Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Қасри Арбоб - макони садоқат


Қасри Арбоб - макони садоқат



Ҳар яки мо барои бузургдошти таълимоти орифе, қаҳрамонии ибратбахши фарде ба зиёрати мақбарае ва дидани осорхонае меравем. Ин аз ҳамақидагӣ ва ҷонибдории мо нишона аст. Дар Тоҷикистони мо ҷойҳои тамошобобу сайёҳӣ зиёданд, аммо мавзеъҳои таърихӣ ангуштшуморанд. Мавзеъҳои таърихӣ, ки муаррифгари таърихи миллати тоҷик ҳастанд, ба худшиносии миллии мо таъсири бориз доранд. Агар мақбараву осорхонаҳои адибони тоҷикро чун устод Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, С. Айнӣ, М. Турсунзода ва дигаронро, ки зиёратгоҳи сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ гаштаанд, ба назар гирем, мардуми тоҷик бо эҳсоси арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш муносибат дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳувияти миллӣ ва худшиносии мардум қавитар шуд. Қалъаи Ҳисору Ҳулбук ва Тахти Қубод барин мавзеъҳои таърихӣ аз нав эҳё гардиданд. Дар байни даҳҳо коху қасрҳои навсохтаи даврони истиқлол хурду бузурги Тоҷикистон ба як бинои таърихӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи хосса доранд.

Он Қасри Арбоб аст, ки Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва иқдоми нахустини сулҳу оштӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва наҷоти миллати тоҷик садо дод. Умеди халқи аз ҷанг парешонгашта, гурезагони дар кишварҳои ҳамсоя ғарибу сарсон аз қарорҳои ин Иҷлосия вобаста буд.

Дар китоби “Мактаби ватандорӣ”, ки аз боби таърихи ин қасри таърихӣ маълумот медиҳад, андешаи хуберо дарёфтам: “Истиқлолият имкон дод, ки мо бори дигар қасрҳои маънавӣ бунёд кунем, ки он ба ободии ҷовидонӣ барад. Ин қаср кохи шуҷоат, кохи муҳаббат, кохи садоқат, кохи ҳунар ва ҳиммат аст”.

Дар воқеъ, Қасри Арбоб барои насли имрӯзу фардо рамзи давлатдории навини тоҷиконро ифода менамояд. 65 сол боз ин қаср ҳамчун намунаи беҳтарин иқдоми фарзандони фарҳехтаи тоҷик, ки барои халқу Ватани хеш ҷоннисорӣ кардаанд, побарҷост.

Тавлиди ин қаср асрори худро дорад. Он бо ташаббуси фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик қомат афрохтааст. Аслан сохтмони ин қаср аз моҳи феврали 1951 оғоз ёфта, санги аввали биноро Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштаанд. Ин маконест, ки аз меҳнатқариниву ватандории абармардони тоҷик шаҳодат медиҳад. Кору пайкори Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қасри Арбоб пайваст буда, чун идомаи садоқати онҳо ба ватану миллат намоён мегардад. Бобоҷон Ғафуров халқи азизашро бо “Тоҷикон” муаррифӣ карда бошад, С. Урунхоҷаев хостааст барои деҳқонону ҳамдеҳагонаш як маркази машварату муросо, сарҷамъиву якдилиро ба мерос гузорад. Маҳз дар соли 1992 ин қаср рисолати таърихии худро бори дигар нишон дод. Дар Қасри Арбоб Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихи Тоҷикистон барои сулҳу ваҳдат садо баланд намуд. Ин нидои созишу сулҳ, авфи якдигар, тасдиқи муқаддасоти миллӣ, муйаян кардани давлати ояндаи тоҷикон буд, ки имрӯз ба шарофати он Тоҷикистон ба пеш меравад.

Барои таҳқиқи мавзуи сулҳсозии тоҷикон бароям зарурат пеш омад, ки маводи матбуоти даврӣ ва китобҳои хотираву публитсистикаи ходимони сиёсӣ, иштирокдорони ин Иҷлосияи тақдирсозро мутолиа кунам ва омӯзам. Дар бораи нақши ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва Сарвари сулҳовари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири миллати тоҷик таърих- шиносону сиёсатшиносон даҳҳо рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Мусоҳибаву иттилооти 70 рӯзноманигори воситаҳои ахбори ватанӣ ва хориҷӣ, ки рафти Иҷлосияро инъикос мекарданд, интишор гардиданд. Даҳҳо филмҳои ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуданд. Аммо “шунидан кай бувад монанди дидан” гуфтаанд. Тасмими кормандони рӯзномаи вилоятии “Хатлон” бахшида ба 30- солагии Иҷлосия сафар кардан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дидани Қасри Арбоби машҳур имкон дод, ки аз таърихи он аз наздик шинос шавем.

Нақли роҳбаладро гӯш медодаму ҳашамату ҷозибаи хоси ин қасрро эҳсос мекардам. Дар ин макон маҷлисҳои тантанавӣ гузаштааст. Ин бино шоҳиди суханони қаҳрамонони меҳнату ходимони давлатӣ будааст. Савганди сулҳофарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳамин ҷо садо додааст. Ин толор муқаддас аст, чунки дар толори он сарнавишти давлати тоҷикон муайян гардидааст.

Дидани Қасри Арбоб бо сохтмони боҳашамату ҳунари наққошию кандакории миллӣ дар ҳайрат мемононанд. Фаввораҳои зебо, чойхонаи миллӣ, амфитеатр, гулгашту боғҳои сабз ҳусни маҷмааро меафзоянд. Муҳим он аст, ки бинанда ба ҷасорату фидокории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои давлати соҳибистиқлолу демократӣ аҳсант мехонад ва шукр мекунад, ки тақдири миллат бо дурандешии ин фарзанди қаҳрамонаш муайян шудааст.

Аз тамошои қаср ҳар яки моро эҳсоси ифтихору болидарӯҳӣ фаро мегирад. Итминон он, ки ин Қасри машҳур садсолаҳои дигар чун рамзи ваҳдат, дӯст доштани халқ ва Ватан поянда хоҳад монд, боз ҳам муҳаббати моро қавитар мегардонад.

Дилором МАҲКАМОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода