда буданд”. Дар ҳамин асос Абӯмашъар аз роҳи нодонӣ ҳукм кард, ки ҳодисаи Тӯфон дар ҳар 180 000 сол як маротиба воқеъ хоҳад ёфт ва дар оянда низ чунин хоҳад буд.
Абурайҳон Берунӣ дар охири навиштаи худ ба хулосае меояд, ки ҳодисаи Тӯфон дар ҳақиқат вуҷуд доштааст, аммо саросари ҷаҳонро фаро нагирифта, балки манотиқеро аз Ғарб то Шом дар бар доштааст.
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ-КАШШОФИ ҚИТЪАИ АМРИКО
(Иқтибосҳо аз ихтирооти Абурайҳон Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим”) Абурайҳон Берунӣ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ бо ҳаждаҳ савол аз мушкилоти гуногун ба Абӯалӣ ибни Сино муроҷиат карда, баъзе посухҳои қаноаткунанда гирифтааст, аммо баъзе ҷавобҳои дигар ӯро қонеъ нагардонидаанд. Бинобар ин, ба саволҳои худ ҷавоб гардонида, ба Абӯалӣ ибни Сино фиристодааст. (“Китоб-ут-тафҳим”).
Абурайҳон Берунӣ ашколи (формулаи) “Истихроҷи ҷайби як дараҷа”-ро ихтироъ кардааст. (Аммо Мирзо Улуғбек (дар асри 15) онро аз они худ донистааст).
Абурайҳон аввал касест, ки иллати табиӣ ва фаварони корезҳо (чоҳҳои артезианӣ)-ро илман собит намудааст. Абурайҳон барои таъини вазн ва ҳаҷми ҷисмҳо тарозуе ихтироъ карда буд, ки онро “Тарозуи Абурайҳон” меномиданд.
Абурайҳон, бар хилофи ситорашиносони дигар, дар амали “Тасвият-ул-буют”(Танзими хонаҳои фалакӣ) қоидаи тозае вазъ кард, ки онро “Марокизи муҳаққиқа” меномиданд.
Абурайҳон дар мавзуи “Матраҳи шуоъ” (Парокандагии нур), усуле ихтироъ кард, ки аз усули Абдураҳмони Сӯфӣ-соҳиби китоби “Сурат-ул-кавокиб” (“Намуди ситорагон”) куллан фарқ мекунад.
Абурайҳон дар “Китоб-ут-тафҳим” бори нахуст суръати паҳншавии садо ва суръати паҳншавии нурро андоза гирифтааст.
Абурайҳон (ҳазор сол пеш) масоҳат ва қутри (радиуси) Заминро чен кард, ки натиҷааш бо дақиқтарин тадқиқоти имрӯз мувофиқ аст.
Абурайҳон таҳқиқоти махсусро доир ба шинохти қибла ва сохтани меҳробҳо дар масҷидҳоро кор карда баромад, ки дар асоси он масҷидҳо ва меҳробҳо сохта мешуданд.
Абурайҳон назарияи заминмарказӣ (геосентризм)-ро инкор ва назарияи офтобмарказӣ (гелиосентризм)-ро (чандин аср пештар аз Ҷордано Бруно ва Коперник) ба миён оварда буд. Абурайҳон гирифтани Офтобу Моҳро дар намуди ҷадвал ба таври дақиқ файсал дода буд.
Абурайҳон дар бораи занбӯри асал, ки мегуфтанд: “Асал-фазла(тарашшуҳи моеъ) ё қайи кардаи занбӯр аст”,-ро рад карда, пешниҳоди худро ба миён мегузорад, ки бо назариёти имрӯза комилан мувофиқ аст.
Абурайҳон бори аввал ба таври дақиқ нақшаи ҷойгиршавии ситорагонро дар осмон мураттаб кард, ки дар замони мо низ аз он истифода мебаранд. Абурайҳон аз олот - суроби кураи Замин, устурлоб(астролябия)-ро мукаммал кард ва “Шаъра-шоқул” (маятник)-ро ихтироъ намуд.
Абурайҳон олате барои муайян кардани арзу тӯл сохт ва ба он мавқеи ҷуғрофиёии Ғазнаро дақиқ намуд ва он олатро ба номи подшоҳи замон-султон Яминуддавла- «Ҳалқаи Яминӣ» ном гузошт.
Абурайҳон нахустин касест, ки (чандин садсолаҳо пештар аз Христофор Колумб ва Америго Веспуччи) дар бораи мавҷудияти қораи Амрико дар он тарафи уқёнуси Атлас (Атлантик) маълумот додааст.
Абурайҳон Берунӣ бори аввал дар бораи Қутби Шимол ва Қутби Ҷануб маълумот дода, ҳамчунон фармудааст, ки дар зери яхистони қутбҳо пораҳои азими хушкӣ мавҷуд аст.
Маликнеъмат Неъматзод,
номзади илмҳои филологӣ,
узви ИНТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00