“Дурахшандагон” Улуғбекро ба Россия бурд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 047
Дар хориҷи мамлакат таҳсил карданро Улуғбек Эрназаров аз кӯдакӣ орзу мекард. Маҳз ҳамин орзу ӯро водор намуд, ки дар ҳамаи дарсҳо фаъол бошад ва забонҳои хориҷиро низ аз худ кунад. Волидон ҳам барои аз дигарон як қадам пеш будани фарзандашон аз ҳамаи имкониятҳо истифода менамуданд. Билохира, соли 2019-ум пас аз хатми литсей Улуғбек бо супоридани имтиҳонҳо унвони бошарафи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии техникии Олтойро соҳиб гардид. Бо ӯ суҳбати онлайнӣ доштем.
ҚАДАМҲОИ АВВАЛ БАРОИ АМАЛИШ АВИИ ОРЗУҲО
Чун Улуғбек дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст, падару модар барои пешсафу фаъол ба воя расиданаш ҳанӯз қабл аз ба мактаб рафтан ӯро ба омӯзиш фаро гирифта буданд. Фаҳмиши фанҳои дақиқ ва ҳалли масъалаҳоро ӯ хубтар мефаҳмид. Аз ин лиҳоз, ӯро ба литсейи давлатии физикӣ - математикии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар барои гирифтани таълими ибтидоӣ супориданд. Дар ин ҷо фаҳмишу дониш ва дар дарсҳо доиман омода будани Улуғбек хуб ба мушоҳида мерасид. Волидон бо муаллим барои гирифтани дарсҳои иловагӣ, пас аз соатҳои дарсӣ мувофиқа карданд.
Дарсҳои иловагӣ низ дар самти рушди шахсии ӯ таъсири хуб расонида тавонист. Аллакай, зимни таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ ӯ дар маҳфилҳои гуногунии фанниву беруназсинфӣ фаъолона иштирок менамуд. Дар хона падару модар барои иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва омода шудан ба мавзуъҳои навбатӣ ба ӯ кумак мерасониданд. Ин ҳама таваҷҷуҳ ва таърифҳои пайдарпайи омӯзгорону волидон Улуғбекро ҳавасмандтар мекард.
Азбаски падари Улуғбек дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар кор мекард, барои пурзӯртар намудани назорати фарзандаш ӯро ба онҷо оварданд. Дар ин ҷо низ назорату корбарӣ бо Улуғбек ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуд ва боис гардид, ки аз ҷумлаи муваффақтарин хонандагони литсей шавад.
Дар озмуну олимпиадаҳои мактабӣ фаъолона ширкат намуда, ҳамеша дастболо мегардид. Тавассути стипендияи президентии “Дурахшандагон” ба Федератсияи Россия барои идомаи таҳсил рафт. Дар баробари ӯ даҳҳо нафар хатмкунандагони литсейи №1 низ ба давлатҳои хориҷа барои идомаи таҳсил рафтанд.
ТАҲСИЛ У ЗИНДАГӢ ДАР РОССИЯ
- Ҳангоме ки аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия омадем, моро намояндагони Сафоратхонаи Тоҷикистон қабул карда, ба донишгоҳ бурда, дар хобгоҳ ҷойгир карданд. Гуфтанд, ки дар донишгоҳ низ намояндагони Тоҷикистон ҳастанд ва вобаста ба кору таҳсиламон доим дар ҷараён хоҳанд буд.
Ҳамин тавр низ шуд, - қисса мекунад Улуғбек Эрназаров. Дар донишгоҳ низ аз рӯйи ихтисоси информатикаи корбурдӣ (прикладная информатика) ба омӯзиш машғул мебошам. Тибқи иттилои Улуғбек, дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногун амал мекунанд, ки барои рушди шахсияти донишҷӯ, аз рӯйи самтҳои омӯзиши фанҳо ба роҳ монда шудаанд. Ӯ аз ҷумлаи аъзои маҳфилҳо мебошад.
- Чанд рӯз қабл намояндагони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба донишгоҳ омада, аз вазъи зиндагиву таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ бохабар шуданд. Инчунин, дар бораи мушкилиҳоямон пурсон шуданд.
- Ният дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, дар шаҳри Бохтар аз рӯйи ихтисоси пешқадам фаъолият кунам. Дар ин ҷо шаклҳои нави корбарӣ ва маълумотҳои зиёдро аз худ карда истодаам. Идеяҳои гуногуну ҷолиб ба сар дорам, ки ҳатман онҳоро дар Ватан баҳри рушду пешрафти халқу мамлакат истифода хоҳам кард, - гуфт Улуғбек Эрназаров. - Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам. Зеро барои мо-ҷавонон чунин имкониятҳоро фароҳам оварданд. Бо таҳсили хубам стипендия низ мегирам. Яъне, ҳаматарафа бароямон шароит муҳайё аст.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...