Пешоҳанг ва ҷавлонгари майдони матбуот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 478
Дилхоҳ соҳаи фаъолияти инсон ба шахсоне асос ёфтааст, ки худро комилан ба шуғли дӯстдошта мебахшанд. Ба гумонам, дар журналистикаи тоҷик яке аз чунин шахсиятҳои фидокор публитсисти донишманду саршинос Саттор Қарахонов аст.
Саттор Қарахонов барои ҳар нафаре, ки бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ мекунад ва ё иртибот дорад, на танҳо устод ва мураббии хуб, балки як шахси дилпазир, дӯсти беҳамто гардидааст. Вай, дар ҳақиқат, бо хастагинопазирӣ, меҳнатдӯстӣ, садоқат ба касб, дар ҷустуҷӯи доимии эҷодӣ будан, ки мазмуни асосии ҳаёти ӯ гардидааст, барои журналистони ҷавон намунаи ибрат мебошад. Бояд гуфт, ки ин рисолатро на ҳар кас ба дӯш дошта метавонад.
Шояд кам касе бовар кунад, ки “Шукрона” нахустин китоби журналисти соҳибмактабу публитсисти соҳибном Саттор Қарахонов аст. Тӯли қариб 50 соли қаламкашӣ ӯ дар бораи садҳо нафар навиштаву чеҳракушоӣ кардааст, муҳаррири даҳҳо китоб будааст, бо мақолаҳояш дар ҳалли муаммоҳои рӯз саҳм гузоштааст, аммо боре ҳам дар андешаи гирдоварии маводи публитсистии худ ва сохтани китоб нашудааст. Камоли хоксориаш аст, ки то имрӯз чунин тасмим нагирифт. Ҳеҷ гоҳ шуҳратхоҳу худманиш набуду нест. Аз ин рӯ, тавре мегӯянд, чун уқёнуси бузург ором, чун уқёнуси Ором бузург аст ӯ.
Дар арафаи 70-умин солгарди умри бобаракати Саттор Қарахонов маҷмӯаи «Шукрона», ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ, бо таҳрики мо – дӯстону ҳамкоронаш мураттаб гашт. «Шукрона» ном гирифтани он басо рамзист. Мояи ифтихору сарфарозии мост, ки имрӯз акои Саттор, пири кору “қомуси зинда”, бидуни эҳсоси бемадорӣ, бо масъулияти баланд, ғайрату неруи ҳавасангез дар майдони матбуоти тоҷик ҷавлон мезанад ва пешкори мактаби эҷодии рӯзномаи “Хатлон” мебошад. Шукрона мекунем.
Ба хонандагони доимии рӯзномаи “Хатлон” ва умуман, алоқамандони матбуоти даврии тоҷик, муаррифӣ кардани Саттор Қарахонов эҳтиёҷ надорад, чун бо қалами ӯ, сабки ӯ, доманаи афкору шеваи ҷаззоби баёни ӯ аксаран ошноянд. Фаъолияти пурмаҳсули ӯ бо ҷоизаҳои зиёде, аз ҷумла нишонҳои сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “100-солагии матбуоти тоҷик”, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Аммо, фикр мекунам, баландтарин ҷоизаи Саттор Қарахонов он маҳбубияте мебошад, ки дар миёни ҳазорҳо хонанда ва ҳаводорони хомаи сеҳрофараш дорад.
Тӯли беш аз 15 соли ҳамкориву дӯстӣ бо Саттор Қарахонов ӯро инсони солор, дурнигар, хайрандеш, заминиву замонӣ дарёфтам. Акои Сатторро ҳамчун эҷодкори муътабару забардаст, офарандаи асарҳои ҷолибу нотакрор, ҳаяҷонбахш, ҳувиятсоз, зоянда ва ташаккулдиҳандаи афкор, ки сазовори баландтарин ҷоизаҳост, мешиносам ва эҳтиром қоилам.
Ҳама хуб медонанд, ки кор дар матбуоти даврӣ ҳамеша душвор ва масъулиятнок буд ва боқӣ мемонад. Журналистӣ яке аз касбҳои муҳимтарин ва серталаб дар ҷаҳони муосир аст. Ин кор на танҳо истеъдоди эҷодкорӣ, балки масъулият, маҳорат ва ғайрати комилро талаб мекунад. Ҳамеша омодаи ҳамкорӣ будан, ҷӯяндагӣ, рафтори муносибу мувозӣ, лаёқати идора кардани эҳсосот, воқеънигорӣ, мавқеи фаъол, натарсидан аз ҳолатҳои душвор, хушҳолӣ, интизом ва муомилаи нек аз ҷумлаи сифатҳои журналисти муваффақ маҳсуб меёбанд.
Ҳамин хосиятҳои касбии журналистиро Саттор Қарахонов доро буда, кӯшиш мекунад, ки ба ҳампешагони ҷавонаш низ интиқол диҳад. Имрӯз ҳар яки онҳо бо сипосгузорӣ мегӯянд, ки ин дарсҳои ҳикмат дар кору зиндагӣ барояшон муфид будааст.
Очеркҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, фелетонҳои Саттор Қарахонов ҳамеша дар байни хонандагон гарму самимӣ истиқбол мешаванд. Ҳамаи мушкилоту муроҷиатномаҳоеро, ки сокинони вилоят ба редаксия мерасонанд, С. Қарахонов ҳамчун душвории худ аз сар мегузаронад. Дар ҳамин ҳол, вай ҳамеша ҳамдарди ҳамсуҳбат асту ӯро метавонад рӯҳбаланд созад, бо машварату масъалагузориҳои ҳирфаӣ мушкили қаҳрамони матлабашро ҳаддалимкон осон мегардонад.
Акои маҳфилорои мо ба шарофати хушмуомилагии худ доимо дар атрофаш шумораи зиёди одамонро ҷамъ меорад. Ҳам пиру ҳам ҷавон ба суҳбати ӯ ҷалб мешаванд. Бо вай суҳбату ҳамнишинӣ фараҳбахш аст.
Дар баробари ин, Саттор Қарахонов дар навиштаҳои худ арзиши таҳаммулгароиро густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват мекунад. Ҳеҷ гоҳ фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро аз зеҳни худ дур намесозад, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ менамояд. Аз зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои худро дарёфт намуда, симои шахсиятҳои барҷастаи иҷтимоиеро, ки дар ҳаёти муосир нақши фаъол доранд, дар очеркҳояш тасвир месозад ва дастовардҳои Ватани маҳбубамонро таҷассум мегардонад. Ӯ ҳамеша дар тарғиби ғояҳои миллӣ ва ҳифзи ормонҳои Тоҷикистони азизамон фаъол аст ва аз дастовардҳои он ифтихор карда, шукуфоӣ ва пешрафти онро дар очерку мақолаҳояш воқеъбинона васф менамояд.
Офаридаҳои дил нишинаш дар замири хонанда шавқу ҳавас ба зиндагӣ, созандагӣ, муҳаббатро ба вуҷуд оварда, тавассути очерку мақолаҳои худ ба одамон ҳиссиёт, сабақу таҷрибаҳои нав тақдим мекунад, ба онҳо роҳи дурусти зиндагӣ, тасмимгирӣ, некрӯ зиро нишон медиҳад.
Саттор Қарахонов бо нигоштаҳои публитсистиаш суннату оинҳои миллӣ, ободониву бунёдкорӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, суботу осоиш, ваҳдату сулҳпарвариро тарғиб намуда, хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ, накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намудааст.
Аминам, ки мавсуф минбаъд низ бо каломи васлгару созанда таълифи осори инсонпарварона ва афкорсозро идома мебахшад, зеро имрӯз ҷомеа ба сухани созандаву пайвандгар беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад.
Барои саҳми бебаҳои Саттор Қарахонов дар рушди матбуоти даврии тоҷик, тавсеаи худогоҳиву хештаншиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, таҷассуми ҳаёти воқеӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангию пойдории забони давлатӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Бигзор, машғулияти душвори офарандагӣ дар байни анбуҳи варақҳо ва файлҳои зиёди электронӣ ба ҳамқалами арҷманди мо даромади арзанда ва лаззати бебаҳои маънавиро аз иҷрои кори дӯстдоштааш орад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...