Ҳамин тавр ҳам мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 август, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 822
Ин воқеа таърихи 40-сола дорад. Саломатзода директории мактаби даҳсоларо ба уҳда дошт. Ӯ роҳбари ҳалолкору кордон, масъулиятшинос, сахтгиру серталаб буд ва дасту дили пок дошт. Барои ҳамин хислатҳояш на ҳар муаллим ба мактаби ӯ ба кор даромада метавонист. Яъне, ҳар як омӯзгорро аз ғалбери худ мегузаронид. Дар 30 соли кори роҳбарияш бисёр вақт шуда, ки ба ӯ ришва дода, ба кор даромаданӣ мешуданд. Порагир набуд, ришва намегирифт ва аз омӯзгор донишу маҳорати касбӣ талаб мекард.
Боре дӯсту ҳамкасби деринааш Искандаров, ки дар мактаби деҳот кор мекард, писарашо, ки навакак донишгоҳро хатм карда буд, назди Саломатзода овард. Онҳо ба якдигар дӯсти дерина бошанд ҳам, Саломатзода дониши ҷавонро санҷид. Ҷавон аз имтиҳони устод гузашт ва ба кор қабул гардид.
Муаллим Искандаров баъди як моҳ боз назди Саломатзода омад. Дар ҳуҷраи корӣ ӯро танҳо дарёфта, ба сари мақсад гузашт.
-Бародар, ҳаққи хизмат овардам, хизмат кардед, ош шавад, - гӯён муаллим садсӯмаеро ба дасти директор часпониданӣ шуд.
-Ман ришвагир нестам, бародар! Писаратон болаёқат буда, дониши хуб доштааст. Ба кӯдакони синфи ибтидоӣ зуд забон меёбад. Барои ҳамин ӯро ба кор гирифтам, - ранҷида рад намуд директор.
-Илтимос, не нагӯед, ин пора не, аз дӯст як туҳфа аст. Ният карда будам, гиред. Аз дили пок баровардаму бо хоҳиши худ медиҳам,-ҳамоно илтимос мекард муаллими деҳотӣ.
-Ин ризқу рӯзии кӯдаконатон, ба онҳо ягон ширинӣ харида баред.
-Шумо дар шаҳр зиндагӣ доред, медонам, зиндагии шаҳр мушкил аст, ба ҷойи савғо қабул кунед.
-Намегирам! Виҷдонама насӯзонед.
-То нагиред, аз кабинетатон намебароям, охир касе аз назди шумо ранҷида нарафтааст. Маро ҳам хафа накунед,-истодагарӣ мекард муаллими якрав.
Саломатзода дар байни пораю дӯст монда буду намедонист чӣ кор кунад. Ӯ ноилоҷ:
“Туҳфа бошад, майлаш”, гӯён пулро гирифту онро панҷоҳ ба панҷоҳ арра кард.
-Ана, 50 сӯмаш ба шумо “пора”, гиред, баробар мешавем,- хандида гуфт директор.
Муаллим низ қаноатмандона аз дасти дӯсташ Саломатзода ними “пора”-и додаашро боз “пора” гирифту директорро аз хиҷолат раҳонд...
Устод Саломатзода ин воқеаро бори аввал ошкор намуд. Онро бо хиҷолат нақл кард.
-То ба имрӯз он “пора” қалбамро мехӯрад, виҷдонам дар азоб аст. Барои тасаллии худ баҳонае намеёбам. Дарди сахту сӯзанда будааст, порагирӣ,-гӯён устод боз дубора дар хиҷолат монд...
-Устод, ҳеҷ мушкиле нест, ки осон нашавад,- гуфтам.
-Мақсадатро нафаҳмидам? - ҳайрон шуд устод.
-Муаллими “пора”-те ҳоло дар хонааш бемории бистарӣ аст. Ба аёдаташ меравем, бо баҳонаи дорупулӣ 50 сомониро ба ӯ бармегардонед.
-Офарин, офарин, рафтем!-гӯён устод хурсанд шуд.
Мо аввал ба бозор даромада, нону мева гирифта, ба роҳ баромадем. Қарибиҳои нисфирӯзӣ ба хонаи муаллим расидем. Бемор аз ташрифи мо хурсанд шуда, сар аз болин бардошт.
Баъди суҳбатҳои гарми тӯлонӣ азми бозгашт кардем. Устод аз ҷайбаш 50-сӯмаеро бароварда, “барои дору даркор шуда мемонад”, гӯён онро ба дасти муаллим часпонд. Аз ин амали устод муаллим бо завқ хандида гуфт:
-Солҳои дароз бемории маро интизор шуда, бо баҳонаи дорупулӣ ҳамон “пора”-ро баргардонидӣ-а?
Ҳар се аз таҳти дил хандидем.
Аз рӯйи устод гӯё нур меборид ва худро сабук ҳис мекард. Ӯ ба дӯсташ дуои шифоёбӣ дода, бо ишораи даст маро нишон дода афзуд: “Муаллифи ин идея ана ин шогирдам мебошад”...
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00