Ваҳдати миллӣ –раҳнамои халқ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 592
Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо фазои тантанаи ваҳдату ҳамдилӣ ва шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти миллӣ ҳукмфармост. Рӯҳияи идонаи мардум ба истиқболи 30-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ва 25-солагии баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ эҳсос мешавад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳама ҷо- дар назди хонаву корхона, маҳаллаву ноҳия, шаҳру вилоят аз иродаи халқ ба ояндаи нек, зиндагии шоистатар далолат мекунанд.
Ин ба шарофати маҳз сулҳи тоҷикон, ҳувияти миллӣ ва ваҳдате ба даст меояд, ки барои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешона аз ояндаи миллату Ватан иқдом карда буданд.
Имрӯз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, бо хатти заррин сабт ёфтааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон онро «Қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ» номида, ба cаволи журналист, ки чӣ гуна иҷлосия ба ваҳдату якдилии депутатҳои гуногунақида ноил шуд?” чунин посух дода буд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, бешак, иҷлосияи таърихӣ буд. Дар он қисмати миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд. Аксарияти депутатҳо ин нуктаро хуб дарк намуда, баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва пеши роҳи хунрезиро гирифтан кӯшиши зиёд ба харҷ доданд».
Ин Иҷлосияи таърихӣ сарнавиштсоз буд, ки мардумро ба ҳам овард, аз парокандагию нестии миллат боздошт. Дар сатҳи байналмилалӣ мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ барои тамоми манотиқи даргири дунё ба ҳукми дастури сабақомӯз пазируфта шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронию вохӯриҳояшон ба ҳифзи Истиқлолият, мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ таъкид менамоянд.
Аз нуқтаи назари Пешвои миллат мафҳумҳои Истиқлолият, Ваҳдат ва Сулҳ тавъаманд: «Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошад, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд».
Дар шароити муосир, ки Тоҷикистон барои кишвари агросаноатӣ шудан талош дорад, ҳамаи неруи меҳнативу зеҳнӣ ба рушди илм, истифодаи он дар истеҳсолот, ташкил намудани инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот нигаронида шудааст. Ифтитоҳи садҳо мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии томактабӣ, хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаву боғҳои фароғатӣ, корхонаҳои саноатӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардум барои ободии мамлакат, беҳтар кардани сатҳи зиндагии хеш саъй доранд. Ташкили садҳо ҷойҳои нави корӣ, хусусан, занон ба истеҳсолот ҷалб шуда истодаанд.
Татбиқи технологияи нави истеҳсолот, ҷалби сармоягузори хориҷӣ боиси рушди саноати ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ мегардад. Ҳар як хоҷагии деҳқонӣ, хонадон барои истифодаи самараноки замин, гирифтани ҳосили фаровон, барои таъмини амнияти ғизоӣ ҳисса мегузоранд. Дар вилояти Хатлон таҷрибаи пешқадами парвариши зироати кишоварзӣ, боғҳо, гармхонаву сардхонаҳо, содироти пахта ва меваву полезӣ ба даст омадааст. Шароити зиндагӣ дар деҳот беҳтар шудааст. Роҳҳои мумфарш, сохта ба истифода дода шудани мактаб, марказҳои саломатӣ, китобхона, варзишгоҳ, марказҳои савдо, корхонаҳои хурди саноатӣ симои деҳоти имрӯзаи тоҷикро тағйир додааст.
Табиист, ки барои ин корҳо сулҳу ваҳдати миллӣ лозим аст. Мардум шукрона аз ин фазои орому осуда ва ҳамдиливу дӯстӣ боз ҳам тифоқтар шуда, садоқатмандона меҳнат мекунанд. Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо бомаром пеш меравад. Ояндаи Ватанамон аз пояндагии Ваҳдат вобастагӣ дорад. Бошад, ки ин ваҳдат миллати моро ба амалӣ шудани ҳадафҳои рушди кишвар бирасонад.
Дилором МАҲКАМОВА , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...