Таъсири ҶБВ ба фаъолияти хоҷагии халқ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / 90-солагӣ / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 526
Дар таърихи ҷаҳонӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагӣ хисороти калон ба бор овард. Дар ин давра дар рушду пешравии иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон буҳрон сар зад.
Маориф
Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соҳаи маориф тағйироти куллӣ ба амал омад. Бинои мактабҳо ба муассисаҳои ҳарбӣ табдил дода шуд. Дарси мактаббачагон дар ду-се баст гузаронида мешуд. Аксарият мактабҳо аз сабаби нарасидани сӯзишворӣ гарм карда намешуданд. Хонандагон аз норасоии ашёи хониш танқисӣ мекашиданд. Дар солҳои 1942-1943 ягон китоби дарсӣ чоп нашуд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ 15,5 ҳазор мактаббача мактабро тарк гуфтанд ва 73 ҳазор хонандагони синни мактабӣ ба мактабхонӣ ҷалб нашуданд. Миқдори хонандагон нисбати солҳои пешин 40 ҳазор кам гардид.
Тадурустӣ
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тиб нисбат ба соҳаи маориф камтар ба нобарориҳо рӯ ба рӯ гардид. Ҳукумат кӯшиш мекард, ки ҳарчи бештар соҳаи тибро ривоҷ диҳад. Ҳарчанд технологияҳои муосири лозима, доруворӣ намерасиданд, мутахассисон кам гардида буданд, вале ба ҳар ҳол соҳаи тандурустӣ нисбати дигар соҳаҳо устувортар буд.
Адабиёт
Вазъи адабии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисбатан ташвишовар буда, дар ин солҳо бештар ашъори ватандӯстона,бедоркунандаи ҳисси меҳанпарастӣ, марсияҳо эҷод мешуданд. Аксарияти шоирон кӯшиш мекарданд, ки бо роҳи эҷодӣ мардумро ба ҳимояи давлату миллати хеш даъват намоянд. Дар ин раванд, нақши Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва даҳҳои дигар барои ба қалам додани ҳаводиси даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ назаррас аст.
Кишоварзӣ
Дар ин солҳо мардум бештар ба соҳаи кишоварзӣ рӯ оварданд. Дар деҳот кишту кор ривоҷ ёфт. Маҳсулоти асосии озуқаи мардум маҳсулоти кишоварзӣ буд. Дар ин солҳо кишти гандум ва картошка зиёд гардид. Аслан, картошка, ки “нони дуюм” ба ҳисоб мерафт, истеъмол мекарданд. Вале дар ин миён, норасоии тухмӣ барои кишт мушкилии асосӣ ба шумор мерафт...
Дар ҳақиқат, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар зиндагии мардум ва вазъи иҷтимоии халқ мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Норасоии маводи ғизоӣ, яке аз ин мушкилиҳо буд. Хисороти ҷонию таъсири манфии рӯҳӣ низ аз мушкилоти асосии давраи ҷанг ба ҳисоб мерафт.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...