Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Телефони мобилӣ. Оё истифодаи он зарар дорад?


Телефони мобилӣ. Оё истифодаи он зарар дорад?



Имрӯз аз телефони мобилӣ ҳамагон истифода мекунанд ва тавассути он, ба қавле ҳоҷати худ-ро зуд мебароранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ оид ба зиёни телефони мобилӣ изҳори ташвиш намуда, аз ҷумла чунин ёдрас шуда буданд: “... нигаҳдории моҳона ва солонаи ҳар як телефони мобилӣ мутаносибан аз 50 то 600 сомониро ташкил медиҳад”. Ҳоло бошад, ин рақам чандин маротиба боло рафтааст.

Мухбирамон аз суҳбат бо чанд нафар истифодабарандагони телефони мобилӣ андешаҳояшонро оид ба фоида ва зарари он фаҳмиданӣ шуд.

Телефони мобилӣ ҳоҷатбарор аст, аммо...

Зулфия Умарова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: -Телефони мобилӣ ҳоҷатбарор аст, дар фаҳмидани ҳолу аҳволи хешу табори раҳдур, махсусан барои тамос гирифтан бо наздикони дар муҳоҷирати меҳнатибуда ташвишҳоро аз байн мебарад. Ин ҳамааш хуб аст, агар онро оқилона истифода бурда тавонӣ. Шавҳарам ба Россия мардикорӣ рафту аз даромади аввалаш барои худ телефони мобилӣ харидам, то ба шавҳар дар алоқа шуда, аз ҳоли якдигар бохабар шавем. Онро танҳо дар вақтҳои зарурӣ истифода менамудам. Вале чанд муддат пас, баъди як воқеаи нохуш, аз баҳри телефони мобилӣ гузаштам.

...Шавҳарам аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт. Баъди ду соли мардикорӣ маблағи хубе овард. Аз маркази ноҳия хона харидем. Зиндагиамон хуш мегузашт. Ду тифлаки дӯстрӯякамонро бо меҳру маҳаббати бепоён ва орзую ниятҳои нек тарбия кардем. Аммо рӯзе телефони мобилӣ дар оила сардӣ овард. Вақтҳои охир шавҳарам тағйир ёфта буд. Муносибаташ бо ман дигар шуд, акнун ӯ он шавҳари меҳрубон набуд. Ба ҳар корам эрод гирифта, бо баҳонае ҷанҷол менамуд ва ҳафтаҳо қаҳрӣ мегашт. Рафта-рафта ӯ ҷойхобашро низ ҷудо кард. Гумон мебурдам, ки шавҳарам зани дуюм гирифтааст. Борҳо сабаби ин рафторашро фаҳмиданӣ шуда, боз гапи бисёр мешунидам. Дамдуздии ӯ маро бе корд мекушт. Косаи сабрам лабрез шуд ва боре ба ин ҳама нуқта гузоштанӣ шудам.

Дар ҷавоб посухи ҷигарсӯз шунидам. -Дар ғайбам ба ман хиёнат кардӣ, инро намебахшам! Бо шунидани ин суханон бехуд шудам, вуҷудам оташ гирифт, чашмонам аз косахонаашон баромаданд. -Чиҳо мегӯед, наход ман ба ин амали зишт қодир бошам? -Ана, далелҳо?-гӯён ӯ бо ситеза телефони мобилиашро ба ман дароз кард. СМС (хабарномаҳояш)-ро мехонам. Қариб ҳар рӯз аз як шахси ношинос бо як мазмун хабарнома омадааст: “Ҷӯраҷон, ту зудтар ба Россия, ба мардикорӣ рав, ман занатро пазмон шудам, мо якдигарро дӯст медорем, бояд мулоқот кунем”.

Бовар накардам, ҳарду ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудем. Ҷавони ошиқро маълум кардем. Ӯ хеши раҳдури шавҳарам будааст. Ман талаб кардам, ки вай барои таҳдид ба зиндагии занушӯйи мо дар назди қонун ҷавоб диҳад. Вале шавҳарам хотири хешутаборӣ маро аз раъйам гардонд, аз ман барои чунин нобоварии худ бахшиш пурсид. Аммо ман шавҳарро бахшида натавонистам. Телефони мобилиро пеши чашми шавҳарам ба деги обаш ҷӯшидаистода партофта, “хонааш”-ро сӯзондам.

ЗИЁН БА БУҶАИ ОИЛАВӢ

С. Сафар, сокини шаҳри Бохтар: -Дар оилаи мо 12 нафар аз хизмати телефони мобилӣ истифода мекунанд - ману завҷаам, чор писару чор келин, як писари донишҷӯ ва писарчаи 5-солаам, ки ба кӯдакистон меравад. Ӯ ҳатто дар вақти таомхӯрӣ низ ба бозиҳои зиёд машғул шуда, модараш ба даҳонаш хӯрок мемонад. То хумораш нашиканад, ба кӯдакистон намеравад. Аз рӯзе, ки ҳама телефондор шудем, гӯё дар оилаи мо боз як оилаи дигар пайдо шуд. Зеро маблағҳои ба телефон сарф мешуда моҳе ба 300-500 сомонӣ мерасад. Ин зарари калонест ба буҷаи оила.

Фарзандон бо баҳонаҳои зиёд як миқдор маблағ гирифта, онро ба телефон сарф мекунанд, баҳудаю беҳуда соатҳо бо ким-кӣ суҳбат менамоянд. Бештар ба интернет маблағ сарф менамоянд. Ҳар гоҳе онҳоро насиҳат карданӣ мешавам, ки телефонро сарфакорона истифода намоянд, сахташон мерасад. Ба болои ин, завҷаам “сахтӣ накунед, фарзандони мо аз дигарон чӣ камӣ доранд?”,- гӯён тарафи фарзандонро мегиранд. Телефони мобилӣ аллакай ба мо мисли вирус часпида гирифтааст...

Фоида ва зарари телефони мобилӣ

Диловари Маҳмуд, тоҷир: -Телефони мобилӣ, махсусан ба тоҷирон қулай аст. Ман тоҷирам. Тавассути телефони мобилӣ ба шиносҳоям аз шаҳри Душанбе, Чину Дубай молҳои бозоргузарро фармоиш медиҳам. Ин хуб аст, албатта. Аммо телефони мобилӣ ба саломатӣ зиён ҳам дорад. Аввал он ки касро вобастаи худ мекунад, шабу рӯз ба он машғул шуда, бисёр корҳо нотамом мемонанд, аз оила дур мешавӣ, масъулият як сӯ мемонад, асабонӣ мешавӣ ва ғайра. Духтарчаи 14-солаам Маҳбуба 5 сол аст, ки телефони мобилӣ дорад. Бо гузашти вақт гӯши ӯ осеб дида, қувваи шунавоиаш заиф гаштааст. Танҳо бо садои баланд мешунавад. Бинобар ин, аз наврасӣ ба фарзандон харида додани телефони мобилӣ хуб нест. Дар баробари аз таҳсил дур мондан, инчунин саломатиашон низ осеб мебинад.

БОЗ МЕГӮЯНД, КИ...


Салими Ҳабиб, донишҷӯ:-Ташвиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи телефони мобилӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, махсусан донишҷӯён беҳуда нест. Телефони мобилӣ даставвал донишҷӯёни ба пул ниёздоштаро касодтар мегардонад. Баъдан телефон раванди машғулиятро халалдор карда, асабро хароб мекунад. ҲАБИБА, котибаи идора:- Телефони мобилӣ ҷону ҷигари ман аст. Бе он ман як нисфам ва ҷойи нишаст намеёбам. Бо телефони мобилӣ ончунон унс гирифтам, ки ҳатто дугонаю шиносҳоямро иваз мекунад. Ду маротиба телефонам корношоям шуд, зуд қарз гирифта, телефлони дигар харидам. Ҳатто ба модарам борҳо гуфтам: “Агар ман тасодуфан мурда монам, маро ҳамроҳи телефони мобилӣ ба гӯр монед...”


Х. МАНУЧЕҲР, роҳбари корхона: -Телефони мобилӣ одамонро дурӯғгӯ кардааст. Махсусан кормандони давлатиро. Агар рӯзҳои истироҳатӣ ба корманди он идораамон эҳтиёҷ пайдо шавад, онҳоро ба кор баровардан амрест муҳол. Ҳарчанд онҳо дар хонаанд, вале “Ман дар хона ё шаҳр нестам”, гӯён дурӯғ мегӯянд. Боре як коргарамонро дар бозори марказӣ дида, тавассути телефони мобилӣ ӯро ба шанбегӣ хабар кардам,. Ӯ чунин посух дод: “Рафиқ сардор, ман дар Душанбе ҳастам, чӣ кор кунам?”. 

Ба ӯ гуфтам: “Як ба қафоят бингар, ман ҳам дар Душанбе ҳастам”. -Ман шуморо дида будам, як шӯхӣ кардам, -гӯён ӯ худро сафед карданӣ шуда, боз дурӯғ гуфт... Рӯзигули Давлат, хонашин: -Ман оиладорам, шавҳарам марди ришкин аст. Телефони мобилӣ бошад, балои ҷонам шудааст. Шабу нимшаб шахсони ношинос тасодуфан занг мезананд ё СМС мефиристанду зери лату кӯби шавҳар мемонам. Аз ин рӯ, аз истифодаи он даст кашидам. Солимии оила бароям афзалтар аст.

Р.S. Хонандаи азиз! Агар ҳар яке меъёри истифодаи телефони мобилиро донад ва риоя кунад, он ягон зарар надорад. Вале агар аз ҳар чиз сӯистеъмол ва сӯиистифода шавад, ҳатман зиён меорад. Боқӣ, худатон хулоса бароред.

С. Аттор, “Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода