Лӯлиҳо кӯдакони худро ба мактаб не, ба талбандагӣ ҷалб мекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 937
Қизларбас, духтари 12-солаи лӯлитабор, бо вуҷуди он, ки ба мактаб намеравад, орзуи табиб шуданро аз дил дур намекунад. Ба гуфтаи модараш, Қизларбас ягона фарзанд нест, ки дар оилаашон аз таҳсил дур мондааст. Муҳаррама бо ҷамъи фарзандонаш назди бозор ва дигар гӯшаву канори шаҳри Бохтар ба талбандагӣ машғул мебошанд. Қизларбас бо хоҳараш Сабрина таълиму тарбияи наврасиро дар кӯча мегиранд, ҳамарӯза дар фикри дарёфти маблағ мебошанд ва ояндаи худро низ дар чунин шакли пешбарии зиндагӣ мебинанд.
Ба монанди ҳаёти Қизларбас садҳо нафар кӯдакону наврасон ва занҳои лӯлитаборе ҳастанд, ки ҳаёти худро ба талбандагӣ бахшидаанд ва ин амалро ягона воситаи рӯзгузаронӣ медонанд. Асан, одати маъмули лӯлиён оворагардию садақаталбӣ мебошад, аммо дар баробари рушд кардани технологияи муосир усул ва тактикаи талбандагии онҳо низ пеш рафтааст. Ҳар рӯз бо усулҳои навтарин садақа металабанд ва даромади бештар ҳам ба даст меоранд. Хайрулло Саъдуллоев, як нафар донишҷӯ, дар суҳбати сарироҳӣ ба мо чунин гуфт: «Нисфирӯзӣ ҳангоми ба дарс рафтан роҳрави донишгоҳ пур аз лӯлӣ мегардад, ростӣ намедонам ба кадоме аз онҳо пул диҳам. Дирӯз бо ҳамкурсам ба донишгоҳ мерафтем, ду лӯлидухтари тақрибан 12-13-сола ба наздамон давида омада, аз пойи ҳамкурсам дошту дар замин нишаст.
Ҳамкурсам Азиза дар хиҷолат монд, маҷбур шудам, ки пули роҳкироямро бароварда, ба он лӯлидухтар диҳам, то ҳамкурсамро раҳо кунад. Ин кӯдакон чунон ҳушёранд, ки то ба онҳо пул надиҳӣ, раҳоят намекунанд. Дар ҳоле ки мо - донишҷӯён аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкилӣ дорем, чӣ тавр ба онҳо пул диҳем». Агар ба таърихи ин қабила назар андозем, онҳо панҷ аср пеш аз ин аз Ҳиндустон ба сарзамини мо кӯч бастаанд...
Лӯлиён аз субҳи содиқ бо фарзандони ноболиғашон барои талбандагӣ ба шаҳру ноҳияҳо мераванд. Мо аз лӯлиён сабаби ба мактаб нарафтани фарзандонашонро пурсон шудем, онҳо иброз медоранд, ки шароити ба таҳсил ҷалб кардани онҳоро надоранд. Қисме аз онҳо ба писаронашон иҷозаи таҳсилро дода, духтарро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардаанд. Онҳо ба ин назаранд, ки ба духтарон таҳсил кардан лозим нест, аз уҳдаи талбандагӣ бароянд, кифоя аст. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо мактаб барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо фаъолият мекунанд.
Амали лӯлиён на танҳо худи онҳо, балки кӯдаконашонро маҷбур кардааст, ки ба ҷойи таҳсил дар боғча ва мактаб рӯзашонро дар ба дар ба талбандагиву оворагардӣ пушти сар кунанд. Кӯдакони лӯлиҳо ба ҷойи ҷузвдони мактабӣ халтаи талбандагӣ ва ҷойи дафтару китоб, нони хушку пулу танга талбида, дар кӯчаҳо ва хона ба хонаи мардум мегарданд. Дар ин баробар бархе аз онҳо бо дигар усул садақа металабанд. Дар даст ҳар гуна навиштаҷот, ба монанди “Модарам бемор аст”, “Гап зада наметавонам”, “Кумак кунед” ва монанди инҳо, ки раҳми касро бедор мекунад, гирифта, бо ин роҳ пул кор мекунанд.
Саидҷаъфар Сафарзода, ҳуқуқшинос, роҷеъ ба рафтори чунин кӯдакон чораҳои қонуниро чунин шарҳ дод: “Лӯлиён дар қатори дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои фитрӣ бархӯдоранд. Лӯлиён ҳуҷҷати расмии ягонаи шахсият надоранд, бинобар ин онҳоро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ ҷавобгар намекунад. Онҳо дар ҷамъияти мо зиндагӣ мекунанд, вориди муносибатҳои ҷамъиятии мо ҳастанд, аз ин хотир онҳоро мебояд, ба фарҳанги мо арҷ гузоранд ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор накунанд. Дар кишвари мо барои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла лӯлиён зиндагии осоишта фароҳам оварда шудааст”.
Имрӯз лӯлиён амалҳое мекунанд, ки раҳми кас бедор мешавад, ё нафрати касро ба вуҷуд меоранд. Аз сокинон бо роҳи фиреб пул меситонанд. Дар айёми ширинии бачагӣ, ки замони аз бар кардани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар аст, онро бе манфиат барабас медиҳанд.
Раҳимов Сафаралӣ, равоншинос, дар бобати амали кӯдакони ноболиғи лӯлиён изҳор дошт, ки аз нуқтаи назари илми равоншиносӣ одатҳое ҳастанд, ки такрор ба такрор ба сифати характер табдил меёбанд. Чӣ одати мусбат башад ё одати манфӣ. Бо гузашти замон ин одатҳо мустаҳкамтар шудан мегиранд. Ва инро наметавон якбора аз байн бурд.
- Оила майдони парвоз барои кӯдак аст ва онҳо амале, ки падару модар ва дигар аъзои хонавода такрор мекунанд, бевосита ба торҳои асаби кӯдак таъсир мерасонад. Муҳит дар ташаккулёбии шахсият таъсири ҳалкунанда дорад, - афзуд С. Раҳимов.
Усмоналӣ Нурзода, сархатиби вилоят, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар робита ба талбандагӣ ва ҷалб кардани фарзандон ба ин амалро аз нигоҳи ислом чунин шарҳ дод: “Аз назари ислом фарзанд болои волидони худ якчанд ҳақро дорад, ки яке аз онҳо аз касби ҳалол хӯрондан, илм омӯхтан ва соҳибкасб кардани фарзанд мебошад. Волидоне ки фарзандони худро барои ба даст овардани маблағё фоида ба корҳои ҷисмонӣ маҷбур менамоянд, дар ҳоле ки қувваи ҷисмонии онҳо барои кор кардан ҳанӯз барвақт аст, шариат инро маҳкум карда, он фоидаи ба даст овардаро ба оилаи онҳо ҳаром гардонидааст. Дини мубини ислом дар ба камол расонидану соҳибилм гардонидани фарзандон волидайнро вазифадор кардааст, то барои фарзанд шароити мусоид фароҳам оварад”. Аз ин нуқтаи назар чунин бардошт мебояд кард, ки амали лӯлиён, ки фарзандонашонро аз илму дониш маҳрум ва ба кор ҷалб мекунанд, шояд гуноҳе беш нест.
Роҷеъ ба беназорат дар кӯчаҳои шаҳр оворагардии кӯдакони ноболиғи лӯлиён, ба таҳсил фаро гирифтани онҳо ва дур мондани онҳо аз таълиму тарбия, чораҷӯии қонунӣ нисбати онҳо мо санаи 19 апрели соли 2022 таҳти №17 ба Шуъбаи кор бо ноболиғони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон саволномаи хаттӣ пешниҳод намудем.
Баъди пешниҳоди мактуби ирсолшуда мо се маротиба ба шуъбаи мазкур муроҷиат намудем, аммо бо сабабҳои номаълум суолҳои мо беҷавоб монданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 13-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” мақомот ё ташкилот вазифадор аст, ки дар ҳадди ниҳоии 30 рӯзи корӣ ҷавоби дархостро пениҳод намоянд.
Дар робита бо ин, ҷомеаро мебояд, ки ҳама якҷоя бо мақомотҳои дахлдор ба ин амали лӯлиён нуқта гузорем, ҳарчанд расму одати лӯлиён ин гуна аст, вале амали онҳо ба мардуми мо таъсир гузоштааст. Дар кӯчаву хиёбонҳо кӯдакону наврасонеро дучор омадан мумкин аст, ки ба амали талабандагӣ даст зада, мехоҳанд пули муфт ба даст оранд. Бахусус, комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти маҳаллӣ, шуъбаҳои кор бо ноболиғон ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки сари ин масъала тадбирҳои ҷиддӣ андешида, аз ҳисоботсупориву назорати рӯякӣ ба амалан татбиқ намудани масъулият гузаранд.
Фарида Баротова , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...